Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати нақлиёт: "Гарданаҳои мошингузар боз аст" (ВИДЕО)


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, резиши барф монеъи ҳаракати нақлиёт нашуда ва ҳама гарданаҳои мошингузар боз аст.

Умед Эшмирзоев, масъули навбатдории вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 24-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "рӯзи гузашта аз нимаи дуввуми рӯз резиши барф дар бештари манотиқи кишвар шуруъ гардид ва то кунун идома дорад. Аммо ҳоло дар қаламрави вилояти Бадахшон, ба ҷуз аз ноҳияи Дарвоз резиши барф ба мушоҳида намерасад."

Ба гуфтаи ҷаноби Эшмирзоев, "бо вуҷуди резиши барф роҳҳои мошингузар дар гарданаҳо, ба хусус гарданаи Анзоб ва Шаҳристон боз аст ва ҳаракати нақлиёт таъмин аст."

Эшмирзое гуфт, дар ҳоли ҳозир қабати барф дар гарданаи Анзоб ва Шаҳристон, ҳудуди 20 см-ро ташкил медиҳад ва ниҳодҳои зирабт ба тамиз кардани роҳҳо машғул ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи гузашта резиши борону барф ва туман ба фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе то андозае асар гузоштааст.

Ин аст, ки ба гуфтаи Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе "шоми дирӯз ҳавопаймои хати сайри 628 "Маскав - Душанбе" на дар Душанбе, балки дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Шодиев, имрӯз ҳавопаймои хати сайри "Урумчи - Душанбе" низ бо таъхир парвоз карда, интизор меравад наздиктарин лаҳзаҳо ба Душанбе бирасад.

Ба ин тартиб сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки фаъолияти фурудгоҳ ба таври комил ҷараён дорад ва парвозу нишасти ҳавопаймоҳо ба реҷаи муқарарӣ хоҳад даромад.
XS
SM
MD
LG