Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин толори синамои 5D дар Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боз гашт ва таассуроти амиқ гузошт.

Дар он ҳамзамон ҳамагӣ чаҳор нафар тӯли панҷ дақиқа ба олами намоиши чандбуъдӣ, ки бинандаро дар моварои воқеаҳои филм қарор медиҳад, ворид мешаванд

Нархи тамошо ба меъёрҳои маҳаллӣ арзон не, балки 15 сомонист, аммо ҳаваси ошноӣ бо фанновариҳои нав теъдоди зиёди мухлисонро ба толор мебарад.

Синамои 5D дар ҳоле ба Тоҷикистон роҳ меёбад, ки бо насби аввалин мавҷпарокани диҷитол ё рақамӣ дар Душанбе аз соли 2010 амвоҷи шабакаи якуми телвизиони давлатии кишвар барои пойтахт ва манотиқи атрофи он бо формати рақамӣ пахш мегардад ва ин намои телевизионҳоро беҳтар кардааст.

Мутахассисони маҳаллӣ мегӯянд дар чанд соли оянда истифода аз телевизионҳои рақамӣ ва 3D дар Тоҷикистон роиҷ хоҳад гашт. Қадамҳои аввал дар ин самт пахши амвоҷи ҳама шабакаҳои телевизионии кишвар бо формати рақамӣ ва дастрасии сокинон ба ин гуна телевизионҳои насли нав хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG