Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод соҳиби шабакаи оби тоза мешавад. Он ҳам баъд аз фалокате, ки ҷони даҳ нафарро рабуд. 57 дарсади Тоҷикистон аз шабакаи об маҳрум аст.

Сокинони деҳаи Яккабеди Файзобод билохира соҳиби оби ошомиданӣ мешаванд. Аммо ба нархи ҷони 10 нафар аз ҳамдеҳагони худ. Ва ҳар гоҳе, ки онҳо даст ба фаввораи оби тоза мебаранд ё он обро менӯшанд, беихтиёр ёд аз онҳое хоҳанд кард, ки ба хотири овардани об барои ҳамдеҳагон рӯзи 3 апрел ҷони худро аз даст доданд.

Пас аз наздик ба як моҳи ҳодса мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар деҳа шабакаи обрасон бунёд хоҳад шуд. Об барои 150 хонаводаи деҳа ба воситаи лӯлае аз канори адир ва дурии 5 километр меомад. Ин лӯлаи дароз сари чанд вақт вайрон мешуд. Ба ин сабаб 10 нафар аз сокинони деҳа ба маҳалли хавфноке рафтанд, то роҳи обро боз кунанд.

Асадулло Ашӯрови 63 сола ҳанӯз ҳам аз ёфт нашудани ҷасади набераи 16-солааш Далер Кабиров андӯҳгин аст ва ҳар рӯз ба ин ҷо омада барои ҷавонмардону наврасони деҳа, ки бо белу каланд набераашро аз зери хок меҷӯянд, хӯрок ва чой омода мекунад.

Нафари дигаре, ки дар ин ҷо ҳалок шуд, Фахриддин Нуров, ҳамагӣ се моҳ пеш аз фоҷиа арӯсӣ кард. Ҳамсари ҷавони ӯ бева монд.

Дар фазои Яккабед дар ҳаққи қурбониёни фалокат марсияе садо медиҳад, ки онро дар поёни ин навор хоҳед шунид. Мардуми деҳа қурбониёни худро Даҳгонаи шаҳидон меномад, вале мегӯяд, ин нархи гарон аст ва агар деҳа об медошт, фоҷиа ба вуқӯъ намепайваст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG