Пайвандҳои дастрасӣ

Мижгона, зани ҷавоне, ки таҷрибаи беш аз 10 солаи корӣ дар як ниҳоди давлатиро дорад, мегӯяд пас аз як пешниҳоди маҳрамона ва муносибати нофорами яке аз раҳбаронаш ба ӯ, маҷбур шудааст рафтори худро ба ҳамкорони мард тағйир диҳад.

Вай мегӯяд, одат дошт, ҳамеша бо ҳамкорон бо табассум сӯҳбат кунад ва маҳз ин хушмуомилагии ӯро бархе аз ҳамкорон чун сабукфикрӣ ё шонси хубе барои истифодаи муносибатҳои маҳрамона қабул кардаанд. Мижгона мегӯяд, агар ӯ ҳам аз ҳуқуқи худ бехабар мебуду рафторашро тағйир намедод, ҳатман ба истисмори ҷинсӣ гирифтор мешуд:

“Бо табассум сухан рондани маро сабуфикрӣ пиндошта, чунин хулоса кардаанд, ки имкон доранд бо ман муносибати дигаргуна дошта бошанд. Ва ман баъд аз шунидани пешниҳоду гапҳои ноҷо нисбатам маҷбур шудам табассумро аз чеҳраам дур кунам. Ё дар масъалаи либос ҳам ҳамин хел, вақте либоси зебову мувофиқи табъи дилат мепӯшӣ, баъзан инро ҳам ба дигар маънӣ фаҳмидаву нодуруст қабул мекунанд туро.”

Ба гуфтаи Мижгона, ғолибан дар коргоҳҳо раҳбарият ба зан на ҳамчун як коргар, балки ҳамчун як василаи таъминкунандаи талаботи шаҳвонии худ менигаранд ва дар чунин ҳолат агар кормандони зан эҳсоси тарс ва беҳуқуқӣ нишон диҳад, ҳатман мавриди табъизӣ ҷинсӣ қарор мегирад. Зимнан, истисмор ё озори ҷинсӣ дар ҷойҳои корӣ яке аз 5 тавсиаи аслии Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид ба давлати Тоҷикистон будааст, ки аз сӯйи ин кишвар қисман иҷро шудааст ва махсус дар ин робита дар қонунгузорӣ чизи вижае ворид нашудааст.

Ин ниҳоди ҳуқуқӣ бештар аз 40 тавсиаи Созмони Миллали Муттаҳид 11 банди муҳими онро таҳлил кардаву муайян кардааст, ки танҳо 5 тавсиаи ин созмон ва он ҳам қисман аз ҷониби давлати Тоҷикистон иҷро шудааст ва 6 тавсиаи дигар аслан ба инобат гирифта нашудааст. Мадина Усмонова, муаллифи гузориши мазкур ва раҳбари маркази иттилоотӣ – таҳлилии дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин таҳқиқот бо ҳадафи таҳлили вазъи иҷроиши тавсиаҳои Созмони Милал ва омодагӣ ба ҳисоботи навбатии Тоҷикистон дар ин кумитаи СММ анҷом шудааст.

Хонум Усмонова гуфт: “Яке аз ин тавсеаҳо дар робита ба истисмори ҷинсӣ дар Тоҷикистон буд, ки кумитаи Созмони Миллал пешниҳод карда буд, ин амал ҳамчун ҷазойи ҷиноӣ ва дар доираи қонунгузории вижае баррасӣ шавад. Дар кодекси ҷиноии мо ҳаст банде, ки тибқи он барои таҳдиду водор кардан ба муносибати маҳрамона, ҷазо пешбинӣ шудааст. Аммо махсус барои истисмори ҷинсӣ дар коргоҳ дар қонунгузории мо чизе гуфта нашудааст ва дар кодекси меҳнат ҳам дар ин бора чизе нест. Тавсеаи дигар марбут ба хушунати хонаводагӣ ҳаст, ки Тоҷикистон қонун қабул кард, аммо тибқи он ба чунин ҷиноятҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст на ҷиноӣ. Ҳамчунин тавсеаҳо дар робита ба масоили куч додани иҷборӣ, таъмини мардум бо оби ошомидании марказонидашуда ва дастрасии маъюбон ба таҳсили баробар ҳам қисман иҷро шудааст.» Маҳмадалӣ Ватанов.

Маҳмадалӣ Ватанов.



Ин ҳам дар ҳолест, ки Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумони Тоҷикистон дар робита ба яке аз ин бандҳо, истисмори ҷинсӣ дар коргоҳ гуфт, Тоҷикистон барои ҳимояи озодии ҷинсии инсон тамоми шароитро фароҳам овардааст ва ҳамагуна дастдарозӣ тибқи қонун ҷазойи ҷиноӣ пешбинӣ шуда, зарурат ба тағйирот вуҷуд надорад.

