Пайвандҳои дастрасӣ

Пурсиши шоҳидони асосӣ дар додгоҳи парвандаи қатли Умаралӣ Қувватов


Умаралӣ Қувватов (аз рост) ва гумонбари асосӣ дар қатли ӯ Сулаймон Қаюмов

Умаралӣ Қувватов (аз рост) ва гумонбари асосӣ дар қатли ӯ Сулаймон Қаюмов

Додгоҳи Истамбул рӯзи 16 феврал баёноти ду шоҳиди асосии дар қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов ва фарзияи додситониву вакили гумонбари асосӣ Сулаймон Қаюмовро шунидааст.

Манобеи огоҳ аз ҷараёни мурофиаи парвандаи қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари фақиди “Гурӯҳи 24”, яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳукми Сулаймон Қаюмов - гумонбари асосӣ дар қатли Қувватов шояд алакай то поёни моҳи феврал эълон шавад.

Додгоҳи 19-уми ҷиноии шаҳри Истамбули Туркия рӯзи 16 феврал ду шоҳиди асосии қатли Қувватов, аз ҷумла Сӯҳроб Тӯраев, муҳофизи раҳбари пешини “Гурӯҳи 24”-ро бозпурсӣ карда, дар поёни ин рӯзи мурофиа гуфтааст, ки рӯзи 26 феврал мавқеи ҷонибҳои айбдоркунанда ва вакили Қаюмовро шунида, ба дунбол ҳукмашро дар мавриди ин парванда содир мекунад. Ба гуфтаи як шоҳиди айнии мурофиа, Сӯҳроб Тӯраев дар додгоҳ Сулаймон Қаюмовро мӯҳраи асосӣ дар таҳияи сӯиқасд ба ҷони Умаралӣ Қувватов номидааст.

Умаралӣ Қувватов шаби 5 марти соли 2015 баъди тарки манзили иҷораи Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва бо зарби як тири туфангча кушта шуд. Қувватов ҳамроҳ бо зану ду писараш он шаб барои як зиёфати шом ба манзили Қаюмов даъват шуда буд.

Сӯҳроб Тӯраев, ки ба ҳайси муҳофизи Қувватов ӯро он шаб ҳамроҳӣ мекард, дар додгоҳ чигуна ба Истамбул омадану бо Қувватов ошноӣ пайдо кардани Қаюмов ва ҷузъиёти шаби сӯиқасдро нақл кардааст. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, Тӯраев гуфтааст, ки худи Қаюмов ба фарқ аз меҳмононаш он шаб аз ғизоҳои омодакардааш чизе ба даҳон набурд.

Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, қозии парванда аз Сулаймон Қаюмов – гумонбари асосӣ – пурсидааст, ки оё худи ӯ аз ғизоҳое, ки таҳия карда буд, чашид? Қаюмов гуфтааст, ки на. Ӯ ҳамин тавр, дар посух ба пурсиши қозии парванда, ки баёноти ду шоҳиди асосиро оё мепазирад ва оё иловае ба он дорад?, гуфтааст, ки чизе илова карданӣ нест.

​Сӯҳроб Тӯраев дар додгоҳ гуфтааст, ки ғизои таҳиякардаи Қаюмов заҳролуд буд, чунки баъди тановули ғизо дар манзили Қаюмов ӯ аз ҳуш рафт ва давоми қазияро зиёд ёд надорад. Вале ба гуфтаи Тӯраев, Қувватов ӯро такон додааст, ки “Хез, ки инҳо моро куштанианд.” Баъди чанде садои дар меояд ва Тӯраев, тавре дар додгоҳ гуфт, мефаҳмад, ки Қувватов аз хона берун рафтааст. Вале баъди чанде Ҳусейн Ашӯров, муҳофизи дигари Қувватов, ӯро бедор мекунад ва хабар медиҳад, ки “Қувватовро куштанд.”

Намояндаи додситонии Истамбул рӯзи 16 феврал дар додгоҳи Истамбул фарзияи худро баён кардаасст. Ба гуфтаи ӯ, Умаралӣ Қувватов ба далели мухолифаташ ба ҳукумати кунунии Тоҷикистон таҳти таъқиб қарор дошт ва аз ин рӯ, ба Туркия паноҳ овард. Сулаймон Қаюмов аз тариқи як дӯсташ бо Қувватов ошноӣ пайдо карда, шаби 5 март бо баҳонаи баргузории мавлуди падари вафоткардааш онҳоро ба хона даъват мекунад, вале ҳангоми тановули ғизо аҳволи ҳамаи меҳмонон бад мешавад. Вақте Қувватов аз хона берун мешавад ва дар кӯча ҳамроҳ бо Қаюмов ва Ашӯров мунтазири такси буд, нафари ношиносе ба сӯяш тир мезанад.

Намояндаи додситонӣ гуфтааст, 4 гумонбари дигар дар сӯиқасд ба ҷони раҳбари мухолифини тоҷик, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд, тавонистаанд аз Туркия фирор кунанд.

Аммо вакили мудофеи Сулаймон Қаюмов ба додгоҳ гуфтааст, ба ҷуз изи ангуштони он 4 нафар дар манзили иҷорае дар ҳамсоягии Қаюмов дигар далоили кофие, ки ба узвияти муваккили ӯ дар гурӯҳи ҷиноии масъули сӯиқасд ба ҷони Қувватовро собит кунад, дар даст нест. Ба ин далел, ӯ аз додгоҳ хостааст, ки иттиҳоми узвияти Қаюмов дар созмони ҷиноии масъули ин сӯиқасдро бекор кунанд.

Сулаймон Қаюмов дар ҳоли ҳозир танҳо нафарест, ки бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Умаралӣ Қувватов дар Туркия дар боздошт боқӣ мондааст. Ӯ рӯзи 6 март, баъди кушта шудани Қувватов тавассути ҳавопаймо аз Истамбул ба Алма-Атои Қазоқистон парвоз кард, вале марзбонони қазоқ ӯро ба Туркия пас гардонданд. Наздикони ин сокини 32-солаи ноҳияи Восеъ нақши вайро дар сӯиқасд алайҳи Қувватов рад мекунанд ва мегӯянд, ки Сулаймон Қаюмов як соҳибкори оддӣ буд ва танҳо бо мақсади тиҷорат ба Туркия рафта буд.

Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Қувватов баъди қатли ҳамсараш ба Озодӣ гуфта буд, ғизое, ки он шаб дар манзили Сулаймон Қаюмов ба онҳо доданд, заҳролуд буд. Мақомоти Туркия баъди ташхиси ҷасади Қувватов гуфтанд, ки дар бадани ӯ маводи психотропии клозапин ошкор шудааст.

Тарафдорони Қувватов дар қатли ӯ мақомоти Тоҷикистонро айбдор мекунанд. Дар гузориши Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, ки рӯзи 17 феврал нашр шуд, низ гуфта мешавад, ки қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қуватов дар Истамбул бо “дахолат ё ризоияти ҳукумати Тоҷикистон” сурат гирифтааст. Вале ҷониби Тоҷикистон дар гузашта чандин бор чунин иддаоҳоро шадидан рад кардааст. Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон гуфта буд, ки Душанбе барои ҳамкорӣ бо пулиси Туркия дар амри таҳқиқи парвандаи қатли Қувватов омода аст.

Умаралӣ Қувватови 47-сола, як соҳибкори дар гузашта муваффақ, ки гуфта мешавад, тиҷорати ширкатҳои бузурги “Тоҷирон” ва “Фароз” дар Тоҷикистонро мечархонд, дар соли 2012 тарки кишвар кард ва дар Маскав “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолиф ба ҳукумати Тоҷикистонро таъсис дод. Ӯ ва шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев, ки низ ҳамроҳи Қувватов аз Тоҷикистон рафт, Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ғасби тиҷораташон айбдор карданд.

Вале масъулони кунунии “Фароз” ва “Тоҷирон” иддаои Қувватов ва Гадоев дар бораи дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ин ширкатҳоро бепоя мехонанд. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ баъди фирори Қувватов ва Гадоев алайҳи онҳо бо иттиҳоми сирқати қариб 6 миллион сомонӣ пули ширкати “Фароз” парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ҳардуро аз тариқи Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд.

Қувватов ду дафъа – соли 2013 дар Дубай – ва моҳи декабри соли 2014 – дар Истамбул бо дастури Интерпол дастгир шуд, вале дар ҳарду маврид дархости истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро рад карданд.

Дар пайи баргузории як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русия ва даъвати мардум ба як намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти "Гурӯҳи 24"-и Қувватовро дар кишвар расман манъ ва онро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Умаралӣ Қувватов қабл аз кушта шуданаш ҳамроҳ бо ҳамсару 5 фарзанд ва чанде аз ёрони наздикаш дар Истамбул дар интизори баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ ба сар мебурд. Танҳо баъди қатли ӯ ба зану фарзандонаш дар яке аз кишварҳои қораи Амрико мақоми паноҳанда доданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG