Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯйхати академикҳои Тоҷикистон боз 7 нафари дигар зам шуданд. Ин ҳафт нафар дар раъйдиҳии рӯзи 14−уми ноябр дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси академик интихоб шуданд.

Латиф Латифов, сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 15−уми ноябр гуфт, ба ҳайси номзад ба академики Академияи илмҳои Тоҷикистон 17 нафар, аз сӯи муассисаҳои илмии кишвар пешбарӣ карда шуданд. Латифов афзуд: “Аз ин нафарон аз рӯи ихтисоси физика Фарҳод Раҳимӣ, Ҳикмат Ҳисориев аз ботаника, Акбар Турсунов аз маданиятшиносӣ, Ҳайдар Сафиев аз кимиё, Кароматулло Олимов аз фалсафа, Маҳмаюсуф Имомов аз филолигия, Акрамшо Фелалиев аз физиологияи ва биохимияи растанӣ ба ҳайси академики Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд”.

Фарҳод Раҳимов, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Фарҳод Раҳимов, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Ҷаноби Латифов гуфт, дар қатори олимоне, ки номзадиашон ба ҳайси академикӣ пешниҳод шуда буд, аммо академик интихоб нашуданд, Исроил Исмоилов аз физика, Ҳамидҷон Абдуллоев ва Қурбон Алиев аз соҳаи физиология ва биохимияи растанӣ, Хаёлбек Додихудоев, Муллоаҳмад Мирзо аз маданиятшиносӣ, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев ва Шоназар Шоисматуллоев аз фалсафа, Ҷӯрабек Назриев аз филология шомил ҳастанд.

Аз миёни ин ҳафт нафар академикҳое, ки тоза ба ин унвон шарафёб шуданд Фарҳод Раҳимӣ вазифаи президенти академияи илмҳоро ба ӯҳда дошта, Акрамшо Фелалиев вакили Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрабек Назриев, собиқ роҳбари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии академияи илмҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай ба ҳайси номзад дар интихоботи кунунии академикҳо ширкат надошт. Ҷаноби Назриев афзуд, ки воқеан вай номзадиашро баҳри интихоб шудан ба академикӣ пешниҳод карда буд, аммо баъдан онро бозхонд кард:

Ҷӯрабек Назриев

Ҷӯрабек Назриев

“Ҷой аз рӯи ихтисоси филолгия як то будааст. Ман пешниҳод кардам, аммо баъдан фаҳмидам, ки Имомов ректори Донишгоҳи миллӣ низ аз ман пештар ба ин симмат номзадиаш пешниҳод шудааст. Чун ӯ пештар ҳуҷҷатҳояшро фиристодааст ва ҳамчунин метавонад барои бештар шудани робитаи илмӣ байни донишгоҳ ва академия хизмат кунад, ман номзадиамро бозпас гирифтам. Хайр агар имконият шуд дар оянда боз номзадамро пешниҳод мекунам, нашуд ҳеҷ чӣ”.

Зимнан ҷаноби Назриев афзуд, ҷараёни интихоби академикҳо на ҳама вақт шаффоф ва одилона сурат мегирад. Вай афзуд, чун вай дар интихоботи кунунии акдемикҳо ширкат надошт, дар мавриди он наметавонад қазоват кунад. Аммо ба таъкиди вай, дар интихоботи қаблии академикҳо дар замони роҳбарии Мамадшо Илолов дар интихоби академикҳо тақаллуб ҷой дошта ва овоздиҳӣ таҳти фармони ӯ баргузор шуда буд. Назриев афзуд: “Он вақт Илолов бозиҳо карда буд. Ба ман академикҳо гуфтанд. Ба онҳо гуфтааст, ки аз фалониҳо ҷонибдорӣ кунеду номи Ҷӯрабек Назриевро хат бизанед. Ин корро Илолов карда буд. Дар замони роҳбарии ӯ сатҳи акдемия хеле паст рафт.”

Назриев мегӯяд, вай тарафдори ба академикӣ интихоб шудани олимонест, ки дар пажӯҳишгоҳҳои академия кор кардаанд ва воқеан аз ҳисоби илм нон мехӯранд. Вай афзуд, ҳоло унвони илмӣ гирифтан дар байни мансабдорон хеле муд шудааст, ки ба таъкиди ӯ қадри унвони

Акрамшо Фелалиев, вакили МН академик шуд.

Акрамшо Фелалиев, вакили МН академик шуд.

илмиро поин мебарад. Баҳри ҷилавгирӣ аз ин раванд ҷаноби Назриев пешниҳод кард, ки бигузор кадом мансабдоре, ки унвони илмӣ гирифт аз симматаш барканор ва ба академияи илмҳо фиристода шавад, то дар ин ҷо воқеан машғули илм шаванд.

Назриев мегӯяд, агар мансабдорон чанд моҳ маоши олимонро гирифта зиндагӣ кунанд, зуд аз кардаашон пушаймон мешаванд. Ба таъкиди ӯ, бо ҳамин роҳ аз ин муде, ки дар байни мансадорони тоҷик роиҷ шудааст мешавад ҷилавгирӣ кард.

Ҳоло дар Тоҷикистон, ки ҳашт миллион аҳолӣ дорад, бо шумули академикҳои тозаинтихоб 36 нафар соҳиби унвони академик ҳастанд. Ба ҷуз аз академикҳо, боз 41 нафар аъзоёни пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳастанд, ки аз ин шумор 7 нафарашон аллакай академик шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG