Пайвандҳои дастрасӣ

Модари Баҳромиддин Шодиев аз ВКД 37 000 $ талаб кардааст


Баҳромиддин Шодиев қабл аз марг

Баҳромиддин Шодиев қабл аз марг

Баҳси вазорати дохила бо модари Баҳромиддин Шодиевро, ки писараш, мешавад, бар асари шиканҷа ҷон бохтааст, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ хоҳад кард.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиев рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳама асноди зарурӣ барои баррасии даъвои пардохти ҷуброн ба наздикони ӯ омода шуда, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод шудааст. Хонум Холматова гуфт, «азбаски бинои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор дорад, аз ин рӯ, баҳси додгоҳӣ дар додгоҳи ҳамин ноҳия сурат хоҳад гирифт.»

Модари Баҳромиддин Шодиев аз вазорати умури дохила барои ҳалокати писараш бар асари шиканҷа ҳамчун товони зарари маънавӣ 180 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 37 000 доллар талаб дорад.

Баҳромиддин Шодиеви 28 сола, ки бо гумони дуздӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар моҳи октябри соли 2011 боздошт шуда буд, бо ҷароҳатҳои вазнин ба шӯъбаи эҳёи беморхонаи Қараболо интиқол ёфта, баъди 10 рӯз дар рӯи кати беморӣ ҷон дод. Модари ӯ ибтидо ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурд ва мақомоти шӯъбаи умури дохилаи ин ноҳияро дар латукӯб ва марги фарзандаш айбдор кард.

Додгоҳи Шоҳмансур дар моҳи феврали соли 2012 Абдураҳмон Додов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳияро ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ба дунболи ин, дар моҳи апрели соли равон наздикони Баҳромиддин Шодиев ба хотири рӯёндани товони зарари маънавӣ ба додгоҳи Шоҳмансур муроҷиат карда, аз вазорати корҳои дохилӣ 180 000 сомонӣ талаб карданд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ин даъворо барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ - макони дафтари марказии вазорати корҳои дохилӣ - ирсол доштааст.

Гулчеҳра Холматова, вакили хонаводаи Баҳромиддин Шодиев мегӯяд, ки бо намояндагони вазорати корҳои дохилӣ сӯҳбатҳо доштааст ва умедвор аст, ки дар ҳафтаи оянда ин баҳс мусбат, яъне ба фоидаи наздикони Шодиев, ҳал шавад.

Вазорати умури дохила ҳамин тавр, дар моҳи майи соли равон дар як баҳси дигари додгоҳӣ ба наздикони Сафаралӣ Сангов, ки низ дар солли 2011 баъди боздошташ аз сӯи маъмурони шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Сино бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон мунтақил шуда, ҷон бохта буд, 46 000 сомонӣ ҷуброн пардохт. Идораи зиндонҳои вазорати адлия низ дар як баҳси дигар муваззаф шуд, ки ба пайвандони Исмоил Бачаҷонов, ки дар боздоштгоҳи вазорати адлия даргузашт, 30 000 сомонӣ товон пардохт кунад.

Ин қазияҳо масъалаи шиканҷа ва латукӯби боздоштшудагону маҳбусон дар идораҳои пулис ва зиндонҳои Тоҷикистонро вирди забонҳо карда, дар чандин гузориши байналмилалӣ Душанберо дар радифи давлатҳое гузошт, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтироми тамом қоил нестанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG