Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патрушев ба Тоҷикистон меояд


Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, рӯзи 3 октябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба хабаргузории «Ховар» гуфтаанд, Патрушев дар ҷараёни сафараш бо мақомҳои тоҷик «вазъи амнияти байналмилалӣ, таҳдидҳои муосир, вазъи ҳарбию сиёсии Афғонистон ва масоили дигарро» баррасӣ мекунад. Сафари Патурешев ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки ӯ моҳи июни имсол бо Абураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар Русия мулоқот карда буд. Ин мулоқот дар ҳошияи мушовараи Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони вазорати дифоъ, вазорати корҳои дохилӣ, кумитаи амнияти миллӣ, ФСБ ва вазорати меҳнати Тоҷикистону Русия иштирок доштанд. Николай Патрушев борҳо аз таҷаммӯи ҷангҷӯён дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG