Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин "Маҷрои ҷанубӣ"-ашро то куҷо хоҳад кашид?


Баҳси лӯлаи "Маҷрои ҷанубӣ" аз нигоҳи танзкаш Предраг Коракшич
Баҳси лӯлаи "Маҷрои ҷанубӣ" аз нигоҳи танзкаш Предраг Коракшич

Ба тарҳи лӯлаи гази "Маҷрои ҷанубӣ" бо "Газпром"-и Русия ҳамроҳ шудани Австрия оё ба маънои пирӯзии Владимир Путин аст? Ва оё ин шикоферо байни аъзои Иттиҳодияи Аврупо эҷод намекунад?

Ширкати “Газпром”-и Русия ҳафтаи равон қарордоди таърихиеро бо ширкати OMV –и Австрия имзо кард, ки дар пасманзари таҳриму танқидҳои Ғарб, ҳамчун пирӯзии чашмгири Маскав унвон шуд. Бар пояи ин қарордод қисмати австриягии лӯлаи гази маъруф ба “Маҷрои ҷанубӣ” бунёд мешавад. Дар оянда газе, ки тавассути баҳри Сиёҳ ба Аврупо мекашонанд, ба воситаи ин лӯла ба Австрия интиқол меёбад. Имзои созишномаи бунёди қитъаи лӯла дар Австрия дар ҳоле ҷараён гирифт, ки ҳамагӣ чанд ҳафта пеш узви дигари Иттиҳодияи Аврупо - Булғористон - дар посух ба интиқодҳои Брюссел маҷбур шуд, кор дар ин тарҳро қатъ кунад.

Эдвард Лукас, шореҳи маҷаллаи “Economist” дар умури масоили энержӣ ба суолҳои Озодӣ, ки қарордоди Маскаву Вена чӣ аҳамият дорад ва чаро дар ҳоле ки Сафия пой ба тормоз гузошт, Вена баръакс ба ин тарҳ пайваст?, посух дод.

Радио Озодӣ: Қарордоде ки рӯзи 24-уми июн дар ҷараёни боздиди президент Путин аз Австрия имзо шуд воқеъан ҳам пирӯзии Русия аст?

Эдвард Лукас: Ба назари ман, пирӯзии Путин бештар рамзӣ аст, на воқеъӣ. Ман то ҳол шубҳа дорам, ки “Маҷрои ҷанубӣ” рӯзе воқеъан ҳам сохта шавад. Ин як тарҳи бисёр серхарҷ аст, махсусан барои русҳо. Ман фикр мекунам, ки ин таҳаввулот Брюселлро ҳайрон ва нороҳат мекунад, зеро ин нақши Иттиҳодияи Аврупоро дар муайян кардани қоидаҳои сиёсати энержӣ ба чолиш мекашад.

Радиои Озодӣ: Кумиссиюни Аврупо ин тарҳро бо шакли феълиаш қабул надорад ва мегӯяд, ки он ба қонунҳои Иттиҳодияи Аврупо оид ба рақобат, ҳамчунин ба сиёсати Иттиҳодия оид ба танаввӯъи манбаъҳои энержӣ ва вобастагии камтар аз гази Русия муғойират мекунад. Австрия дар навбати худ мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо он қадар вобастаи гази Русия аст, ки дигар ҷойе барои хурдагирӣ намондааст. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?

Путин дар Вена
Путин дар Вена

Эдвард Лукас: Ба назари ман, дар бахши аввал Иттиҳодияи Аврупо бояд муомилотпазир ё боз бошад, яъне як нафар иҷозат надорад, ки ҳамзамон ҳам луларо дар ихтиёр дошта бошаед ва ҳам газро. Аз ин рӯ иштибоҳ ҳаст, ки қарордоди сохтмони “Маҷрои ҷанубӣ” бидуни музоядаи қобили қабул, комилан дар ихтиёри дӯсти Путин, Генадий Тимченко ва “Стройтрансгаз”-и ӯ қарор гирифт. Муҳимтар аз ин, мо на танҳо талош дорем танавои манбаи воридотро бунёд кунем, балки мехоҳем бозори газро озод гузорем. Аз ин рӯ, хуб нест, ки “Газпром” боз як лӯлаи дигар месозад, ки дар қаламрави Аврупо аст, вале таҳти назорати худаш хоҳад буд. Агар “Газпром” мехоҳад ба Аврупо газ бифурӯшад, ин хуб аст, аммо онҳо бояд ба қавонину муқаррароти бозори ягонаи Аврупо мувофиқат кунанд. Ман метарсам, ки ин ҷо ченакҳои сиёсӣ вуҷуд доранд ва Русия мехоҳад ин муқарраротро бишиканад. Табъан барояш писанд нест, ки Аврупо ҳамчун сохтори сиёсӣ метавонад Русияро ба чолиш бикашад.

Радиои Озодӣ: Бинобар бӯҳрони Украина тарҳи лӯлаи гази “Маҷрои ҷанубӣ”, ки бояд газро бидуни убури қаламрави Украина ба Аврупо бирасонад, ба як манбаи дигари ташаннуҷ байни Маскав, Брюссел ва Вошингтон табдил шудааст. Маскав Брюсселро ба ин муттаҳам мекунад, ки Булғористонро ба қатъи корҳо дар қитъаи лӯлаи “Маҷрои ҷанубӣ” маҷбур кардааст ва ҳамчунин мегӯяд, ки Иттиҳоди Аврупо аз Русия қасоси Украинаро меситонад. Путин дар ҷараёни сафари худ ба Вена гуфт, ки тарҳи “Маҷрои ҷанубӣ” набояд ба сиёсат омезиш ёбад. Ба назари шумо, сиёсат, махсусан бӯҳрони Украина, ба гуфтушунидҳо оиди ин тарҳ чӣ нақше дорад?

Эдвард Лукас: Сиёсат дар ин тарҳ нақши муҳим мебозад. Ба назари ман, идеяи баҳси масъалаи газ берун аз доираи сиёсат хандаовар аст. Русия худаш газро ҳамчун абзори сиёсӣ истифода мекунад. Иттиҳодияи Аврупо тасмими сиёсӣ гирифт, ки бозори гази худро аз вобастагӣ озод кунад. Аз ин рӯ, ин масъала ба сиёсат рабт дорад.

Радиои Озодӣ: Тарҳи лӯлаи “Маҷрои ҷанубӣ” шикофҳоеро дар муносибати байни кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, онҳое ки бо Русия дӯстӣ доранд, мисли Австрия, ва давлатҳои дигар, ки мехоҳанд дар баробари Маскав мавқеъи сахтгирона дошта бошанд, ошкор кард. Оё шумо ба ақидаи бархе аз коршиносон розӣ ҳастед, ки мегӯянд, Путин мехоҳад бо истифода аз ихтилофи байни кишварҳои узв ба худи Иттиҳодияи Аврупо ва бозори энержии он зарар расонад?

Эдвард Лукас: Аз замоне ки Владимир Путин ба сари қудрат омад, ҳамеша талошҳои сохтории “тафриқа андоз ва ҳукумат кун» дар робита ба Аврупо ва Амрико ва дар дохили Аврупо вуҷуд доранд. Ӯ ҳамеша талош мекунад, ки қудратҳои бузург ва давлатҳои хурдро сар ба сар бизанад, давлатҳоеро, ки ба газ вобастагӣ доранд бар алайҳи якдигар бишуронад, аз ин гуна корҳо мекунад. Ин бахши асосии равобити Русия бо Аврупо аст. Аврупоиҳо бошанд бо шеваҳои мухталиф ба ин муқовимат мекунанд.

Радиои Озодӣ: Брюссел ба Булғористон ва Сербистон фишор меорад, ки ба сохтмони лӯлаи “Маҷрои ҷанубӣ” дар қаламравҳои худ хотима диҳанд. Имкон дорад, ки Австрия низ ба чунин фишор рӯ ба рӯ шавад ё бархӯрд бо кишварҳои қадимитари Иттиҳодияи Аврупо дигар хел аст?

Эдвард Лукас: Феълан фишори аслӣ рӯи Булғористон аст, зеро агар Булғористон лӯла насозад, зарурат ба сохтмони бахши австриягии он ҳам намемонад. Аммо сахтгир будан нисбати аъзои нав осонтар аз бархӯрд бо давлатҳои қадимӣ аст.

XS
SM
MD
LG