Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

У. Ғайратов: Пули табобати Шаҳболро набояд фақат ман бидиҳам


Усмоналӣ Ғайратов, муттаҳами асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 11 июн дар додгоҳ гуфт, набояд товони зарари Шаҳболро танҳо ба гардани ӯ бияндозанд.

Шарафҷон Нарзуллоев, додраси додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 11 июн аз Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва муттаҳами асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба ҳамхидматаш Шаҳбол Мирзоев, пурсид, ки 5 572 сомонӣ товони зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии Шаҳболро пардохт хоҳад кард ё на? Аммо вакили дифои Ғайратов дар посух гуфт, «дар маҷрӯҳ шудани Шаҳбол Мирзоев танҳо Усмоналӣ гунаҳкор набуда, дар баробари ӯ бояд Гулрафтор Ширинова муттаҳами дигар ва чанд нафари дигар низ ҷарима шаванд. Набояд Усмоналӣ дар танҳоӣ ин ҷаримаро пардохт кунад

Ғайратов низ зимни суханронии худ дар мурофиа гуфт, ки худро тибқи моддаи 373, қисми 2, яъне вайрон кардани оинномаи ҳарбӣ, гунаҳкор медонад. Вале ӯ иттиҳоми дувумро, ки ба маҷрӯҳ ёрии тиббӣ нарасонидааст, напазируфт ва бино бар ин, мегӯяд, ба ҷарима розӣ нест. Ба гуфтаи ин сарбоз, вай ҳангоми сар задани ҳодиса ба Шаҳбол кӯмаки аввалияро расонидааст. Вай ба ин пурсиш, ки чаро ба шоҳидони ҳодиса дастур додааст, ки бигӯянд, Шаҳбол нос кашида, худаш аз болои кат афтидааст, гуфт, "нахостааст, то анҷоми мӯҳлати хизматаш номаш доғдор бошад."

"Мо гуштӣ гирифта будем..."
Усмоналӣ Ғайратов ҳамчунин гуфт, рӯзи 6-уми март, ки сарбозон дар қисми низомӣ гуштӣ мегирифтанд ва Шаҳбол ӯро ба қувваозмоӣ даъват кардааст: «Шаҳбол пештар бо Фаррухи Сафаралӣ гуштӣ гирифта истода буд. Баъди вай бо ман баромад. Шаҳбол давида аз пойҳоям қапид, ки ман худамро хам карда, Шаҳболро бардошта ба пуштам партофтам. Дидам, ки Шаҳбол нахест. Гуфтам, «хез», гуфт, наметавонам. Фикр кардам, шӯхӣ мекунад. Ба поям оҳиста ба пояш зада, гуфтам, хез! Гуфт, наметавонам. Дидем, овозаш паст баромад. Фикр кардем, аз ҳуш рафта бошад, як сарбози дигар зуд об оварда, ба рӯяш пошид, ки ба худ омада, гуфт, «созам, фақат ҷунбида наметавонам». Лекин мо то субҳи 7-уми март ҳар чизе аз дастамон меомад, барои расондани ёрии аввалия анҷом додем.»

Аммо дар ин байн зикр нагашт, ки Шаҳбол барои табобати дарди дандонаш ба бунгоҳи тиббии қисми ҳарбӣ омада буд. Яке аз мавзӯъҳое, ки дар додгоҳ баҳс мешуд, ба шароити расондани Шаҳбол ба бемористон бастагӣ дошт.

Музаффар Наҷмиддинов, пизишки Қарияи Боло, ки табобати Шаҳболро дар ин бемористон ба ӯҳда дошт, гуфт: "Вақте Шаҳболро ба бемористон оварданд, аз миён поёнаш кор намекард. Ман дақиқан намедонам, кӯмаки аввалияи тиббӣ ба Шаҳбол ба ҳангоми вуқӯи ҳодиса расонида шудааст ё не? Аммо ҳаминро медонам ,ки вазъаш ҳангоми овардан ба бемористони Қарияи Боло хело вазнин буд. Шаҳболро ҳатто агар сарвақт ҳам ба бемористон меоварданд, ҳолаташ вазнин буд."

Ду рӯз мошин кофтанд?

Қазияи ба беморхона дер овардани Шаҳбол Мирзоев дар ҳоле садо дод, ки ба қавли кормандони қисми низомии 2620, онҳо натавонистаанд сари вақт мошин пайдо кунанд.

Баргигул Солеҳова, корманди нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 26 20 дар толори додгоҳ гуфт, субҳи 7-уми март Усмоналӣ Ғайратов ба наздаш омада гуфтааст ,ки Шаҳбол Мирзоев бемор аст ва рафта онро бинад. Ин хонум мегӯяд, ҳангоме ба Ғайратов гуфтаст, сарбоз худаш ба наздам биёяд, Ғайратов посух дода, ки ӯ омада наметавонад, чун ҳолаш вазнин аст: «Вақте дақиқ кардам, ки дасту пойҳои Шаҳбол кор намекунад, чизеро ҳис намекунад, зуд ба масъулон хабар додам. Ин тарафу он тараф давидам, мошин наёфтем, ки Шаҳболро ба зудӣ ба госпитал барем. Мошин,ки набуд, то омадани командири қисми низомӣ интизор шудем. Вақте командир омад, бо мошини худаш Шаҳболро ба бемористон бурдем.»

Ин хонум ҳамчунин гуфт, субҳи 7-уми март Шаҳбол Мирзоев ба суоле он ки "чӣ шуд?"- гуфтааст, ки "аз кати хоб ба замин афтид." Корманди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, кати хоб ҳудудан якуним метр аз замин баланд буд ва наметавонист сабаби чунин маъюбӣ шавад.

Шаҳбол дар рӯзи бозгашташ аз Маскав
Шаҳбол дар рӯзи бозгашташ аз Маскав
Муҳокимаи парвандаи марбут ба маҷрӯҳ шудани Шаҳбол Мирзоев рӯзи 16 июн дар додгоҳи низомии шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт. Қарор аст, дар мурофиаи навбатӣ айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи марбут ба маҷрӯҳ шудани Шаҳбол Мирзоев ва вакилони дифоъ суханронӣ ва тақозои худ аз додгоҳро ироа кунанд.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, дар моҳи март, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз сӯи як ҳамхидматаш маъюб шуд. Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар Красногорски Русия ҷарроҳӣ кард. Шаҳбол 19 май аз Русия баргашт, вале то ҳол дар бемористони вилоятии Суғд табибон шушҳои ӯро табобат мекунанд.

Мурофиаи имрӯза сеюмин рӯзи муҳокимаи парвандаи Шаҳбол Мирзоев дар додгоҳи гарнизони Душанбест. Ин мурофиа 2 июн оғоз ёфта, ҷаласаи дувумаш 9 июн дори шуда буд. Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар ин мурофеа пайвандони Шаҳбол Мирзоев ширкат надоранд. Шаҳбол ҳоло дар бемористони муроқибатҳои вежа аст ва дар баробари миёни шикаста бо илтиҳоби шуш низ сар ба сар аст. Дар мурофиаи қаблӣ аз Шаҳбол Мирзоев, вакили ӯ ва амакбачааш намояндагӣ карданд.
XS
SM
MD
LG