«Ин яке аз панҷ ҷинояти вазнинтарин дар кодекси ҷиноии кишвар аст. Дар кодекси ҷиноятӣ, дар модаи марбут ба ҷинояти таҷовуз ба номус, истифодаи вазифаи хизматӣ, ҳамчун як омили содир кардани ҷиноят, чун як ҳолат вазнинкунандаи ҷавобгарӣ муқаррар шудааст. Ва ба ҳар гуна ҳаракатҳои ба ин монанд нисбати коргар ҳам тибқи ҳамин мода ҷазо пешбинӣ мешавад. Албатта шояд тарзи навишт дар қонунгузории мо аз баъзе санадҳои байналмиалллӣ каме фарқ кунад, аммо мо бояд ба инобат гирем, ки санадҳои байналмиалллӣ ба таври умумӣ навившта мешаванд, аммо дар қонунгузорӣ ба таври дигар ва дар баъзе мавридҳо ҳамин нодуруст фаҳмидам мешавад, ки гӯйё дар қонунгузорӣ ҷой надорад ё риоя намешавад.»

Бино ба иттилои созмонҳои кор бо занон ва худи занон, ҳодисаҳои дастдарозии раҳбарону кормандон алайҳи онҳо дар коргоҳҳо кам нестанд, аммо аксаран ингуна қазияҳо, ки муносибати дағалона ва табъизи ҷисмонӣ дар коргоҳ дониста мешаванд, то ба додгоҳҳо намерасанд ва агар расанд ҳам, аксаран ба манфиати занон анҷом намешаванд. Ҳабиба Мансурова, як зани коргари тоҷик мегӯяд: «Дар ҳақиқат кам нестанд ҳолатҳое, ки барои кор даромадан ё дар кор мондан дар бархе аз корхонаҳо занону духтарон пешниҳоди ҳамхобагӣ мешунаванд, ё ба онҳо мегӯянд маошат боло намеравад то ин пешниҳоди маро қабул накунӣ. Агар ҳақиқат ҷорӣ шавад, албатта муроҷиатҳо ҳам зиёду ин мушкил ҳам аз байн хоҳад рафт».
Зарина Кенҷаева.

Зарина Кенҷаева.

Зарина Кенҷаева, равоншиноси Маркази боварии Кумитаи кор бо занон аз як чунин ҳодисае мисол меорад, ки дар ноҳияи Ваҳдат рух дода буд ва корманди ҷавони яке аз корхонаҳо баъди таҷовуз шудан аз сӯйи як ҳамкораш ба ин марказ муроҷиат кардаву кӯмак пурсидааст, аммо аз тарси он ки зери фишору таҳдид қарор мегирад, нахостааст, ин корро то ба толори додгоҳ бикашонад ва аз идомаи баҳс даст кашидааст: «Он писарро кадом наздикаш коргари калон будаст ва тарсидаву ҳаросида омад гуфт, ба ягон ҳодиса бародару хонаводаамонро гирифтор накунад. Чун ҳар кор аз дасташ меояд. Муроҷиат кам аст,аммо дар баъзе ҳолатҳо ин бо розигии дутарафа сурат мегирад.»

Аммо ба ақидаи ҳуқуқшиноси маъруф ва раиси созмони иҷтимоии «Переспектива плюс» - Ойниҳол Бобоназарова, феълан мушкили аслӣ дар қонунгузорӣ набуда, балки дар мафкура ва тарзи андешаронии мардум аст, ки аз ҳароси шармандашавӣ ва тарси хонаводаву атрофиён, мушкили худро пинҳон медоранду ҷое лаб намекушоянд. Хонум Бобоназарова мегӯяд, заноне бо чунин намуди шикоят, то ба долонҳои созмонҳои иҷтимоӣ меоянду дарди дил мекунанд, ҳатто шикояташонро менависанду бо ҳамин дигар пайи талошашон намешаванд:

«Воқеаҳо бисёр аст, аммо азбаски ҷомеа дар ин масъала назари дигар дорад ва баръакс хонумро айбдор мекунанд, муроҷиатҳо кам аст. Як зан соле пеш бо ин мушкил муроҷиат карда буд, то ба додгоҳ рафт ин баҳс, аммо дастгирӣ наёфт, чун натавонист хуб исбот кунанд. Роҳбарони корхонаҳо ба ин амал даст мезанад ва бинобар ин дар баъзе маврид суд ин чизро ба назар намегирад. Ҳатто буд духтаре, ки гуфт ман даъвао намекунад фақат кӯмак кунед аз Тоҷикистон баромада равам. Метарсид.» Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Аммо ба таъкиди ҳуқуқдонҳо, дар бархе аз мавориди занон ба ин гуна муносибатҳои маҳрамона дар коргоҳ ба хотири аз даст надодани ҷойи кору нони даҳон, зиддият нишон намедиҳанд ва раҳбарони идораҳо низ аз ин заъфу бечорагии онҳо сӯистифода мекунанд. Аммо боз назарҳое ҳам ҳаст, ки занон худ ба ин сабабгор шуда барои дарёфти мавқеи беҳтару маоши хубтар дар кор аз роҳҳои дигари истифода мебаранд.

Вале хонум Бобонарова меафзояд, ҳоло бояд бештар дар робита ба ин мавзӯъ дар расонаҳо гуфта шавад ва ҳукумат ҳам ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир кунад, то чашми мансабдорон битарсад.

Зимнан, бо вуҷуди он ки омори дақиқе дар мавриди истисмори ҷинсӣ дар даст нест, аммо дар чанд соли ахир чанд маворид ва даъвои чунин муносибатҳои маҳрамонаи раҳбарияти коргоҳ нисбати кормандони зан ба мушоҳида расидааст. Аз ҷумла, се соли пеш, яке аз котибаҳо алайҳи раҳбари коргоҳаш дар нисбати дастдарозӣ ба номусаш ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG