Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меҳмонӣ ва марги ду фарзанди Ирина Коверзякова дар Кобул


Ирина Коверзякова

Ирина Коверзякова

Модари қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон, ки ҳамроҳи апааш дар Кобул кушта шудааст, фарзияи мақомоти афғонро дар ин бора рад кард.

Ирина Коверзякова, модари хоҳару бародар - Светлана Коверзяковаи 29-сола ва бародараш Борис Коверзякови 21- сола, мегӯяд, Светлана ва Борис аз тарафи Муҳаммад Халил Мансурхон – шавҳари Светлана - ба Кобул даъват шуда, на барои ҳақталабӣ, балки меҳмонӣ ба Афғонистон сафар кардаанд.

Светлана ва Борис, сокинони шаҳри Душанбе моҳи августи соли равон дар пойтахти Афғонистон дар шароити мармуз кушта шудаанд ва то ҳол омилони ин куштор ошкор нагаштаанд. Дар ҳоле ки бархе манобеъ кушторро, ба баҳси хонаводагии Светлана ва Мансурхон бастагӣ медиҳанд, модари онҳо мегӯяд, фарзандонаш, ки барои таҷлил аз иди Рамазон даъват шуда, дар як бинои 13-ошёна дар ҳаволии фурудгоҳи Кобул якҷо бо оилаи Муҳаммад Халил Мансурхон зиндагӣ мекарданд ва дар ҳаёти оилавӣ ҳеҷ мушкиле надоштанд.

Хонуми Ирина меафзояд, вай аз тариқи интернет ва телефон бо фарзандонаш тамос мегирифт, аммо аз 23 август ҳамаи тамосҳо, аз ҷумла бо худи домодаш ва падари ӯ қатъ шуданд. Дертар мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ӯ хабар додаанд, ки ҳарду фарзандаш кушта шудаанд.

Ҷанозаҳои Светлана Коверзякова ва Борис Коверзяков рӯзи 26 август ба Тоҷикистон интиқол ёфта, дар Душанбе ба хок супурда шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон, ки тафтиши ин қазияро ба зимма дорад, ҳанӯз қазияро шарҳ надодааст.


Абдулғафури Орзу

Абдулғафури Орзу

Қаблан Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ин ҳодисаро ба Радиои Озодӣ тавзеҳ дода, гуфта буд, ки бино ба маълумоти консулии сафорати онҳо, ҳадафи сафари онҳо “анҷоми корҳои иҷтимоии худ будааст.”

Дар як тамоси телефонӣ бо “Озодӣ” сарвари раёсати ҷиноии шаҳри Кобул генерал Муҳаммад Зоҳир ҳам гуфт, ки бино ба як фарзия, хонуми тоҷик гӯё аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба Кобул омадааст, то ҳақталабӣ кунад. Вай афзуд, ҳоло шавҳари ин зан таҳти таъқиб аст ва аз сӯи пулис ҷустуҷӯ мешавад.

Аммо Ирина Коверзякова мегӯяд, фарзандонаш барои таҷлили иди Рамазон рафта буданд ва ҳоло аз мақомоти Афғонистону Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки сабаби куштори фарзандонашро ошкор кунанд.


Кобул

Кобул

Светлана Коверзякова бо шаҳрванди Афғонистон, Муҳаммад Халил Мансурхон ду соли қабл дар Душанбе издивоҷ карда буд ва ба қавли модараш, кӯдаки семоҳа дар батн дошт.

Аммо Борис Коверзяков, ки бо номи Багир Ризозода шинохта мешуд, дар клуби вазнбардорӣ ё пауерлифтинги “Регулянт” – и Душанбе тамрин мекард ва, ба гуфтаи модараш, панҷ карат қаҳрамони Тоҷикистон будааст. Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ се дафъа дар пауерлифтинг қаҳрамони кишвар шудааст.

Олим Парпиев, муовини раиси Федератсияи вазнбардорӣ ё пауерлифтинги Тоҷикистон Багирро як варзишкори умедбахш унвон карда, гуфт: “Ӯ пауерлифтери хеле хуб буд. Шогирди ману Толеъ Холназаров буд. Светлана ҳам аз рӯи шунидам машқ мекард, аммо ман надидаам. Аммо Багир бо мо буд ва хеле афсӯс мехӯрем, ки сарнавишташ чунин анҷомид.”

Ирина Коверзякова мегӯяд, домодаш Муҳаммад Халил Мансурхон, ки ҳамвора ба Душанбе рафтуо мекард, бо аҳли оилаи ӯ муносибати хуб дошт, аз ин хотир, интизори инро надошт, ки бо духтараш дар Кобул чунин рафтор сурат мегирад. Ба қавли ӯ, Светлана ҳамсари дуввуми Муҳаммад Халил Мансурхон буд, ки ҳарду дар як хона бо муросо зиндагӣ мекарданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG