Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикони бурунмарзӣ дар интихоби либос дар кишварҳои хориҷа аз рӯи мақоли “Шаҳри якчашма рафтӣ...” амал карда, талош мекунанд бо либосашон аз мардуми бумии макони зисташон фарқ накунанд. Хосатан дар кишварҳое, ки пӯшиши либоси хориҷӣ таваҷҷӯҳи беш аз ҳадди атрофиёнро ба бор оварда, як навъ таҳоҷуми фарҳангӣ пазируфта мешавад.

Фарангиси Музаффар - ҷавондухтари тоҷик, ки дар чанд сол аст дар Маскав кору зиндагӣ дорад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мардумони бумии пойтахти Русия онҳоеро, ки ба тозагӣ ба ин шаҳр кӯчидаанд, хуш надоранд ва афроди ғайрирусро бо либоси миллиашон бинанд, ҳатман чашм ало мекунанд.

Ба гуфтаи Фарангиси Муззафар, “ба либоси миллии мо дар ин ҷо назари неке надоранд. Агар занони тоҷик бо либоси милллии тоҷикӣ дар метро ва ё дигар нақлиёти ҷамъиятӣ зоҳир шаванд, ҳатман чашм ало мекунанд ва ҳарфҳои баде мегӯянд. Ман боре шоҳид шудаам, ки чанд зани тоҷик ба автобус савор шуданд, русҳо гуфтанд, ана лӯлиҳоро бинед, ҳамаҷоро зер кардаанд. Ин бисёр дарднок аст.”

Хонум Фарангис мегӯяд, ин ки либоси милли тоҷикӣ таваҷҷуҳи беш аз ҳад ва на ҳамавақт некбинонаи мардуми бумиро ба бор меорад, ӯ ва аксарияти дигар тоҷикон талош мекунанд либосеро ба бар кунанд, ки аз пӯшишҳои мардумони бумӣ чандон фарқ надошта бошад. Дар ғайри сурат афзуд Фарангис, шахс танҳо ба хотири либоси миллӣ ва ё мазҳабиаш метавонад ба як ангуштнамои роҳгузарон ва ё мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ табдил ёбад.

Гавҳар Ҷӯраева.

Гавҳар Ҷӯраева.

Аммо Гавҳар Ҷӯраева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Муҳоҷират ва ҳуқуқ” дар Маскав мегӯяд, мушкили мардуми маҳаллӣ танҳо дар нисбати либоспӯшии тақлидӣ ба бархе аз кишварҳои арабӣ аст, на ба либоси миллии тоҷикӣ. Вай гуфт: “Ман аслан муқобили тақсим кардани либос ба миллӣ ва мазҳабӣ ҳастам. Ҳамин либоси миллии мо тоҷикон, ки нофро пӯшонад, ҷавобгӯи меъёрҳои ислом низ ҳаст. Шарт нест, ки сиёҳ пӯшем, бигузор сару либос ва рӯймолҳои мо ранга бошад”.

Хонум Ҷӯраева мегӯяд, шахсан ӯ гоҳҳо тоқии тоҷикӣ ва ё куртаҳои милллӣ ба бар мекунад ва мардумони маҳаллӣ ба ин гуна пӯшиши ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда, табассум мекунанд.

Ҳамсӯҳбатони мо аз шумори тоҷикони муқими Русия дар ин робита мегӯянд, рустаборон ва ё мардумони дигари маскуниин кишвар дар ҷашну маъракаҳои хос ва ё намоиши либосҳои миллӣ ба пӯшиши тоҷикон, хосатан ба либоси духтарони тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, ҳатто акс ҳам мегиранд. Аммо дар рӯзҳои маъмулӣ ба бар кардани либоси миллӣ таваҷҷуҳи нороҳаткунандаеро ба бор меоранд ва ин аст аксарияти тоҷикон ба хотири ҷудо нашудан дар миёни мардуми бумӣ, аз баҳри либоси миллӣ мебароянд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Русия мегӯянд, омор ва ё мушоҳидаи хосе дар мавриди он, ки то чӣ ҳад ба бар кардани либоси миллӣ риски мавриди ҳамлаи қавмгароҳо қарор гирифтани муҳоҷиронро собит кунад вуҷуд надорад.

Александр Верховский.

Александр Верховский.

Александр Верховский, роҳбари созмони “Сова” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин робита гуфт: “Маъмулан “бегонаҳоро” аз рӯи симои зоҳириашон маълум мекунанд. Аммо либоси миллӣ албатта риски мавриди ҳамлаи қавмгароҳо қарор гирифтанро бештар мекунад. Лекин чӣ миқдор одамон маҳз аз рӯи либосашон ҷабр дидаанд... дар ин маврид ягон омори дақиқе нест.”

Верховский мегӯяд, ин ки то куҷо шахс омодааст ба хотири либоси миллиаш ҷонашро дар хатар гузорад, ин интихоби шахсии ҳар нафар аст.

Дар ҳамин ҳол, Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, яке аз марҷаҳои тақлиди шиа, ки иҷрои ҳатмӣ ва бечунчарои аҳкоми шариатро тарғиб мекард, ахиран бо судури як фатво гуфтааст дар сурати пофишории "донишгоҳи хориҷ аз кишвар ба тарки ҳиҷоб", занон метавонанд ҳиҷобро риоят накунанд.

Ахиран Иморати Муттаҳидаи Араб низ ба шаҳрвандонаш тавсия дод дар хориҷ аз пӯшидани либосии миллӣ худдорӣ кунанд, то мавриди шубҳаи беҳудаи пулисҳо қарор нагиранд. Ин тавсияи ҳукуматдорони Иморот дар пайи як ҳодиса дар Амрико садо дод, ки нерӯҳои пулис араберо ба хотири либоси миллиаш иштибоҳан ба террористи маргталаб гумонбар дониста, ба замин афтонданд.

XS
SM
MD
LG