Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ишқи писари мушовири президенти Русия ба хидматгори тоҷик (ВИДЕО)


Юрий ва Фирӯза. Акс аз РЕН ТВ

Юрий ва Фирӯза. Акс аз РЕН ТВ

Ишқи писари мушовири президенти Русия Сергей Глазев ва хидматгори тоҷики ин хонавода ва боздошти ин духтари тоҷик бо иттиҳоми таҳдиди куштан, бино ба гузориши РЕН ТВ, ба достонҳои Шаҳрзод аз “Ҳазору як шаб” мемонад.

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии РЕН ТВ, Юрий Глазев – писари мушовири раисиҷумҳури Русия Сергей Глазев - ба хидматгори тоҷики ин хонавода – Фирӯза Савушкина – дил бастааст ва ин ишқ ин хонаводаи маъруф дар арсаи сиёсии Русияро дар ростои як ихтилофи хеле шадид қарор додааст.

Фирӯза Савушкина, ки 31 сол доштааст, дар ҳоли ҳозир бо иттиҳоми таҳдид ба куштан дар боздоштгоҳ қарор дорад. Юрий Глазев ҳам барои ишқаш ба хидматгори тоҷик қаҳри сахти волидайнашро овардааст. Вале ӯ гуфтааст, омода ҳаст ҳатто аз волидонаш ҷудо шавад, аммо аз ишқаш дааст кашиданӣ нест ва барои раҳоии Фирӯза аз боздоштгоҳ талош хоҳад кард.

РЕН ТВ дар гузоришаш, ки рӯзи 6 ноябр нашр шуд, бо овардани видеоҳо аз лаҳзаҳои зиндагии хушбахтонаи Юрий ва Фирӯзаро овардааст. Аз ҷумла лаҳзаҳо аз як зодрӯзеро, ки дар он Юрий дар иҳотаи зоҳиран ҳамватанҳои Фирӯза ба ӯ изҳори ишқ мекунад.

Юрий ва Фирӯза. Акс аз видеои РЕН ТВ

Юрий ва Фирӯза. Акс аз видеои РЕН ТВ

РЕН ТВ мегӯяд, ин ишқи монанд ба достонҳои Шаҳрзод аз “Ҳазору як шаб” ҳоло ба як фарҷоми талхе рӯбарӯ шудааст, чунки Фирӯзаро бо гумони таҳдид ба куштани як духтари дигари ҳамватанаш аз Тоҷикистон боздошт кардаанд. Ва он ҳам дар ҳоле ки Фирӯза ҳомила будааст.

Юрий Глазев мӯътақид аст, ки ин ҳама балоро ба сари ҳамсари ӯ падари муқтадираш овардааст. Ӯ дар мусоҳиба бо РЕН ТВ мегӯяд: “Падари ман мушовири президенти Русия Сергей Юревич Глазев вақте ин ҳамаро барномарезӣ кард, ба шӯъбаи пулис занг зада, аз онҳо хост, ки ба Фирӯза бо чунин шеваи шадид фишор оварда, ӯро бандӣ кунанд.”

РЕН ТВ матни як сӯҳбати телефонии падару писарро ҳам нашр кардааст, вале Сергей Глазев дар ин сӯҳбат мегӯяд, ки ӯ баракс барои раҳоии келинаш талошҳое, аз ҷумла бо ҷалби адвокат, ба харҷ дода истодааст. Иддаое ки Юрий Глазев бовар намекунад.

Сергей Глазев

Сергей Глазев

Сергей Глазев 53 сол дошта, академики РАН – Фарҳангистони улуми Русия аст ва аз иқтисоддонҳои маъруфи Русия шинохта мешавад. Ӯ тайи солҳои 1992-1993 дар ҳукумати сарвазир Виктор Черномирдин вазири равобити иқтисодии хориҷии Русия буд. Баъди тарки ҳукумат чанд навбат вакили Думаи давлатӣ интихоб шуда, дар интихоботи соли 2004-уми президентии Русия дар муқобили Владимир Путин аз номи ҳизби миллатгарои “Родина” номзад шуда, 4,1 дарсад раъй ба даст оварда буд. Дар интихоботи президентии соли 2012 ӯ ба унвони шахси мӯътамади Путин ширкат дошт ба дунболи пирӯзии ӯ, дар тобистони соли 2012 мушовири раисиҷумҳур дар умури ҳамоиши иқтисодии минтақавӣ таъин шуд. Глазев бо мавзеъгириҳои давлатгароёна ва ба ақидаи мунтақидон, ҳатто “салтанатгароёна”-аш дар масоили сиёсиву иқтисодии Русия фарқ мекунад ва аз ҷумла аз ҷонибдорони гарми ташдиди сиёсати Маскав дар масоили муҳоҷират ва дар масъалаи ҳимоят аз ҷудоиталабон дар Украина ба шумор меравад.

Ноза Абдулвосиева

Ноза Абдулвосиева

Ин нахустин мавриди издивоҷи духтарони тоҷик ба шахсиятҳои маъруф дар Русия нест. Дар тобистони соли равон гузориш шуда буд, ки ровии маъруфи телевизиони Русия Александр Гордон ба абераи шоири маъруфи тоҷик Мирсаид Миршакар ва набераи коргардонҳои маъруфи синамо Зарина Миршакар ва Валерий Аҳадов издивоҷ кардааст.

Гордон 50 сол ва арӯси тоҷики ӯ Ноза (Нозанин) Абдулвосиева ҳамагӣ 20 сол дорад. Рӯзи 27 октябр хабар омад, ки ҳамсари тоҷикаш барои ин ровии маъруф писар ба дунё овардааст ва ӯро мисли падараш Александр ном кардаанд.

Гузориши видеоии РЕН ТВ дар бораи ишқи писари мушовири президенти Русия ба хидматгори тоҷикро метавонед инҷо тамошо кунед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG