Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия то рафт камтар мешавад


Бино бар маълумоти Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия, муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз рӯи шумора ба ҷои сеюм фуромадаанд.

Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия шумораи муҳоҷиронро аз кишварҳои пасошӯравӣ нашр намуд, ки бино бар он ҳоло аз Тоҷикистон дар Русия 971 800 нафар кору зиндагӣ мекунанд, ки ҳамагӣ 8,9 дарсади тамоми хориҷиёни муқими Русия аст.

Аз рӯи шумора акнун муҳоҷирон аз Украина дар Русия аз ҳама бештар -- 2 миллиону 554 900 нафаранд, ки баробар бо 32,3 дарсади ҳамаи муҳоҷирон аст. Мақомоти Русия барои онҳо шароити боимтиёз фароҳам овардаанд ва расман аз ҳукуматҳои маҳаллии ин кишвар даъват мешавад, ки муҳоҷирон аз Украина дар навбати аввал бо кор таъмин шаванд.

Дар ҳоле ки як сол пеш шумораи умумии муҳоҷирони тоҷик аз 1,5 миллион нафар бештар буд ва онҳо аз рӯи теъдод дар Русия баъд аз муҳоҷирон аз Ӯзбакистон дар ҷои дувум қарор доштанд, акнун як зина поён афтоданд ва муҳоҷирони ӯзбак дар Русия бо 2 миллиону 104 100 нафар ё 19,2 дарсад ин зинаро ишғол кардаанд. Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия, шумори муҳоҷирон аз Қазоқистон дар Русия 644 400, аз Озарбойҷон 555 800, Молдова 553 ҳазор нафар буда, ба сурати умум дар Русия 11 миллион муҳоҷир ба сар мебарад.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 83 ҳазор нафар асосан ба Русия барои кор рафта ва бештар аз 71 ҳазор нафари дигар дар ҳамин ду моҳи охир ба Ватан баргаштаанд. Ба сурати умум дар ин муддат шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия наздик ба 15 дарсад камтар шудааст.

Вале ин тахмин ҳам дар миён аст, ки бахши умдае аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтанд ва аз ин ба баъд муҳоҷир шумурда намешаванд. Эҳтимол меравад, шумораи онҳо аз 10 дарсади шумораи умумии муҳоҷирон беш набошад ва кам шудани муоҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар ба душвор шудани дарёфти санадҳои кору иқомат дар Русия, коҳиши қурби рубл, кам шудани ҷойҳои корӣ ба иллати бӯҳрон бастагӣ дорад.

Бо коҳиши шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ин хатар вуҷуд дорад, ки пулфиристии онҳо ба Тоҷикистон дар соли 2015 мумкин аст, то 30% кам шавад.

Расонаҳои Русия ба нақл аз манбаъҳои наздик ба ҳукумати ин кишвар менависанд, ҳоло Маскав ва Душанбе дар андешаи тағйир ва такмили созишномаи муҳоҷирати байни ду кишваранд. Интизор меравад ин дигаргуниҳо, ба монанди – қабули созмонёфтаи муҳоҷирони корӣ аз сӯи ниҳодҳои расмии Русия, тақвияти табодули ахбор дар бораи қонуншиканиҳои муҳоҷирони корӣ, таҳияи созиш дар бораи реадмиссия (яъне, ризояти Тоҷикистон барои қабули муҳоҷирони ғайриқонуние, ки аз Русия ихроҷ шудаанд) ва таъсиси намояндагиҳои ниҳодҳои муҳоҷирати ҳарду кишвар вазъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия беҳтар хоҳад кард.

Вале ҳоло худи муҳоҷирон, ки дар Русияанд ва ин торнаморо мехонанд, дар бораи кам шудани шумораи ҳамватанони худ ва мушкилоти хеш дар Русия чӣ мегӯянд? Мо аз онҳо даъват мекунем, андеша ва ақидаҳои худро дар ҳошияи ин матлаб нависанд ва ҳатман ишора кунанд, ки дар кадом шаҳр ё минтақаи Русия кору зиндагӣ мекунанд ва даромадашон назар ба гузашта чӣ дигаргуниҳо дидааст.

XS
SM
MD
LG