Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои якҷояи Русияву Туркия ба мавзеъҳои ДИ дар Сурия


Харобазорҳои шимоли Ҳалаб
Харобазорҳои шимоли Ҳалаб

Русия мегӯяд, бори нахуст ҳамроҳ бо Туркия мавзеъҳои гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро дар Сурия бомбаборон кардааст.

Генерал-лейтенант Сергей Рудской, намояндаи Вазорати дифои Русия гуфт, 18 январ 9 ҳавопаймои Москва ва 8 ҳавопаймои Анқара шаҳри ал-Боби вилояти Ҳалабро ҳадаф қарор доданд.

Фармондеҳии низомии Туркия низ тасдиқ мекунад, ки нерӯҳои ин кишвар дар ҳамоҳангӣ бо Русия ҳамлаҳои ҳавоиеро анҷом додаанд. Робитаҳои Москва ва Анқара соли 2015, баъди сарнагун шудани ҳавопаймои Русия дар марзи Туркия бо Сурия якбора сард шуд.

Вале ахиран ин ду кишвар ҳамоҳанг кардани гуфтушуниди сулҳи нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони Сурияро ба зимма гирифтаанд, ки қарор аст ҳафтаи оянда дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шавад.

Русия аз президент Башор Асад ҳимоят карда, Туркия шӯришгаронеро пуштибонӣ мекунад, ки мехоҳанд ӯро сарнагун кунанд.

XS
SM
MD
LG