Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cарбозони тоҷик аз Артиш бо чӣ бармегарданд?


Албоми сарбозӣ барои насли калонсоли тоҷик аз гаронбаҳотарин ёдгориҳои хидмат дар Артиши Шӯравист.

Муқоваи картонии онро худи сарбозон аз пораи шинели ҳарбӣ муқова мебастанд. Зикруллоҳ, як сокини 47-солаи Суғд, мегӯяд, чунин албоми бузурги сарбозии худро зимни адои хидмат дар яке аз қисмҳои низомии шаҳри Калинингради Русия дар соли 1986-ум омода кардааст. Ӯ гуфт, "ҳар саҳифаи албомамро ранги нилгун ва рӯи он қатраҳои зарҳалӣ пошида будам. Он вақт аксбардори сиёҳу сафед як чизи ноёб ва акс тайёр кардан ҳам мисли ҳозира осон набуд. Танҳо як аксгираки оддӣ доштем ва аксҳоро аз чашми афсарон пинҳонӣ шабона тайёр мекардем."

Зикруллоҳ афзуд, бо он ки аз адои хидмати ҳарбиаш наздики 30 сол сипарӣ мешавад, ҳанӯз ҳам албоми сарбозии худро чун як ёдгории азиз аз даврони хидмат дар артиш нигаҳ медорад.

Хидмати ҳарбӣ дар замони Шӯравӣ як мояи ифтихор барои ҷавонон буд ва имтиёзҳое ҳам ҷавононро ба адои хидмат ҳавасманд мекард. Нуриддин Холиқов, як сокини миёнсол, ки охирҳои солҳои ҳафтодуми асри гузашта хидмати низомии худро дар Украина адо кардааст, мегӯяд: "Дар давраи мо ҷавонон бо хоҳиши худ ба артиш мерафтанд. Мисли ҳозира "облава" карда намебураданд. Чунки адои хидмати ҳатмӣ нишонаи ватандӯстиву мардонагӣ буд. Агар ба хостгорӣ ҳам мерафтанд, тарафи духтардор аввал мепурсид, ки писари Шумо хидмати ҳарбиашро адо кардааст ё на."

Вале ин гуна анъанаву суннатҳои хидмати артиш бо пош хӯрдани Шӯравӣ ва таъсиси Артиши миллӣ дар Тоҷикистон тақрибан аз миён рафт. Акнун сарбозони тоҷик аз Артиши миллӣ чӣ чизе бо худ ба ёдгор меоваранд?

Бахтиёр, сокини шаҳри Чкалов, мегӯяд, ҷиянаш ду сол аз хидмати артиш "дар кӯлбораш" ба ҷуз дашному носазо чизе тоза наовард. "Вай як ҷавони табиатан ором буд, аммо баъди ҳамагӣ ду соли хидмати ҳарбӣ ҳатто муомилаву гуфтораш тағйир ёфта буд. Хуш надошт, ки дар бораи зиндагии сарбозии худ нақл кунад, албом не, як расм ҳам наовард. Қариб як сол гузашт, то он ки боз одам барин бо атрофиёнаш гап заданро ёд гирад",-афзуд ӯ.

Мусоҳиби дигари мо, Рустам Гулов аст, ки тирамоҳи соли 2011, пас аз адои 1 сол хидмати ҳарбӣ дар ноҳияи Восеъву шаҳри Душанбе ба Хуҷанд баргаштааст. Аммо ӯ мегӯяд, аз сарбозӣ бештар хотираҳои аҷибу хуше дорад ва анъанаи ёдгорӣ овардан аз артиш барои сарбозони тоҷик ҳам бегона нест: "Буданд бачаҳое, ки "албоми дембелӣ" месохтанд. Аммо ҳозир ёфтани албомҳои хубу аксгирӣ осон аст. Суратгирҳо зиёд назди сарбозон меоянд ва акс тайёр мекунанд, худи сарбозу афсарҳо аксгирак доранд. Аммо рости гап, ба албомсозӣ ман хушам наомад. Ба ҷойи ин ман як дафтарча доштам, ки ба он лаҳзаҳои аҷоиби хидматро қайд мекардам. Бисёр ҳамхидматонам албом нею дафтарҳои кисагӣ доштанд, ки ба он байту шеърҳо менавиштанд."

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, бисёр сарбозони тоҷик телефони ҳамроҳ доранд ва аз чашми афсарон пинҳонӣ аз он чун аксу наворбардор, радио ва васл ба шабакаи ҷаҳонӣ истифода мекунанд. Яъне, барои сарбозони ҳозира кор осон шуда, флешкаҳои мобил барои онҳо ба ҳайси ҳамон "албоми дембелӣ" аст, ки аз хидмати низомӣ ба ёдгор меоранд.

Рустам, ки хатмкардаи бахши иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд аст, ҳоло дар созмони ҷавонони "Ампаро" фаъолият дорад. Ӯ афзуд, ба навиштани хотираҳои давраи сарбозии худ шурӯъ карда, бахшҳои аввали онро дар блоги хусусиаш дар шабакаи ҷаҳонӣ гузоштааст.

Ҷаноби Гулов мегӯяд, вай аз хидмат дар бар либоси нави ҳарбӣ баргашт. Хушбахтие, ки на ба ҳама сарбозони имрӯзаи тоҷик даст медиҳад. Зеро дар Артиши миллии Тоҷикистон либоси парадгузар барои тамоми сарбозон дода намешавад. Замони бозгашт ҳар сарбозе, ки мехоҳад бо либоси ҳарбӣ баргардаду онро барои ёдгорӣ нигаҳ дорад, бо пули худ онро харидорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG