Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

12 апрел Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо сонсури интернетист. Қарор аст созмони байналмиллалии Рӯзноманигорони бидуни марз “феҳристи душманони интернет”-ро ба нашр расонад.

Дар ин феҳрист ба эҳтимоли зиёд Эрону Чин, Арабистони Саъудиву Ветнам ва Тунис хоҳанд буд. Мо пешакӣ наметавонем бигӯем, ки Тоҷикистон дар ин феҳрист чӣ ҷойгоҳе хоҳад дошт. Вале ин нукта мусаллам аст, ки дар Тоҷикистон низ ҳоло интернет ба сарчашмаи доду гирифти иттилоъот ва баёни ақидаҳо табдил ёфтааст.

Интернет ҳоло на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамаи кишварҳо ба нируи озодихоҳона табдил меёбад ва беш аз пеш ҳукуматҳо ин нуктаро пай мебаранд. Ба ин далел онҳо саъй мекунанд интернетро зери назорати худ дароранд.

Нуриддин Қаршибоев-раиси НАНСМИТ ё Анҷумани Расонаҳои Мустақили Миллии Хабарии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дастрасӣ ба баъзе сомонаҳои интернетӣ
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев

чанд муддат маҳдуд карда шуд ва онро метавон намунаи талошҳои ҳукумат барои зери назорат даровардани интернет арзёбӣ кард.

“Қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон интернетро ҳамчун расонаи хабарӣ эътироф намекунад. Вале мубориза бар зидди озодии баён дар ду соли охир дар фазои интернетии Тоҷикистон хеле авҷ гирифтааст. Яке аз муборизони забардаст аз ҷониби ҳукумат сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бег Зуҳуров аст”.

Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон то ҳол фаъолиятҳои интернетиро фаро намегирад. Бо назардошти чунин ҳолат моҳи маи соли 2012 расонаҳои мустақил як ҷо бо НАНСМИТ ба мақомоти марбутаи ҳукумат, аз ҷумла ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, нома фиристоданд ва дархост карданд, ки дар бораи меъёрҳои маҳдуд кардани сомонаҳои интернетӣ ва ё ба сонсур кашидани онҳо муқаррарот ҷорӣ кунанд, то сомонаҳои интернетӣ ин муқарраротро дар фаъолияти худ дар назар бигиранд ва ҳангоми нашри матолиб ҳуқуқи дигаронро вайрон накунанд. Вале ин пешниҳоди расонаҳои хабарии мустақил дар назар гирифта нашуд.

Оқои Қаршибоев мегӯяд, тобистони соли гузашта на танҳо ба сомонаҳои дохилии Тоҷикистон, балки ба шабакаҳои байналмиллаии Facebook, YouTube ва баъзе сомонаҳои хабарии байналмиллалӣ Хадамоти алоқа дастрасиро маҳдуд кард. Чунин кор гоҳо хориҷ аз муқаррароти озодии баён сурат мегирад ва касе аз дастандаркорони чунин маҳдудият чизе намепурсад, чун дар ин бахш қонун вуҷуд надорад, то дар асоси қонун чунин шахсон посухгӯ бошанд.

Абдуғаффор Абдуҷабборов-яке аз масъулони вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё масдуд кардани дастрасӣ ба интернет ё сонсури ​ Абдуғаффор Абдуҷабборов

Абдуғаффор Абдуҷабборов

интернетро рад намекунад, вале онро амри муваққатӣ медонад ва мегӯяд шояд баъзе шахсон кӯшиш мекунанд бо ин кор пеши ин маҷроро бигиранд.

“Интернет дарё аст. Сари роҳи онро касе гирифта наметавонад. Сарфи назар аз он, ки шояд бо иқдоми баъзе аз шахсиятҳо кӯшиши гирифтани пеши роҳи интернет вуҷуд дошта бошад, лекин ин иқдоми беҷо аст ва ман гумон намекунам, ки ҳукумат ба ин иқдом даст мезада бошад. Шояд баъзе аз нафароне, ки дастандаркор ҳастанд, аз нигоҳи маҳдудияти ҷаҳонбинӣ ба ин иқдом даст мезананд”.

Интернет василаест, ки Тоҷикистонро бо фазои иттилоъотии ҷаҳон мепайвандад. Савияи маърифати аҳолиро боло мебарад. Ҳатто агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки нашрияҳои дохилии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ хабарнигор надоранд, интернет барои бозтоби равандҳои ҷаҳонӣ ва хабарҳои ҷаҳон дар матбуоти дохилии Тоҷикистон нақши бузург мебозад.

Оқои Абдуҷабборов мегӯяд, дар барномаҳои давлатӣ густариши интернет дар Тоҷикистон ва дастрасии бештари аҳолӣ ба он таъкид шудааст ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ борҳо ба ин нукта ишора кардааст. Вале фаъолияти интернет то ҳол дар чаҳорчӯбаи қонун танзим нашудааст.


Давлаталӣ Давлатзода

Давлаталӣ Давлатзода

Давлаталӣ Давлатзода-узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон, ки дар таҳияи қонуни матбуот саҳм дорад, мегӯяд дар доираҳои қонунгузории Тоҷикистон гуфтугӯҳо ва баррасиҳо дар бораи қонуни интернет идома дорад. Оқои Давлатзода мегӯяд, чун шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад, бояд дар бораи корбурди интернет қонуне қабул шавад ва он аз қонуни матбуот бояд фарқ дошта бошад:

“Имрӯз бештар аз 2 миллион нафар корбарони интернет ҳастанд, лекин то ҳол мо дар ин бора қонуни мушаххасе надорем. Ин як соҳае ҳаст, ки ба таври зарурӣ мураттаб нашудааст. Барои дар сатҳи қонун танзим кардани ин соҳа онро хуб омӯхтан даркор. Дар оянда, албатта, қонун таҳия ва қабул мешавад”.

Агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки имсол соли интихоботи расёати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст, пас аз имкон дур нахоҳад буд, ки назорат бар интернет ташдид биёбад ва баъзе аз сомонаҳои интернетӣ барои дилҷӯии мақомот ва идомаи фаъолияташон ба худсонсурӣ гузаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG