Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсӣ: "Муҳоҷирон баргашта инҷо майли кор надоранд, чун маош кам аст"


Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар се моҳи ахир ҳамагӣ 115 муҳоҷири баргаштаро бо ҷои кор таъмин кардааст.

Дар се моҳи соли равон ба Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бештар аз ҳазор нафар аз муҳоҷироне, ки аз Русия баргаштаанд, барои пайдо кардани кор муроҷиат кардаанд. Ин шумора дар қиёс ба теъдоди бузурги муҳоҷирони баргаштаи тоҷик дар пайи бӯҳрони молиявӣ ва шадидтар шудани қонунҳои Русия дар нисбат ба муҳоҷирон ночиз шумурда мешавад.

Раҷабалӣ Гулшанов, сардори раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии вазорати меҳнат мегӯяд, теъдоди бузурги муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон баргашта бошанд ҳам, дар муроҷиати онҳо барои таъмин бо ҷои кор дар қиёс ба солҳои гузашта ҳеҷ тағийри ҷиддие мушоҳида намешавад. Ӯ мегӯяд, муҳоҷирони баргашта дар ҳоле барои пайдо кардани кор ба онҳо муроҷиат мекунанд, ки роҳи бозгашт ба Русияро надошта, ҳамчунин дар пайдо кардани шуғл мушкилӣ мекашанд.

Ӯ афзуд: “Сабаби муроҷиат накарданашон ин аст, ки ҳанӯз захираи пулҳои овардаашон аз Русия тамом нашудааст. Вақте пулашон тамом шуд, ба мо муроҷиат мешавад, ки ҳатман мо барояшон кӯмак мекунем. ”

Аз сӯи дигар Гулшанов мегӯяд, муҳоҷирони баргашта бо маоши бештар дар Русия кор кардаанд ва чандон майл надоранд, бо маоши кам дар Тоҷикистон кор кунанд: “Он ҷо аз 600 доллар то 800 доллар маош мегирифтанд. Ҳоло дар мо маоши ҳади ақал 250 сомонӣ ҳаст ва аз моҳи сентябр 400 сомонӣ хоҳад шуд. Муҳоҷирон, ки бо маблағи бештар кор кардаанд, чандон хуши бо маоши камтар кор карданро надоранд.”

Аммо муҳоҷирон мегӯянд, корҳое, ки Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳод мекунад, чандон қобили қабул нестанд. Қурбоналӣ Аламов, як муҳоҷире, ки 6 моҳ пеш аз Русия баргаштааст, мегӯяд, ба он хотир ба шуғли аҳолӣ муҳоҷират накардааст, ки ин Оҷонсӣ барои пайдо кардани кор моҳҳо мунтазират мекунад ва дар ниҳоят “бинобар пайдо нашудани кори мувофиқ” аз рӯйхат берунат меандозад.

Ӯ гуфт: “Барои ҳамин вақте омадам, бо пули доштаам як мошин харидам ва ҳоло таксӣ мезанам. Зиндагиамро бо ҳамин восита мегузаронам. Дигар ҳеҷ коре нест, ки ин ҷо бикунем. Бо мусофиркашонӣ маблағ захира карда намешавад, аммо гурусна ҳам намемонӣ. Ҳоло мехоҳам боз як бори дигар ба Русия равам, агар он ҷо нашуд, ин бор омада, ягон фикри дигар мекунам. ”

Ҳоло муҳоҷироне, ки бинобар аз даст додани корашон дар Русия ба ватан баргаштаанд, бештар дар маконҳое ҷамъ мешаванд, ки бо номи “Мардикорбозор” маъруф аст. Шумораи ин гуна макон, ки дар тамоми шаҳру навоҳӣ ба 23 адад мерасад, мардикоронеро ҷамъ мекунад, корҳои мувақатииро бо фармоши сокинон, мисли таъмири манзил ё корҳои саҳроӣ анҷом медиҳанд.

Зоҳир Маҳмадов, як муҳоҷири дигари баргашта мегӯяд, ӯ дар Русия ҳунари хуби бомпӯширо омӯхтааст ва ҳоло бо ин касб зиндагиаш дар Тоҷикистон хуб мегузарад. Ӯ гуфт: “Ман ба ҳеҷ ҷо муроҷиат накардам. Вақте чердаки ду се ҳамсояро гирифтам, дигарон дида, ба кор даъватам карданд. Он ҷо шакли нави бомпӯширо омӯхтаам. Ҳамроҳ бо се нафар як чердакро аз се то 7 рӯз месозем ва то 2,5 то 3 ҳазор сомонӣ мегирем. Агар ҳамин хел идома кунад, ҳамин ҷо пеши бачаҳоямон мемонам.”

Дар ҳамин ҳол, Ҷовидшоҳ Ҷӯраев, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, воқеан, муҳоҷирон ба он хотир барои пайдо кардани кор ба Оҷонсии меҳнат муроҷиат намекунанд, ки дар Тоҷикистон корҳои ғайрирасмӣ аз корҳои расмӣ даромади бештар доранд.

Ӯ гуфт: “Онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд, ки ғайрирасмӣ барояшон маош медиҳанд ва бо онҳо шартномаҳои шифоҳӣ мекунанд. Бо сабабе, ки андоз вазнин аст, аксаран ба хотири гурез аз андоз ба кормандон маош медиҳанд. Дар Тоҷикистон дар хоҷагии қишлоқ чунин корҳои мавсимӣ зимёданд. Ҳарчанд, аз нигоҳи аввал корҳои ғайрирасмиро ба манфиат худ донанд ҳам, аммо дар сурати пардохт нашудани маош, онҳо ба ҳеҷ ҷое шикоят карда наметавонанд.”

Дар пайи шадид шудани қонунҳои муҳоҷират ва поин рафтани қурби рубли русӣ, теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар ҳоле, ки ҳамасола сар аз моҳи феврал сафари муҳоҷирон ба Русия шурӯъ мешуд, аммо ҳоло дар ду моҳи ахир беш аз 70 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Русия ба ватан баргаштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG