Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми 13 сокини Норак барои боло кардани парчами ДОИШ


Додгоҳ ҳукми худ дар нисбати 13 сокини Норакро барои барафроштани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи ин шаҳр содир кард ва онҳоро мутаносибан аз 10 то 25 сол равонаи зиндон намуд.

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 17-уми феврал ҳукми худ дар нисбати 13 тан аз сокинони шаҳри Норакро, ки барои барафроштани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" муттаҳам мешуданд, эълон кард.

Бар пояи ин ҳукм, айбдоршудаҳо Диловар Давлатов, Ҷонмаҳмад Боев, Далер Тиллоев, Зафар Гулов, Муҳаммад Ҳусейнов, Тоҷиддин Хоҷамуродов, Ҷӯрабек Абдуллоев, Қурбон Маннонов, Давлатёр Саидов, Умар Ризоев, Идибек Чақалов, Давронбек Фозилов ва Ҷӯрабек Гулов мутаносибан 10 то 25 соли аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Сайфиддин Пирмуҳаммадзода, додраси парванда дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин гурӯҳи 13-нафара, ки бештарашон ҷавонон мебошанд, тариқи интернет ба ҳамсинфонашон, ки дар Русия кор мекардаанд, дар бораи парчамгузориҳо сӯҳбат доштаанд. Ҷаноби Пирмуҳаммадзода афзуд, ки қарор буд, ин афрод дар шаҳри Норак 40 парчами сиёҳи монанд ба парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро насб мекарданд, аммо танҳо чаҳор парчамро гузошта ва боздошт шудаанд.

Сайфиддин Пирмуҳаммадзода
Сайфиддин Пирмуҳаммадзода

Ба гуфтаи вай, "парчамҳоро дар пули Чашма, назди Қасри фарҳанг, терминали мусофиркашонӣ ва дар назди Идораи коммуналӣ ва манзил гузоштаанд. Аз бозор матоъ харида, онҳоро ранг карданд ва дар ҷойҳои серодам насб карданд. Давлатёр Саидов, ки ташкилкунандаи ин гурӯҳ мебошад, дар матоъҳо бо арабӣ "Аллоҳу акбар" ва "Аллоҳ" навиштааст."

Ҳукми 13 сокини Норак барои насби парчамҳои "Давлати исломӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Ғулом Бобоев, вакили дифои чаҳор тан аз ин маҳкумшудагон рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати онҳо мунсифона аст ва худи ӯ эътирозе надорад. Вай афзуд, ки зерҳимояҳояш метавонанд то қувваи қонунӣ гирифтани ин ҳукм, ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят баранд.

Ин дар ҳолест, ки хонаводаҳои маҳкумшудагони ҳукми додгоҳ дар мавриди наздикони худро ғайримунсифона медонанд. Зеро ба бовари онҳо, наздикони онҳо ноогоҳона даст ба ин амал задаанд ва додгоҳ бояд ҳини содир кардани ҳукм, инро ба назар мегирифт.

Парвандаи 13 сокини Норак, ки моҳи августи соли гузашта ба иттиҳоми овехтани парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар даромадгоҳи ин шаҳр боздошт шудаанд, дар авохири моҳи январ барои баррасӣ ба додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шуда буд. Инҳо аксаран мардҳои оиладор буда, ҷавонтаринашон 21 сол ва бузургтаринашон 74 сол дорад.

Ба гуфтаи манобеи додгоҳӣ, парвандаи ин гурӯҳи 13-нафарӣ дар муассисаи низомаш шадиди Қӯрғонтеппа баррасӣ шудааст. Алайҳи ин 13 нафар бар асоси банди 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва ду зербанди он – даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, даъват ба фаъолиятҳои тундгароёна ва моддаи 187 – таъсиси иттиҳодияҳои ҷиноӣ – парванда боз шуда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта аз боздошти 13 сокини шаҳри Норак ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" хабар дода буд. Ин ниҳоди қудратии Тоҷикистон бо пахши навори бозпурсии ибтидоии ин афрод гуфт, ки баъзеи онҳо узви ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ буда, яке аз онҳо раҳбарии бахши ин ҳизб дар Норакро бар дӯш доштааст.

Ба иттилои ВКД, ин сенздаҳ сокини Норак тавассути Интернет бо Юнус ном шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия ошно шуда, барои баёни садоқаташон ба ӯ ва ҳамроҳонаш дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" парчами сиёҳро дар даромадгоҳи Норак боло кардаанд.

Давлиё Саидов, яке аз боздоштшудаҳо дар навори нашркардаи вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ӯ бо роҳнамоии Юнус аз Душанбе матои сиёҳу ранги сафед харидорӣ карда буд. "Юнус таъкид кард, ки вақте парчамро овезон кардем, ҳатман акс гирифта, ба ӯ фиристем," -- афзудааст вай.

Давлиё Саидов гуфтааст, ҳоло аз асли қазия бохабар шуда, аз хатои кардааш пушаймон аст. Вале гуфтааст, "дар оғоз аслан чизеро пай намебурдам ва ҳоло фикр мекунам, гӯё моро гипноз карда буданд".

Ин гурӯҳи 13-нафарӣ нахустин афроде нестанд, ки ба ҷурми боло кардани парчами "Давлати исломӣ" боздошт шуда, дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон 7 сокини ноҳияи Шаҳритусро, ки тобистони соли 2015 парчами сиёҳро ба болои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркзаи ин ноҳия насб карда буданд, аз 7 то 27 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди 1000 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Пулиси Хатлон теъдоди умумии сокинони вилоятро, ки дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд, 282 нафар мегӯяд, ки ба иттилои онҳо 39 нафарашон зан будаанд.

XS
SM
MD
LG