Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cаршумори оҳуи бухороӣ дар "Бешаи палангон" зиёд шуд


Мақомот мегӯянд, ки имсол танҳо дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” саршумори оҳуи нодири бухороӣ то 85 сар зиёд шудааст.

Оҳувони зебо ва нодири бухороӣ имсол дар мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон", дар ҷануби Тоҷикистон, саффи худро 85 сар зиёд кардаанд. Масъулони Идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон 30 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ин тартиб, шумораи оҳувони бухороӣ танҳо дар "Бешаи палангон" ба 400 расидааст ва онҳо талош хоҳанд кард, ки парвариши ин ҷонварро дар боғу мамнӯъгоҳҳои дигар ба роҳ бимонанд.

Қади ин оҳу, ки наринааш шохҳои бузургу зебо дорад, ба 1 метру 20 сантиметр ва вазнаш то 200 кило мерасад. Насли ин ҷонвар, ки қаблан танҳо дар Тоҷикистон сукунат дошт, баъдан дар замони Шӯравӣ ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистону Қирғизистону Қазоқистон бурда шудааст.

Убайдулло Акрамов, муовини сардори муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Оҷонсии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, мегӯяд, саршумори оҳуи бухороӣ дар замони ҷанги дохилии кишвар башиддат кам шуда ва ҳатто дар ҳоли нобудӣ қарор дошт. "Дар он вақт саршумори ин оҳуи нодир ба 36 сар расида буд," -- ба ёд меорад Акрамов.

Ба қавли ӯ, қисме аз оҳуи бухороӣ дар "Бешаи палангон" ва қисми дигарашон дар мамнӯъгоҳи Ромит, ки онҷо саҳнаи даргириҳо миёни мухолифони давлат ва нерӯҳои ҳукуматӣ буд, тӯъмаи одамон ва ҷонварони ваҳшӣ шудаанд. Ҳоло мақомот мегӯянд, бо вуҷуди камубеш афзудани саршумори оҳуи бухороӣ ҳанӯз шикори ин ҷонвари зеборо иҷозат надодаанд, ки номаш дар Китоби сурхи Тоҷикистон ҳам ворид шудааст.

Убайдулло Акрамов мегӯяд, дар сурати афзоиши аз ин ҳам бештари оҳуи бухорӣ онҳо парвариши онро дар мамнӯъгоҳҳои дигари кишвар метавонанд ба роҳ монанд. "Мехоҳем, оҳуи бухориро ба паркҳои табиии Сари Хосор ва дигар боғҳову мамнӯъгоҳҳо бидиҳем, то наслаш бисёр шавад. Нақшаҳо ҳаст, ки дар ноҳияи Панҷ парваришгоҳи оҳуи бухороиро ба роҳ монем. Дар сурати бештар шудани оҳуи бухороӣ тиҷорат карданаш низ имкон дорад," – афзуд ӯ.

Аз мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин беша натанҳо оҳуи бухороӣ, балки 300 сар гӯсфанди кӯҳӣ низ парвариш меёбанд, ки аз ҳоло барои нигоҳдории онҳо дар рӯзҳои сарди зимистон

ғизои зарурӣ омода шудааст. Ҳабибулло Қодиров, муовини сардори Идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон мегӯяд, "дар "Бешаи палангон" натанҳо оҳуи бухороӣ, балки бузи кӯҳӣ, оҳуи сайдак ва заргӯшу хук низ ҳастанд ва зимистонгузаронӣ низ дар он ҷо хуб аст."

Мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" дар ноҳияи Ҷилликӯл, дар масоҳати беш аз 60 ҳазор гектар, ҷойгир шудааст. Идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон баҳори соли ҷорӣ барои ҳифз ва нигоҳдории ҳайвоноти нодири мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" ва ба хотири коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим кишти саксавулро ба роҳ монд. Қади ин рустанӣ ба се метр мерасад ва барои ҳифзи набототу ҳайвонот аз гармсел ва сардиҳои зимистон муфид будааст.

XS
SM
MD
LG