Пайвандҳои дастрасӣ

Миёни фарзияву омилҳои зиёде, ки мақомот чун сабабҳои ифротгарову ҷинояткор шудани ҷавонон пеш меоранд, сари ин омил низ зиёд таъкид мешавад, ки нақши хонавода камранг шудааст.

Модари як ҷавони тоҷик, ки 8 моҳи пеш бо гумони ифротгароӣ дар Ироқ боздошт шудааст, моҳҳои ахир мехоҳад ба ин суол посух ёбад, ки дар тарбияи фарзандаш ҳамчун модар дар куҷо ба иштибоҳ кард, ки натавонист, аз “ҷиҳодӣ” шудани фарзанди худ ҷилавгирӣ кунад.

Ҳашт моҳи пеш фарзанди 25 солаи ин модар Аҳтам Олимов дар Ироқ аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ боздошт шуд, вале то ҳанӯз талошҳо барои баргардонидани ӯ натиҷа надодаанд. Хосият Тоҳирова, модари Аҳтам, пайваста ашк рӯз ашк мерезад ва сарнавишти норӯшани писараш, нороҳаташ мекунад. Писаре, ки бо ваъдаи пулкоркунӣ ва пардохти 4 ҳазор долари қарз ба Русия рафт, вале бо ҳамин хабараш аз Ироқ омад. Ба ҷуз охирин навору хабаре, ки моҳи сентябри соли гузашта, расонаҳо дар бораи писари ӯ нашр карданд, ин модар дар бораи фарзанди худ дигар чизе намедонад.

Хосият Тоҳирова мегӯяд, тамоми ин муддат хурду хобашро фаромӯш кардааст ва зиндагӣ дигар барояш берангу бемаъно шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳамеша аз худ мепурсад, ки чаро маҳз писари ӯ ба ин дом афтод. Вале ба суолҳои худу пурсиши мо, ки чаро писараш ба чунин ҷодаи хатарнок пой ниҳод, посухаш як аст: “Намедонам бачаи хуб буд, мактаби миёнаро бо баҳои на баду на хуб хатм кард, шароит ки набуд, дохил нашуд. Тӯй кардему қарздор шуд, бо ҳамсараш соз нагирифт, 2 моҳ зиндагӣ карду ҷудо шуд ва ба Русия коркунӣ рафт. Ҳамин тавр 10 моҳ занг назад, ғайб зад, Баъд фаҳмидем, ки ба Сурия рафтааст. Намедонам, охир ҳайронам, ки чаро чунин кард.”

Аҳтам -- писари дуввуми Хосият Тоҳирова аст ва якҷо бо 5 хоҳару бародари дигар қариб бе ҳузури падар бузург шуд. Ҳоло ҳама писарони ӯ муҳоҷири меҳнатӣ шудаанд ва шавҳараш пешаш аст. Замоне ин ҳама баръакс будааст. Шавҳар дар муҳоҷират аз пайи коркобӣ ва пулкоркунӣ буд ва тарбияи 4 писару ду духтар ба ӯҳдаи модари танҳо.

Миёни фарзияву омилҳои зиёде, ки мақомот чун сабабҳои ифротгарову ҷинояткор шудани ҷавонон пеш меоранд, ҳамакнун сари ин омил ҳам зиёд таъкид мешавад, ки нақши хонавода, махсусан нақши падар, ки дар тарбияи писарон бузург аст, камранг шудааст.

Гуфта мешавад як насл, ки дар замони ҳассос ва шароити хос бузург шудаанд, аз сиёсату тарбия ва насиҳатҳои падар, ки дар хонаводаҳои суннатии Тоҷикистон нақши умда дорад, дур мондаанд ва тарбияи онҳо ба дӯши модарон, ки аксаран маълумот надоранд, бор шуд.

Мунира Иноятова, собиқ вазири маориф ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, арзишу талабот ва умуман шеваи таълиму тарбия ва муносибат бо фарзандон дар хонаводаҳои тоҷик дар ду даҳсолаи ахир тағйир ёфтааст: “Пеш вақт дар оила вақте бача дар хона гапи сахту бад мезад ё овоз баланд мекард, ӯро насиҳат мекарданд, ки корат нодуруст аст ва пеши калонсолон бояд муносибатро дигар кунӣ, аммо ҳоло агар хуб мушоҳида кунем, мебинем, занҳо дар назди хонаҳо нишаста машғули сӯҳбатанд ва кӯдакон ба оворагардиву бадгӯӣ. Модарон ғарқи сӯҳбат ҳатто ҳақоратҳои фарзандони худро намешунаванд ва намегӯянд, ки бача ин корат бад аст.”

Мунира Иноятова

Мунира Иноятова

Мунира Иноятова меафзояд, агар модар маърифату фарҳанги баланд ва аз замони имрӯз огоҳ бошад, метавонад ба фарзанд таъсир расонад. Хонум Иноятова бо таассуф мегӯяд, имрӯз аксар занони тоҷик фарҳанги тарбия ва масъулияти худро ба пуррагӣ намедонанд, онҳо аз дунёи фарзандони худ фарсахҳо дуранд ва наметавонанд дар лаҳзаҳои зарурӣ, ҷигарбандонашонро дуруст роҳнамоӣ кунанд. Ин мусоҳиби мо, ки дар доираи лоиҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ бо модарону занони зиёде ҳамсӯҳбат мешавад, қиссаи модареро ёдовар шуд, ки фарзандаш дар Сурия кушта шудааст, ва худаш иқрор мекунад, ки натавонист ӯро сари вақт дарк кунад.

“Баъди як ҳамоиш зане наздам омаду навори ҷанозаи писарашро дар Сурия бароям нишон дод. Як ҷавони базеб. Ман гуфтам, чӣ норасоӣ доштед, вақте писаратон ин роҳи нодурустро интихоб кард шумо куҷо будед? Ба ҳама саволам посухаш “намедонам” буд. Ман гуфтам, магар ӯ дар симои шумо модарро намедид? Ҷавобро бинед. “ То 10 - 11 солагӣ гапамро гӯш мекард, вале дигар намедонам охир, ин ҷамъият дигар шудааст, натавонистам ба вай маслиҳат диҳам. Вай шаҳид шудан хост”. Бубинед модар аз ҳаёти писараш хабардор нест, тамоман тассавурот надорад. ”

Тибқи омори расмӣ, дар як соли ахир пеш аз 7 ҳазор волидайн барои бемасъулияти дар тарбияи фарзандонба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ, ки дар он кӯдакони душвортарбия таълим мегиранд, дар солҳои ахир ба маконе табдил ёфтааст, ки модарони танҳо роҳи халосӣ аз мушкили худро дар он мебинанд. Вақте мебинанд, ки дигар зӯрашон ба фарзанди ноболиғ намерасад ва хатари ба роҳи нодуруст рафтани онҳоро эҳсос мекуанд, ҷиҳозу либоси писарро ҷамъ карда, ба ин муассиса меоранд.

Намозалӣ Бобоев, раҳбари ин мактаб мегӯяд, аксари бачаҳое, ки ин ҷо тарбия мегиранд, аз хонаводаҳои носолим ва ё хонаводаҳое ҳастанд, ки падар дар тарбияи онҳо нақши кам дорад: “Албатта махсусан дар ҳамин як соли ахир муроҷиат хеле зиёд шуд, имрӯз бисёр наврасон волидонро гӯш намекунанд. Шикоят аз саркашу гапнодаро шудани бачаҳо зиёд аст. Онҳо ба гапи модар тан намедиҳанд ва мактаб намехонанд. Модарон, ки бештар дар тарбияи кӯдак танҳоянд, омада мепурсанд, ки чӣ кор кунем мо ҳар коре мекунем, ҳеҷ натиҷа надорад ва гӯш намедиҳанд ба гапи мо.”

Шариф яке аз 72 наврасе ҳаст, ки дур аз падару модар дар мактаби махсуси душвортарбияҳо ба сар мебарад. Ӯ қариб дар 12 ҷинояти дуздӣ иштирок кардааст: “Мактаб мерафтам мегуфтаму гурехта оворагардӣ мекардам. Ғам медодам муаллимонро. Ҷанг мекардам ва аз мактаб хориҷам карданд. Албатта гуноҳи худам аст, ки ба гапи модару бобоям гӯш намедодам.”

Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон бо муроҷиат ба модарон мегӯяд, “Ин замон замони пешравии илму технология аст. Замоне, ки агар шумо ба ин муҳит ворид нашавед ва аз он чизҳое, ки фарзандони шуморо иҳота кардаанд, огоҳ набошед, аз тамоми чиз маҳрум мешавед, ҳатто аз фарзандони худ. Ҷавонон ҳамеша дар ҷустуҷӯянд, агар дар оила ба саволи худ посух нагирад, берун меравад, ҳатто берун аз кӯчаву шаҳру давлат ва посухҳои нодуруст онҳоро ба ҷинояткорӣ мебарад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG