Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари театри Маяковский мегӯяд, ки бинои ин театр, воқеъ дар маркази пойтахт, билохира аз байн меравад ва ҷояш хиёбони замонавӣ месозанд.

Ҳунармандони театри Маяковский дар ин рӯзҳо бо намоишномаи мазҳакавии “Хонума” рӯйи саҳна мерақсанду суруд мехонанд, вале пушти саҳна ашк мерезанд. Онҳо барои ин саҳна барои бинои театр ва аз даст рафтани хонаи худ ғусса мехӯранд. Кормандони театри драмавӣ-русии ба номи Маяковскийро аввали моҳи март расман огоҳ карданд, ки то ду моҳи дигар бояд кӯч банданд, зеро театрро вайрон мекунанд. Ҳоло маълум нест, театру ҳунармандон куҷо мераванд ва сарнавишти онҳо чӣ мешавад.

Мунира Дадаева, роҳбари театри Маяковский мегӯяд, “мутаассифона ин рӯз билохира фаро мерасад. Чанд рӯз пеш мо хостем, беруни биноро таъмир кунему гул шинонем, ҳама дар берун будем. Намояндагони ҳукумат омада гуфтанд, ин кори беҳуда аст, зеро биноро чаппа мекунанд."

Дадаева мегӯяд, ки ӯ дар ин бино аз 4 солагӣ бузург шудааст ва ҳоло чунин эҳсос дорад, ки ӯро аз хонааш берун мекунанд. "Мо нақшаҳои зиёд доштем, аммо ҳоло дар як ҳолати номуайянӣ қарор дорем. Намедонем куҷо меравем. Мо бехона мемонем, мефаҳмед? Ин бино хонаи мо буд. Ин бино барои ҳар як сокини шаҳр азиз аст. Ҳоло ин ҷо бо ҳар касе вохӯред, чашмони аз гиря варам дорад” - гуфт Дадаева.

Мисли Мунира Дадаева, беш аз 90 корманди театр- хунармандону коргари техникӣ, ороишгару тарроҳ ҳама ба ин бинову ин саҳна пайванди чандинсола доранд. Новобаста ба шароит ва маоши кам, муҳаббат ба кор ва саҳнаи теари Маяковский то имрӯз ҳунармандони тоҷику рус ва гурҷитаборро дар Душанбе нигоҳ медошт. Агар барои онҳо саҳнаи театр бахши аслии зиндагиашон бошад, барои ҳазорҳо сокини пойтахт театри Маяковский як бахши таърихи пойтахт аст.

Театри ба номи Маяковский яке аз қадимтарин театрҳои пойтахт соли 1937 дар ҳамин бино таъсис ёфт. Худи бино таърихи кӯҳнатар дорад. Ин бино дар оғоз “Хонаи колхозчиён” ном дошт ва маҳз дар ҳамин бино соли 1929 Тоҷикистон ҷумҳурии алоҳидаи Иттиҳоди Шуравӣ эълон шуд. “Ин ҳам як бойгонии хурдакаки мо бо аксҳои ҳунармандони номдори театр аст, ки дар ин саҳна нақш офаридаанд, мисли Евгений Швартс, ки беҳтарин корҳои худро ҳамин ҷо офаридааст. Аксҳое, ки дар ин деворҳо мебинед, барои ҳар сокини Тоҷикистон ошноянд. Мо намедонем барои чӣ бинои мо ба феҳрасти биноҳои таърихӣ ворид нашуд. Фикр мекунам, нафаре, ки ин тасмимро гирифт, дар бораи таърихи ин театр ва театри Лоҳутӣ маълумоти кофӣ надорад"- мегӯяд Дадаева.

Қаблан гурӯҳе аз фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли номае аз раисиҷумҳур даъват карданд, ки аз тахриби биноҳои маркази Душанбе, аз ҷумла, театри ба номи Маяковский, чойхонаи "Роҳат" ва театри ба номи Лоҳутӣ пешгирӣ кунад. Академияи улуми Тоҷикистон ҳам моҳи январи имсол феҳристи нави биноҳои таърихиро ба ҳукумат пешниҳод кард. Дар ин феҳраст, ки 26 биноро дар бар мегирифт, дар қатори чойхонаи “Роҳат”, театри Лоҳутӣ ва Маяковский низ аз ҷумлаи биноҳои таърихии пойтахт унвон шуданд.

Як намояндаи кумиссиюни шаҳрсозӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “сар аз бинои Чойхонаи Роҳат то бинои ҳукумати шаҳр, ҳамагӣ бояд вайрон карда шаванд ва роҳ ба андозаи 56 метр васеъ шуда, дар ҷойи ин биноҳо хиёбон бунёд мешавад.”

Дар мавриди сарнавишти ояндаи театри Маяковский масъулини вазорати фарҳанг ҳоло тасмиме нагирифтаанд ва мегӯянд, қароре ҳам аз сӯйи ҳукумат дар ин маврид пешниҳод нашудааст. Аммо ба гуфтаи кормандони театр, сару садое ҳаст, ки онҳоро дар як кинотеатри шаҳр ҷой хоҳанд кард.

Сокинони Душанбе, ки биноҳои қадимии шаҳрро, рамзи пойтахт мешиносанд, тахриби ин меъмориҳо кори дуруст намешуморанд. Аммо гумон намеравад, ки ҳарфи онҳо дар дигар кардани тарҳи тахриби сохтмон, таъсир дошта бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG