Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин роҳ Тоҷикистонро ба куҷо мебарад?


Вокуниши оҷили аппарати ҳукумат ба бурузи ҳар чеҳраи нав дар майдон сиёсат ин ақидаро дар ҷомеа тақвият додаст, ки ҳукумат дигаргуниро на дар дохили ҳалқаи эътимоди худ ва дар берун аз он таҳаммул намекунад.

Дар муддати бештар аз ду даҳсола дар Тоҷикистон, онҳое, ки хостаанд ҳукуматро ба чолиш бикашанд ва фазои сиёсиро зиндатар кунанд, дар ниҳояти амр ба фишори «сипари дифоъии» ҳукумат тоб наоварданд ва ноумед аз саҳна хориҷ шуданд.

Онҳо дар беҳтарин ҳолат бо мақолаҳои бадномакунанда дар матбуот ҷон ба саломат будаанд ва дар бадтарин ҳолат пулу моли худ, ояндаи худу бачаҳояшонро барбод додаанд. «Сипари дифоъии» ҳукумат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор дорад ва ҳар нафареро, ки ҳатто аз панҷара ба саҳнаи сиёсӣ менигарад, то аз пой афкандан раҳо намекунад.

Ҷонибдорони ҳукумат бо ишора ба ҷанги шарҳвандии авохири қарни гузашта ин ҳассосиятро ҳамчун талоши такон надодани вазъи амнятӣ ва сиёсӣ тавҷеҳ мекунанд, вале мухолифин ва ҷомеъашинисон мегӯянд, ин иқдомот чизе бештар аз ҳимоя курсии мақомдорон нест. Ба гуфтаи онҳо, гурӯҳҳое, ки дар ҳукумати феълӣ манфиатҳои сиёсиву молӣ доранд, дар 20 сол хеле қудратманд шудаанд ва мехоҳанд ки вазъият ҳамеша ҳамин тавр бимонад. Аммо солҳои ахир бештар аз пештар суоле дар зеҳнҳо чарх мезанад, ки ин роҳ Тоҷикистонро ба куҷо мебарад?

Дар чанд соли гузашта аз аҳзоби сиёсӣ, ба мисли Ҳизби Демократ, ва Ҳизби Сотсиалист, ки аз мухолифон буданд, ба маънии томаш чизе намонд, ҳарчанд ҳарду ҳизб, ба феҳрасти 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон шомил буданд ва ҳукумат дар минбарҳои байналмилалӣ онҳоро намунаи барҷастаи гуногунандешӣ муаррифӣ мекард. Ҳизби Наҳзати Исломиро ҳам дар порлумон ду курсӣ додаанд, вале ҳар замон ба мардум гӯшзад мекунанд, ки пайвастан ба аҳзоби сиёсӣ кори оқилона нест ва раҳбараш ҳам «қаҳрамони манфии» ҳамешагӣ дар матбуоти расмист.

Зайд Саидов
Зайд Саидов
Соли 2005 баъди зиндонӣ шудани Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократ, ки орзӯи курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистонро карда буд, майдон то чанд соли дигар бе далер ва орзӯи курсии прездентӣ аз сарҳо дур шуда буд. Аммо тайи ду се соли ахир ҷунбишҳое мушоҳида мешаванд, ки дигарбора «системаи дифоъии ҳукуматро» ба кор андохтааст. Як сол пеш гурӯҳе аз ҷавонон бо раҳбарии Далер Шарифов эълон карданд, ки мехоҳанд, созмони "Қадам ба қадам"-ро ташкил диҳанд, ки ҳадафи он мубориза бо маҳалгароӣ, як дарди мусрии Тоҷикистон аст. Ин як гуруҳи беозори романтикҳо буд, ки хаёл дошт майдони фаъолиятҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дару дарвоза надорад ва ҳар кас хоҳад ба он ворид мешавад. Аммо аппарат ташкилкунандаҳои ин созмонро чунон дар матбуот сиёҳу бадном карданд ва чанд тамғаи дигар ба пешониашон ҳам зад, ки дигар садояшон ба гӯш намерасад.

Системаи дифоӣ ва ё ҳифзи қудрат дар Тоҷикистон дар қазияи Зайд Саидов, вазири пешини саноати пешин, ки аз қасди худ ва ҳамақидаҳояш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод, як моҳ дертар ба кор даромад. Музаффар Олимов, ҷомеашинос ва раҳбари марказии назарсанҷии “Шарқ”, амалкарди мақомот нисбат ба Зайд Саидовро мисли ҳамлаи эҳтиётӣ ва “пешгирикунанда” арзёбӣ мекунад: “Ин заъифии онҳоро нишон медиҳад. Нишон медиҳад, ки онҳо барои қабули рақиби наве, ки меояд, омода нестанд. Аз ин рӯ ба назари ман, барои онҳо дар ҳангоми тавлидаш буғӣ кардан барояшон муфидтар аст, ба ҷои онки ба саҳна биёяд ва баъдан бо ӯ муносибат кунанд.”

Ба андешаи Меҳмоншо Шарифов, ҷомеашиноси дигари тоҷик низоми “то баногӯш” дар фасоди Тоҷикистон ба хотири ҳифзи қудрат, фақат усули бадном кардани рақибони эҳтимолиро истифода мекунад, зеро аз рақобати солим бо
Меҳмоншоҳ Шарифов
Меҳмоншоҳ Шарифов
нерӯҳои тоза метарсад: “Ғунҷоиши онро надорад, ки бо рақибони сиёсии худаш забон биёбад, дар як мусобиқаи сиёсӣ бошанд, ки барои рушди Тоҷикистон бошад ба фоидаи Тоҷикистон бошад. Не ингуна нест, фақат гунаҳкор кофтан душман кофтан, девона гуфтан, дузд гуфтан. Касоне, ки аз ин система ҷудо шудан, онҳоро ягон ҷинояткор, ё дузд, ё фиребгар ё ҳарчиз гуфтан мегиранд.”

Ба гуфтаи Меҳрдоди Қосимфар, ҷомеашиноси эронӣ ва хабарнигори бахши форсии Радиои Озодӣ, парвандасозӣ нисбати онҳое, ки бо афкори дигар ба саҳна меоянд, аз суннатҳои деринаи низомҳои худкома аст, ки мехоҳанд, барои ҳифзи қудрат ҷомеаро якқутбӣ кунанд: “Ба ҷои онки иҷоза бидиҳанд дар воқеъ фард, гурӯҳ ё ниҳодҳои тозаи иҷтимоӣ шакл бигирад, пеш аз онки вориди арсаи иҷтимоӣ бишавад, ӯро ҳамон лаҳза дар нутфа хафа мекунанд, то аз дарди сарҳои баъдии он иҷтиноб бикунанд. Яъне ба ҷойи онки бигзоранд, биёяд ва рушд кунад ва баъдан даргири масоилаш бишаванд, ӯро ки қабл аз ин ки ворид шавад, аз саҳнаи иҷтимоӣ хориҷ мекунанд. Ва бо бадном кардани ӯ ва хориҷ кардани ӯ аз бозии сиёсӣ. “

Хориҷ кардани рақибони эҳтимолӣ аз саҳнаи сиёсӣ, ки дар Тоҷикистон ба гуфтаи Меҳрдоди Қосимфар, барои ҳар ҷомеае хатарнок аст: “Чунин рафторе, ки дар арсаи иҷтимоӣ иттифоқ меафтад, дар воқеъ муҳити иҷтимоиро аз рақобат хориҷ мекунад, табдилаш мекунад, ба як ҷомеаи такқутбӣ (якқутбӣ) ва такмеҳвар. Қудрати сиёсӣ бо чунин рафторе саъй мекунад, ки танҳо бозигари аслии саҳнаи иҷтимоӣ бошад. Ва ин инҳисори иҷтимоӣ ҷомеаро кам-кам ба як вазъияти нимадиктаторӣ мерасонад. Ҳазфи чунин руқабое дар дарозмуддат ниҳодҳои иҷтимоиро аз саҳнаи як ҷомеаи пӯё (дар ҷустуҷӯ) ҳазф мекунад ва табдилаш мекунад ба як ҷомеаи исто. Ва дақиқан ҷомеае, ки ба истоӣ мерасад, ниҳоятан роҳе барои рушду тавсиаи худаш пайдо намекунад ва дучори як афсурдагии сиёсӣ мешавад.”

Соли 2013 дар Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷуҳмур баргузор мешавад, вале дар фосилаи 6 моҳ аз интхобот ҳанӯз ҳеҷ довталабе нагуфтааст, ки мехоҳад дар сабқат иштирок кунад ва президент Раҳмонро, ки 20 сол, бидуни танаффус раҳбарӣ кардааст, ба чолиш бикашад.
XS
SM
MD
LG