Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмихудо Додихудоев, варзишгари маълули тоҷик, дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар давидан ба масофаи 100 метр ноком шуд.

Вай рӯзи 10 сентябр дар мусобиқаи интихобӣ дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар байни 14 нафар ширкаткунандагони пойга бо натиҷаи 12,89 сония дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи интихобӣ ҳашт нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки дунафарашон аз Бразилия, якнафарӣ аз Эрон, Австрия, Куба, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин мебошанд. Дар мусобиқаи интихобӣ давандаи Бразилия Дос Сантос Петрусио Феррейра бо нишондоди 10,67 сония мақоми аввалро касб кард.

Раҳмихудо Додихудоев боз дар як навъи рақобатҳои варзиши сабук – давидан ба масофаи 400 метр – иштирок мекунад. Мусобиқаи интихобӣ дар ин масофа миёни мардон бегоҳи ҷумъаи 16 сентябр баргузор мешавад.

Зимнан, Раҳмихудо Додихудоев танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейро муаррифӣ мекунад. Дар маросими ифтитоҳи ботантани бозиҳо вай парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Ба ҷуз Раҳмихудо Додихудоев, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии кишвар ва Абдурауф Олимов, дабири кулли ин кумита, инчунин як нафар тарҷумон дохиланд.

Раҳмихудо Додихудоев, ки 26-сола аст, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакӣ вай ба бемории остеомиелит гирифтор шуд ва пизишкон натавонистанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд. Раҳмихудо Додихудоев бо мошине, ки ба ӯ бародараш тақдим кардааст, таксиронӣ карда, рӯзгорашро пеш мебарад. Аз ин рӯ, имкони ба варзиш пайваста машғул шуданро надорад.

Раҳмихудо соли 2014-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд мақоми шашумро касб кардааст. Ӯ соли 2015-ум дар шаҳри Сочии Русия дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул масофаи 400 метрро чорумин шуда тай намуд ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Раҳмихудо Додихудоев ба Паралимпиадаи Рио таҳти раҳбарии мураббии варзида Ғайрат Неъматов омодагӣ дидааст. Оқои Неъматов пеш аз сафари шогирдаш ба Бразилия зимни як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Раҳмихудо дар ин бозиҳо имкон дорад нишондодҳои инфиродиашро беҳтар намояд. Зимнан, натиҷаи нишондодаи Раҳмихудо дар давидан ба масофаи 100 метр (12,89 сония) дар Паралимпиадаи Рио беҳтарин натиҷаи инфиродии ӯ ба шумор меравад.

Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки 7 сентябр шуруъ шуданд, то рӯзи 18 сентябр идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 4000 варзишгар аз 160 кишвари ҷаҳон барои 528 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуди варзиш рақобат мекунанд.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби Чин бо касби 69 медал (26 тило, 24 нуқра ва 19 биринҷӣ) қарор дорад.

Британияи Кабир бо 35 медал (15 тило, 8 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Украина бо 37 медал (12 тило, 10 нуқра ва 15 биринҷӣ) дар ҷойи севум мебошад.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин ИМА (8-11-7), Бразилия (5-9-5), Нидерланд (4-7-9), Олмон (4-6-4), Узбакистон (4-4-11), Тунис (4-3-1), ва Мексика (4-1-1) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 63 кишвар медалҳои Паралимпиадаи Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 41 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ шудаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Украина ва Узбакистон, боз шаш кишвар - Беларус (2 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ – ҷойи 21-ум), Латвия (2 медали тилло – ҷойи 22-юм), Озарбойҷон (1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 биринҷӣ – ҷойи 25-ум), Гурҷистон (1 медали тилло – ҷойи 37-ум), Қазоқистон (1 медали тилло – ҷойи 37-ум) ва Литва (1 медали нуқра – ҷойи 47-ум) - ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.

Дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони шаш кишвари собиқи шӯравӣ – Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония - медал ба даст наовардаанд.

Иштироки варзишгарони паралимпии Русия дар ин бозиҳо баъди фош шудани истеъмоли допинг аз ҷониби варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони маъюб, манъ шуд.

Русия аз узви тими Беларус дар Бозиҳои паралимпии Рио изҳори сипос кард, ки дар ифтитоҳи ин бозиҳо парчами Русияро боло кардааст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова рӯзи 8-уми сентябр узви тими Беларусро қаҳрамон хонд ва гуфт, нафаре, ки парчами Русияро бардошт, бо онҳое ҳамраъйӣ нишон дод, ки ба бозиҳои паралимпӣ роҳ дода нашуданд.

Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо узви дастаи Беларус бо парчами Русия танҳо чанд қадам бардошт ва он зуд аз тарафи созмондиҳандагони бозӣ мусодира шуд. "Коре, ки дастаи Беларус кард, қобили таҳсин аст," - гуфт сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков. Кумитаи байналмилаии паралимпӣ баъди гузоришҳои тафтишотӣ дар бораи барномаи пинҳонии "допинг"-и варзишгарони рус тамоми аъзои дастаи Русияро аз иштирок дар сабқати Рио маҳрум кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG