Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳон: Белгия бо Алҷазоир, Бразил бо Мексика ва Корея бо Русия

Дар идомаи сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонии Бразил-2014, шаби 17- ва18-уми июн се бозӣ доир шуд, ки ба андешаи мутахассисони футбол, шаби камҳаяҷон ва кам голе буд. Дар нахустин бозии шаби гузашта дастаи Белгия муваффақ шуд бо натиҷаи 2:1 бар Алҷазоир ғолиб ояд. Баъд аз бозии Алҷазоир ва Белгия, дастаи мизбон -- Бразил бо Мексика вориди майдон шуданд, аммо бидуни гол бозӣ анҷомёфт. Дар бозии савуми шаби гузашта мунтахаби миллии футболи Русия бо Кореяи Ҷанубӣ бо ҳам рақобат карданд ҳисоб 1-1 поён ёфт.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG