Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили сарбоз будани зан дар ҷомеаи Афғонистон (ВИДЕО)


Тангдастии оила ва нотавониву бекории мардони хонавода шуморе аз занонро дар Афғонистон водор кардаааст, ки тарсу ҳаросро як сӯ гузоранд ва ба сафи низомиён бипайванданд.

Аз Лутфия -- модари 6 фарзанд дар Шерхон Бандари Афғонистон бархе “қумондон” ном мебаранд. Ӯ дар либоси низомӣ дар гузаргоҳи Шерхон Бандар -- яке аз бандарҳои калидии транзитии Афғонистон, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад, кор мекунад. Вазифаи аслиаш тафтишгар аст. Занону мошинҳое, ки ин гузаргоҳро убур мекунанд аз тафтиши Лутфия мегузаранд ва ҳамчунин зимни амалиётҳои низомӣ ҳамроҳ бо мардони марзбон ӯ ба ҷустуҷӯи хонаҳои шубҳанок меравад.

Ба хотири дарёфти нони даҳони фарзандон ва саводнок кардани онҳо, ин зани 40-солаи афғон, ки қаблан хайётӣ мекард, 6 соли пеш, тасмим гирифт сарбоз шавад. Аммо ба ҷуз аз модар ва бародари бузург, дигар касе ба ин кори ӯ розӣ набуд: “Вақте ба сафи пулис шомил шудам, наздикон омада маро хеле сарзаниш карданд, ки ту чаро рафтӣ? Ман гуфтам барои фарзандонам бояд кор кунам, ки як чизе ёд гиранд, дарс хонанд. Боз ҳам бисёр миннат мекарданд, ва билохира ман фарзандонамро гирифтаму аз он ҷо куч баста ва ба Бандари Шерхон омадам. Аз хурдӣ ҳам ҳамин филмҳои ҷангӣ бо ширкати занон, ки тамошо мекардам, мехостам дар ин соҳа кор кунам.”

Дар ҷомеаи ҷангзадаи Афғонистон, ки ҳуқуқи занонаш маҳдуд аст, таҳдид ба занони низомипӯш ва қолабшикан бештар мебошад. Тӯли 6 соле, ки ӯ дар бахши пулиси марзбонӣ кор мекунад, наметавонад роҳат ба аёдати волидон ва ё наздикони худ ба минтақаҳои дигар биравад. Чун хатари боздошт шуданаш аз сӯи Толибон зиёд аст.

Ӯ мегӯяд, ки “вазъ 24 соат хуб нест, ҷое ҳам рафта наметавонем, аз хона берун рафта намешавад, метарсем, ки кадом душман омада моро назанад, агар ҷое ҳам рафтем ба ҳамсояҳо намегӯем, ба хонавода таъкид мекунем, ки ба касе нагӯянд, ки мо масалан Кобул ё Кундуз рафтем. Толибон ҳар замон метавонанд савораҳоро аз мошин берун оварда, ангуштонатонро тафтиш мекунанд ва агар донанд, ки ту дар давлат кор мекунӣ, ҳалокат мекунанд.”

Мисли Лутфия имрӯз дар сафи пулиси сарҳадии Афғонистон ҳудуди 200 зан фаъолият мекунанд. Занон дар маҷмӯъ як дарсади кормандони идораи марзбонии Афғонистонро ташкил медодаанд. Аксарият бо бурқаҳои сиёҳ то ҷойи кор мераванд ва баъдан табдили либос мекунанд.

Мушкили сарбоз будани зан дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Гулбибӣ, ҳам дар майдони ҳавоии ҳарбӣ дар Кундуз ба ҳайси тафтишгар кор мекунад. Ӯ ҳам барои таъмини хонаводаи 13-нафараи худ ба ин сохтор ба кор омад. Ӯ 200 доллар маош мегирад ва мегӯяд, шавҳараш ба як шарт барояш иҷозаи корро дод: “Гуфт, Худое нахоста хатое кунӣ, зинда намемонамат. Мақсад дар телефон масруф нашавӣ ё касе фиребат надиҳад, одамӣ ақли хом дорад ба ҳар ҳол, вале ҳеҷ гапе нашуд, 8 сол шуд ман дар майдон ҳастам ва ҳама аз ман хуш ҳастанд. Бо мардон якҷо кор мекунем, хӯрок мехӯрем, мешинем.”

Гулбибӣ ба хотири бехатарӣ, ҷойи корашро аз аксар ҳамсояву ҳамдеҳагон пинҳон медорад. Ин занон, ки қолабшиканӣ карда ба фарқ аз аксар дигар занони афғон бурқаҳои сиёҳи худро аз сар кашида, дар қатори мардон фаъолият мекунанд, на танҳо аз сӯии Толибон таҳдид мешаванд, балки аз сӯйи занони оддӣ, ҳамсояҳои хеш ҳам хушунат мешаванд.

Лутфия мегӯяд, ҳатто баъзан аз занони онҳоро барои ин кор “кофар” ҳам ном мебаранд: “Ягон ҷое шинем, занон ба ман мегӯянд, ту маоши давлата мехӯрӣ, маоши Амрикоро мехӯрӣ, мегӯям, нуши ҷонам, ки мехӯрам, зиёд мағолу баҳс мекунам бо занон. Мегӯям, давлат хуб аст, баъзе мегӯянд, Толибон хубанд. Толиб чӣ хубӣ дорад, ки фақат мекушад ва вайронӣ мекунад?”

Лутфия ва Гулбибӣ, ки ҳоло барои ширкат дар як давраи омӯзишӣ дар Душанбе қарор доранд, мегӯянд, ҳатто аз ин сафарашон ҳам бисёре аз ҳамсояву наздикон хабар надоранд.

Бо ин ҳама мушкилот, ба гуфтаи масъулини пулиси сарҳадии Афғонистон дар як даҳсолаи ахир таваҷҷӯҳи занон ба сохторҳои низомии ин кишвар бештар шудааст.

Аҳмад Гул, як афсари қувваи пулиси сарҳадии Афғонистон, мегӯяд, Вазорати умури дохилаи ин кишвар ҳоло ба он талош дорад, ки нақш ва ҳузури занон дар ситодҳои ин ниҳод бештар шавад. Ба ин хотир ҳам ба гуфтаи ӯ, дар ин ниҳод барои 5 ҳазор зан кор пешбинӣ шудааст.

Ба қавли ин мусоҳиби мо, ба сарбозӣ занони аз 19 сола боло ва солим қабул мешаванд. “Аз сабабе, ки онҳо модар ҳастанд ва болои кор тарбияи фарзандро ба дӯш доранд, ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шуда, бо хадамоти беҳдоштӣ таъмин ҳастанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Аҳмад Гул, бо афзун шудани фаъолияти созмонҳои хориҷӣ дар Афғонистон, чашми занони ин кишвар ҳам боз ва ҷасораташон бештар шудааст.

Лутфия ва Гулбибӣ -- ду зани афғоне ҳам, ки барои пешбурди зиндагӣ ва ҳифзи марзи кишвари худ либоси низомӣ ба бар кардаанд, мегӯянд, дар ин роҳ “ё сар медиҳанд ё сангар”.

“Мо дигар савганд ёд кардаем, ки ё сар медиҳем ё сангар. То вақте зинда ҳастам ҳамин корамро идома медиҳам ва баробари душман меҷангам. ”-мегӯяд Гулбибӣ.

XS
SM
MD
LG