Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи даво ва сипари зидди ҷалби ҷавонон ба Сурия ва Ироқ


Ҷорӣ кардани дарси “Таърихи ислом” дар мактабҳо ва таъсиси зиндони ҷудогонаи тундгароёни мазҳабӣ аз пешниҳодҳое буданд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон пас аз як пажӯҳиш ба миён гузошт.

Ҳадафи ин пажӯҳиш, ки миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар 14 ноҳияи Тоҷикистон зиёда аз ним сол идома кардааст, омӯхтани сабабҳои тундгаро шудани ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ ҷалб шудани онҳо ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ номида мешавад.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Худойбердӣ Холиқназар, ки натиҷаҳои пажӯҳишро барои хабарнигорон ва намояндагони ҷомеаи маданӣ шарҳ медод, гуфт, нирӯҳои муайян бо сӯистифода аз ноогоҳии динӣ, фақру бекорӣ ва фасод дар ҷомеа ҷавонони тоҷикро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мекунанд.

Сӯистифода аз фақр

Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар, “фақр ҳанӯз дар ҳудуди 32, 8 дар сад дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки баъзе гурӯҳҳо аз он сӯистифода мекунанд. Яъне, сӯистифода аз мушкилоти муваққатии ҷомеаи мо дар дасти дигарон ҳаст”.

Вай афзуд, аксари тоҷиконе, ки барои ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд, аз 18 то 35-сола будаанд. "Яке аз сабабҳои ҷалби онҳо ба ин ҷангҳо заъфи идеологияи онҳост. Чун андеша надоранд, ҷалбашон осонтар аст,"-- илова кард раиси МТС. Вай барои ҷилавгирӣ аз тундгаро шудани ҷавонон пешниҳод кард, фанни таърихи Ислом дар мактабҳо ҷорӣ шавад, то ба гуфтаи ӯ ҷавонон ҳақиқатро дарк кунанд. “Ман фикр мекунам ки ин пешниҳод мавриди омӯзиш қарор гирад”,-- афзуд ӯ.

Ҷустуҷӯи даво ва сипари зидди ҷалби ҷавонон ба Сурия ва Ироқ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00

Ба гуфтаи ӯ дар сурати ҷорӣ кардани таълимоти исломӣ дар макотиби Тоҷикистон ҷавонон аз асли дин огаҳ шуда, пайвастанаш ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ хеле кам хоҳад шуд.

Бозгардонии донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои исломиро Холиқназарзода як амри оқилонаи ҳукумат дониста мегӯяд, “ин донишҷӯён аксаран ҳамчун эмиссар ба ватан бояд баргашта, ҳадафашон ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ иборат буд.”

Зиндони алоҳида барои маҳбусони ифротӣ?

Ҳоло ба гуфтаи ӯ, вақте ҳукумат садди таҳсил ҷавонон дар мадориси исломии хориҷӣ шуд, эмиссарҳои мазҳабӣ аз кишварҳои дигар бо ҳар роҳ вориди Тоҷикистон шуда, миёни сокинон таблиғоти ифротгароёнаи худро идома доданд. Ҳатто ин эмиссарҳо махсус ҷиноят содир намуда, худро ба зиндон меафканданд, то тарғиботи худро дар зиндон ба роҳ монанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ҷаноби Холиқназар зарур аст, то афроде, ки бо ҷиноёти террористиву экстремистӣ зиндонӣ мешаванд, дар муассисаҳои алоҳида нигаҳдорӣ шаванд.

Изатулло Шарифов
Изатулло Шарифов

Аммо Изатулло Шарифов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар алоҳидагӣ нигаҳдории маҳбусони ифротӣ дар қонунҳои Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст ва барои амалӣ шудан он бояд дар қонунгузорӣ тағийр ворид шавад. Аммо Шарифов мегӯяд, афроде, ки бо ҷиноёти марбут ба ифротгароӣ зиндонианд, дар қатори дигар маҳбусон нигаҳдорӣ ва роҳи дуруст ба онҳо омӯзонида мешавад.

“Ҳадаф ислоҳи онҳо ҳаст ва мо талош мекунем, то анҷоми давраи ҷазо ин афрод ислоҳ шаванд ва дубора ба роҳи бад нараванд,”- гуфт ҷаноби Шарифов.

Мафияе, ки дар Русия тоҷиконро ба Сурия мебарад

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бӯҳрони Русия боис шуд, то даҳҳо ҷавони Русия аз бекорӣ ба Сурия ва Ироқ бираванд: “Аз муҳоҷирони меҳнатии мо дар замони шадид шудани бӯҳрони иқтисодӣ, ки бисёре аз онҳо корро аз даст доданд, аз тарафи эмиссарҳо фирефта шудаанд.

Мафияе дар Русия амал мекунад, ки аслан қафқозиҳо ҳастанд ва ҷавононро бо роҳи идеологӣ ва ё пайдо кардани кори хуб дар Туркия фиреб намуда, то Сурия мебаранд. Тамоми харҷи роҳро худашон мефиристанд ва ҳангоми аз марзи Туркия гузаштан шиносномаҳояшонро мегиранд. Дигар он ҷавонҳо ҳеҷ коре карда наметавонанд, ҳарчанд, аксрашон хеле пушаймон шуда бошанд ҳам.”

“Бибихотунҳо” дар Суғд ва хатари истифода аз онҳо

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки дар шимоли кишвар ба таври суннатӣ миёни занҳо “Бибихотун”-ҳо амал мекунанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ талоши истифода аз онҳоро доранд. Холиқназарзода мегӯяд, натиҷаи пажӯҳиш маълум кард, ки агар як “Бибихотун” ба сафи ифротиҳо шомил шавад, садҳо занро метавонад, ба худ ҷалб кунад, зеро дар шимоли Тоҷикистон ба онҳо занони маҳаллӣ эътимоди зиёд доранд.

Муфтӣ: Исломро абарқудратҳо ба силоҳ табдил додаанд

Саидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, ҳоло абарқудратҳо исломро ба ҳайси як силоҳ ва барои бароварда сохтани аҳдофи худ истифода мекунанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Дар ҳоле, ки Абдулқодирзода аз ҳеҷ кишваре ном набурд, гуфт: “Ҷангҳо муди нав гирифтаанд. Ҳоло абарқудратҳо дигар ба сари давлате лашкар намекашанд, балки дар дохили ҳамон давлат ду гурӯҳи ба ҳам мухолифро омода месозанд ва бо дасти инҳо ҳадафи худро пиёда месозанд. Пайдоиши гурӯҳҳои мазҳабии бо ҳам ақидаҳои мухолиф дошта аллакай омодагӣ ба ин навъи ҷанг аст. Дигар бо ҷанг андохтани мусалмон бо дасти мусалмон ҳадафҳои худро амалӣ мекунанд .”

Пажӯҳиш ва пешниҳоди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамарӯза аз кушта шудани ҷавонони тоҷик дар Сурия ва Ироқ хабар мерасад. То кунун бар асоси омори расмӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ беш аз 300 нафар ширкат дошта, зиёда аз 50 тани онҳо кушта шудаанд.

Масъулони маркази тадқиқотӣ стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯянд, таҳқиқ нишон дод, ки аксари сокинони Тоҷикистон ба кушторҳои бераҳмонаи гурӯҳи бо ном “Давлати исломӣ” бо нафрат нигоҳ мекунанд ва ҳоло эҳтимоли ҷалби ҷавонон ба сафи ин гурӯҳҳо то андозае коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG