Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театри 80-солаи Хоруғ. На рӯшноӣ, на саҳнаи гардон (ВИДЕО)


Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров дар ҳоле аз 80-солагии худ таҷлил мекунад, ки ба ҷуз аз як саҳна қариб чизе надорад. Ҳамин саҳна ҳам барои гузоштани намоишномаҳои калонҳаҷм ва касбӣ мувофиқ набудааст.

Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров дар ҳоле аз 80-солагии худ таҷлил мекунад, ки ба ҷуз аз як саҳна қариб чизе надорад. Ҳамин саҳна ҳам барои гузоштани намоишномаҳои калонҳаҷм ва касбӣ мувофиқ нест. Саҳна давр намезанд ва равшании кофӣ надорад.

Ҷобир Хубоншоев, муовини раҳбари театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ мегӯяд, "дар ҳоле ки ҳунарманд дар саҳна зиндагӣ ва ҳаракат мекунад, бояд саҳна чароғон бошад. Бо вуҷуди он ки театр ба тозагӣ таъмир дидааст, вале ду метр дуртар равшанӣ дода наметавонад."

Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ барои 400 тамошобин пешбинӣ шудааст. Ин театр намоишҳои ҷиддиву мазҳакавиро ба саҳна мегузорад, аммо ба гуфтаи раҳбарияти театр, тамошобинон бештар ба намоишномаҳои мазҳакавӣ бартарӣ медиҳанд.

Нархи билети намоишномаҳо аз 2 то 5 сомониро ташкил мекунад, ки нисбат ба театрҳои минтақаҳои дигар арзонтар будааст. "Ҳоло дар ягон театр нархи билет 2 сомониро ташкил намекунад. Аммо мо агар нархро боло барем, мардум намехаранд, чун шояд шароиташон иҷозат намедиҳад. Як ҳунармандро пурсидаанд, ки кадом нақшро мехоҳӣ бозӣ кунӣ? Гуфтааст нақши нобиноро, чун мехоҳам толори холиро набинам. Мо ҳам гоҳе мешавад мухлисонро ба зӯрӣ меорем, билетҳоро ҳатто ба идораҳо мебарем," - мегӯяд Ҷобир Хубоншоев.

Театри Хоруғ дар остонаи ҷашни 80-солагӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Ҳайати эҷодии театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ солона то ду намоишномаро рӯи саҳна меоранд, ки яке аз онҳо ҳатман барои кӯдакон таҳия мешавад.

Ҷобир Хубоншоев бинобар мушкилоти молӣ тарк намудани ҷойи кор ва бе ҳунарпеша мондани театрро яке аз мушкилоти дигар дар роҳи омода намудани намоишномаҳо арзёбӣ мекунад. Аз даҳ нафаре, ки ахиран шӯъбаи актёрии Донишгоҳи санъати кишварро хатм кардаанд ва барои кор ба ин театр фиристода шудаанд, ҳеҷ яке аз онҳо ҳозир нашуд, ки фаъолияти кории худро дар ин муассисаи фарҳангӣ шуруъ кунад.

Набудани хобгоҳ боис шуд, ки ҳунармандони ҷавон кор дар Русияву Душанбе ва музофотро интихоб кунанд. "Аммо ин чанд ҷавони ҳунарманде ҳам, ки дорем, дар тамоми намоишномаҳо ва чорабиниҳои сатҳи ҳукуматӣ ширкат мекунанд. Ҳунарманде ҳаст, ки ҳам менавозад, ҳам дар намоишнома дар “массовка” бозӣ мекунад. Аз ин хотир кори ҳунармандони мо назар ба дигар театрҳо бештар аст," - гуфт Ҷобир Хубоншоев.

Аммо бо ин ҳам муовини раҳбари театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ фаъолияти ин муассиаро хуб арзёбӣ мекунад. Намоишномаҳои "Ишқи парӣ", "Даври Орифӣ", "Калила ва Димна" ва "Шоҳ Носири Хусрав" аз зумраи асарҳое ном бурда мешавад, ки тавонист мухлисони худро ҳам дар ҳудуди вилоят ва берун аз кишвар пайдо кунад. Соли ҷорӣ намошномаи "Сиёҳпӯш"-и ин театр ҳам дар таҳияи саркоргардон Умед Хусравов дар ҷашнвора-озумни театрҳои касбӣ Парасту соҳиби шоҳҷоиза гардид.

Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ соли 1936 ба кор шурӯъ карда, дар даврони Шӯравии собиқ яке аз театрҳои пешгом ба ҳисоб мерафт. Дар он замон ҳунармандони театрро аксаран хатмкунандаҳои донишгоҳҳои санъати Маскаву Тошканд мисли Меҳрубон Назаров, Заррагул Искандарова, Бовар Хусравов ва дигарон ташкил мекарданд. Аммо ду даҳсолаи охир адами дастгирии кофии моддӣ ва шароити мусоиди корӣ ҳайати театрро дилсард ва пароканда кард.

Ҳатто дар чанд соли пештар ҳунармадони театр аз саҳна маҳрум буда, барномаҳоро дар як таҳхонаи танги театр омода менамуданд.

Ҳайти имрӯзаи театр ҳам, ки аз 56 нафар иборат аст, бо умеди бунёди бинои нав дар шаҳри Хоруғ, ки лоиҳааш алакай омодааст, саҳнаи онро тарк намекунанд.

XS
SM
MD
LG