Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзбонҳои тоҷику қирғиз тавофуқ карданд, ки ба якдигар оташ намекушоянд


Марзбонҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи рӯзи шашуми июл қарордодеро имзо кардаанд, ки ба сӯи мардуми одӣ ва ҳарбиёни ду тараф оташ нахоҳанд кушод.

Марзбонҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон қарордодеро имзо кардаанд, ки бар асоси он, оташкушоӣ ҳам ба сӯи мардуми одӣ ва ҳам низомиён дар сарҳади ду кишвар манъ шудааст. Як мақоми баландпояи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 10 июл ба Радиои Озодӣ қарордодро "бисёр ҷиддӣ" номид ва гуфт, ки ин тасмим дар пайи ҳалокат ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз тири гӯё тасодуфӣ ва ошкорои марзбонҳои Қирғизистон гирифта шудааст.

"Ин тасмими бисёр ҷиддист. Агар касе ба сӯи мардуми мо тир мекушояд, ҷавоби худро хоҳад гирифт ё ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд," -- афзуд манбаъ.

Ин қарордоди нав рӯзи 9 июл аз сӯи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ – фармондеҳи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Раҳимбердӣ Дуйшанбиев -- раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар Исфара имзо шудааст. Ҷонибҳо дар ҳоле ба ин тавофуқ раисданд, ки ҳамагӣ чаҳор рӯзи қабл дар пайи тирпаронии марзбонҳои қирғиз як сокини 18-солаи Исфара ҳалок ва як марзбони тоҷик захмӣ шуд.

Натиҷа: "Калашников аз беэҳтиётӣ тир холӣ кардааст"

Абдураҳмон Қодирӣ

Абдураҳмон Қодирӣ

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояи Суғд, низ рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотияш аз имзои як санад аз сӯи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Исфара хабар дода, аммо ҷузъиёташро ошкор накард. Ӯ гуфт, "ёвари президент гуфтанд, ки ҳама масъалаҳо - ҳал. Дӯстона, ҳамсоявор кору зиндагиро пеш бурдан гиред."

Раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон тирандозии рӯзи шашуми июл аз тарафи марзбонони қирғиз чун амале арзёбӣ шудааст, ки аз "беэҳтиётӣ" рух додааст. "Вале ҷонибҳо эътироф кардаанд, ки ҳодиса дар қаламрави Тоҷикистон, канори деҳаи Чоркӯҳ ва ҳоло як маҳалли баҳснок рух додааст," -- илова кард ӯ.

Дар посух ба саволи хабарнигорон, ки чаро ҷониби Қирғизистон аввал шуда дар бора ин муноқишаи марзӣ хабар дод ва тарафи Тоҷикистон хомӯш буд? гуфт, ки худдорӣ аз шарҳи ҳамзамони моҷаро дар марз аз ҷониби мақомоти тоҷик "ба хотири раҳ надодан ба шитобкориву гапҳои беасос" буд. Вай гуфт, "аз ҷониби Қирғизистон маълумоти ҳархелаи нодуруст нашр карда истодаанд. Лекин мо дар ҳамсоягӣ содиқем ва дар масъалаҳои баҳснок гапро бисёр намекунем. Чунки ба фикри мо, ин масъалаҳо тадриҷан ҳалли худро пайдо хоҳанд кард."

Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Айни замон, як манбаи Радиои Озодӣ дар шаҳри Исфара, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, музокироти ҳайатҳо бидуни натиҷаи мушаххасе анҷом ёфт. Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони манотиқи марзии Исфара интизор доштанд, то мақомоти тоҷик дар мулоқот бо ҳамтоёни қирғизи худ барои ҳифзи шаҳрвандонашон чораву тадбирҳои мушаххас пешниҳод хоҳанд кард, вале ин интизориҳои онон бароварда нашудааст.

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили марзии минтақа мегӯяд, "дар ҷойҳое, ки ҳанӯз ба кадом давлат тааллуқ доштанаш расман маълум нашудааст ва давлатҳо дар ин бора ба созиш нарасиданд, аз он ҷойҳо бояд ҳарбиён берун бароварда шаванд. Хусусан аз маҳалҳои пайванд ба маҳалҳои марзӣ, мисли ҷамоати Чоркӯҳи Исфара. Он ҷо посгоҳу дидбонгоҳҳои марзбонҳои Тоҷикистону Қирғизистон қад-қади маҳалҳои зисти мардум аст. Ва ин ба равуои озодонаи мардум халал мерасонад. Мехостам комиссияҳои байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ диҳанд."

Ҷаноби Мирсаид афзуд, дар ҳоле сокинони марзии Исфараву Бодканд муноқишаву тирпаррониҳои марзии соли гузашта др ин минтақаро оҳиста-оҳиста ба фаромӯшӣ супурда, нав ҳамкориҳои марзиро аз сар гирифта буданд, муноқишаҳои навбатӣ ба беҳбуди муносибатҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон таъсири манфӣ мерасонад.

Ба иттилои масъулони шаҳри Исфара муноқиша миёни сарҳадбонони тоҷику қирғиз баъд аз зуҳри 6 июл дар як мавзеи ҳаммарз бо Қирғизистон сар задааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, марзбонони қирғиз ба тарафи сарҳадбонони тоҷик, ки савори як мошини низомӣ будаанд,

Боборизо Ризоев (аз тарафи чап)

Боборизо Ризоев (аз тарафи чап)

тирандозӣ кардаанд, ки бар асари он сокини 18-солаи ҷамоати Чоркӯҳ Боборизо Ризоев ба ҳалокат расида ва як сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон захмӣ шудааст.

Вале ҷониби Қирғизистон ҳодисаи тирпаррониро дигаргуна шарҳ дода буд. Бахши робита бо расонаҳо ва ҷомеаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар рӯзи вуқӯи ҳодиса бо пахши як изҳорот гуфт, даргирӣ баъд аз он сар задааст, ки шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз хатти марзи Қирғизистон убур карда ва ба мошинаҳое, ки ба шаҳрвандони он кишвар тааллуқ доштаанд, сангпартоӣ кардаанд.

Ин барои бори аввал нест, ки дар марзи ду кишвари ҳамсоя миёни марзбонони ду ҷониб муноқиша сурат мегирад. Ҳудуди як сол қабл, дар моҳи августи соли 2014 дар канори деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни марзбонҳои ду кишвар муноқиша сар зад, ки дар натиҷа 2 нафар - як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва як сокини осоишта - кушта шуда, 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ гаштанд. Аз ин пеш, 11 январи соли 2014 дар як тирандозӣ байни марзбонони ду кишвар 8 нафар, аксаран маъмурони интизомиии Қирғизистон захмӣ шуданд.

То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, бар сари хатти сарҳад ба мувофиқа бирасанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG