Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳишмандони кӯчидан ба Русия дар Тоҷикистон бештар мешаванд


Назди сафорати Русия дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Назди сафорати Русия дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Танҳо дар 5 моҳи аввали соли 2015 боз 4000 сокини Тоҷикистон барои кӯчидан ба Русия дархост додаанд. Навбат дар идораи ФМС дар Душанбе чунон бузург аст, ки аллакай ба соли 2016 кӯчидааст.

Навбат барои дарёфти ҳаққи кӯчидан барои зиндагии доимӣ дар намояндагии ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар кӯчаи Лев Толстойи Душанбе – аллакай барои соли 2015 пур шудаааст ва довталабоне ки имрӯз мехоҳанд аснодашонро бисупоранд, метавонанд танҳо ба соли 2016 умед банданд. Ва ин ҳам танҳо навбати аввал ва барои танҳо гирифтани мусоҳибаи муқаддамотӣ бо намояндаи ФМС, ки оё нафари муддаӣ ҷавобгӯи меъёрҳои ҳамватан” (“соотечественник”) дар Русия ҳаст ё на?

Неъмат Шарифов, як сокини Исфара, рӯзи 5 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ моҳи май ба намояндагии ФМС дар Душанбе омад, то навбат бигирад: “Ин рӯзи 17 май буд. Вале навбате ки ба ман доданд, рӯзи 28 январи соли 2016 аст. Яъне қариб як сол бояд мунтазир шавам. Ҳол онки ман ҳанӯз тасмими қотеи кӯчидан ба Русияро надоштам. Фақат мехостам шароиташро пурсам, ки ин барномаи “Переселение” (кӯчондани ҳамватанҳо ба Русия) чи шартҳо дорад? Баъди мусоҳиба, агар чунин бишуморанд, ки ту сазовори мақоми “ҳамватан” ҳастӣ, бояд аз нав навбат гирифт. Яъне боз 3-4 моҳи дигар мунтазири расидани навбати дуюм хоҳӣ монд.”

Неъмат Шарифов хатмкардаи риштаи иқтисоди донишгоҳи Тюмени Русия аст. Русия дар чорчӯби барномаи давлатии кӯчондани ҳамватанон асосан нафарони мутахассис, аз ҷумла табибони муҳандисонро барои зиндагии доимӣ дар вилоятҳои музофотиаш, бахусус дар вилоятҳои Сибиру Шарқи Дур,ҷалб мекунад.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: “Пеш ин барнома хатмкардаҳои донишгоҳҳои Русияро ҳам фаро мегирифт. Вале ин имтиёзро ду сол пеш барҳам додаанд. Бисёри шаҳрвандони Тоҷикистон барои он мехоҳанд, аз тариқи ин барнома ба Русия бираванд, ки бо мақоми “ҳамватан” қонунӣ кардани асноди лозим барои кору иқомати шумо дар Русия хеле соддатару осонтар аст ва кас зудтар метавонад соҳиби шаҳрвандии Русия шавад. Бидуни шаҳрвандӣ ҳама медонанд, ки хеле мушкилтар аст кору зиндагӣ дар Русия: бояд пайваста худро дар пулис сабти ном кард, барои кор патент гирифт ва ҳазору як дарди сари дигар.”

Тамоюли афзоиши шумори хоҳишмандони кӯчидан ба Русия аз Тоҷикистонро намояндагони Маскав дар Душанбе ҳам тасдиқ мекунанд. Юрий Пряхин, муовини раиси намояндагии ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Душанбе гуфтааст, танҳо дар 5 моҳи соли 2015, яъне аз 1 январ то 31 май, боз тақрибан 4000 шаҳрванди Тоҷикистон тибқи барномаи давлатии Русия дар мавриди кӯчондани ҳамватанҳо, дархости кӯчидан ба Русия додаанд.

Аммо аз ин миён, ба гуфтаи Юрий Пряхин, ки рӯзи 3 июн дар як нишасти махсус дар масъалаи иҷрои барномаи “Переселение” созмондодаи Вазорати умури хориҷии Русия дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфтааст, аз ин 4 000 хоҳишманди кӯчидан ба Русия дархости танҳо 400 нафар пазируфта шуда, 250 нафари онҳо аз сӯи Русия ҳамчун ҳамватан эътироф шудаанд. Ба даст овардани мақоми “соотечественник” ба довталаби зиндагӣ дар Русия як силсила имтиёзҳо, аз ҷумла дар амри таъмин бо манзилу ҷои кор ва дастрасӣ ба кӯмакҳои давлатиро фароҳам меорад.

Ин ҳазорон довталаби кӯчидан ба Русия аз Тоҷикистон бар изофаи 8,5 ҳазор нафарест, ки дар соли 2014 аз тариқи намояндагиҳои Русия ҷиҳати пазируфтани онҳо барои зинадгиву кори доимӣ дар Русия дархост дода буданд. Барномаи давлатии Русия ҷиҳати кӯчондани ҳамватанҳо, ки ибтидо ба таъмини кӯчи аҳолии русзабон тамаркуз мекард, ҳоло асосан ба хотири таъмини минтақаҳои ташнаи нирӯи корӣ бо нирӯи кор идома дорад. Аммо барои онҳое, ки мехоҳанд барои доим ба Русия бикӯчанд, чанд шарт, аз ҷумла донистани забони русӣ – ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ, ҳамчунин доштани ихтисоси ҷавобгӯ ба ниёзҳои вилояте, ки довталаб мехоҳад ҳамроҳи хонаводааш бикӯчад, зарур аст.

Дар маҷмӯъ, танҳо дар соли 2014 тибқи ин барнома аз кишварҳои мухталиф ва асосан аз паҳнои пасошӯравӣ ҳудуди 70 ҳазор нафар сертификати “соотечественник” ва ҳаққи кӯчидан барои зиндагии доимӣ дар Русияро ба даст овардаанд.

Тибқи қонуни Русия “дар бораи сиёсати Русия дар мавриди ҳамватанҳои бурунмарзӣ” дар баробари русҳо ҳамчунин онҳое метавонанд эътироф шаванд, ки “шаҳрвандии СССР-ро доштанд, дар кишварҳое, ки ба ҳайати СССР шомил буданд, зиндагӣ мекарданд, шаҳрвандии ин кишварҳоро ба даст овардаанд ваё бидуни шаҳрвандӣ мондаанд.” Танҳо шарти изофӣ ин аст, ки довталаби мақоми “ҳамватан” дар Русия бояд худро марбут ба ҳавза ва муҳити забони русӣ ва фарҳанги Русия ҳам бишиносад ва мутахассис бошад, на гастарбайтер.

Бархе оморҳо шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ду даҳаи охир соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, аз 300 000 то 500 000 рақам мезананд. Ва ин ба истиснои тақрибан 1 миллион русзабоне, ки баъди суқути Шӯравӣ аз Тоҷикистон асосан ба Русия кӯчиданд.

XS
SM
MD
LG