Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оши худоӣ аз ... гӯшти оҳу дар Ишкошим


Охирин сар оҳубарраи бухороӣ, ки чанд сол боз дар гирду атрофи маҳалли Рини Ишкошим мечарид ва ба мардуми унс гирифта буд, забҳ гардид.

Ба гуфтаи сокини деҳа Рамадон Нуруллобекзода, оҳубарра аз захми дандони саг бемор шуда, сокинон аз ночорӣ маҷбур шуданд, ки вайро сар буранд.Аз гӯшти оҳу барои сокинони деҳа оши худоӣ таҳия кардаанд, вале ба қавли оқои Рамадон, солмондон, ки ба оҳубарраи ромшуда чун ба мӯъҷиза муносибат мекарданд ва аз забҳ шуданаш хафа шуданд, аз тановули гӯшти ӯ парҳез кардаанд. Рамадон Нуруллобекзода гуфт: “Оҳуро саг газид ва пояш захмӣ шуд. Дигар рафта натавонист, дар ҷояш хобид ,хобид ва пас аз чанд рӯз мардум вайро худоӣ карданд. Аксари мардум гушти оҳу нахӯрд, зиқ буданд, зеро вай як намунаи зебогии диёр буд.

Ба қавли сокинони деҳа, ин оҳубарра 7 сол қабл, замоне ки мардум ҷанозаи як зани лаҳистониро, ки ба сокини маҳаллӣ издивоҷ карда буд, ба сӯи гӯристон мебурданд, пайдо шуд. Сокинони маҳаллӣ ин оҳуро «муқаддас» мешумурданд.

Рамадон Нуруллобекзода мегӯяд: “Худам шоҳид будам, вақте, ки занаки лаҳистонӣ дар Душанбе вафот кард ва ҷасадашро ба деҳа оварданд, вақти бурдан ба қабристон аз қафо ин оҳубарра пайдо шуду ҳамин хел монд. Он замон хеле хурд буд, шояд ягон 3 ё 4 моҳ дошт.”

Оҳубарра аз муносибати гарми одамон шерак шуда, зимистон бидуни ҳарос ғарами коҳи болои бомашонро тӯъмаи худ мекард ва баъзан бо шохҳояш ба бачаҳои хурдсол ҳамла меовард, вале сокинони деҳа ин рафтори оҳубарраро таҳаммул мекарданд.Аммо захми дандони саг ин ҳайвони зебо ва нозукро бемор кард ва аз пой афтонд.

Охирин сар оҳубараи бухорӣ дар ҳоле забҳ шуд, ки аз беҷуфтӣ ранҷ мекашид. Гурӯҳи мутахассисони ватанӣ ва як ташкилоти байналмилалии ҳифзи муҳити зист чанл сол қабл ҳатто ҷиддан дар фикри пайдо кардани ҷуфт барои ягона оҳубари нари бухороӣ афтода буд. Кӯшишҳои дар Бадахшон Тоҷикистон пайдо кардани чунин намуди барра натиҷа надод, вале ҳомиёни муҳити зист умед доштанд, ки барояш аз кӯҳистони ҳаммарзи Афғонистон ҳатман ҷуфте пайдо мекунанд. Аммо агрчӣ барои убуру мурури марз барои ин ҳайвони безабон ба раводид ниёз набуд, вале гармшавии иқлим, ки бар асари он чанд сол боз рӯди Панҷ дар фасли зимистон ях намебандад, дар роҳи мигратсияи табиӣ монеа пеш овардааст.

Дар чунин шароит барои ба он сӯи дарё бурдани оҳу иҷозати чандин вазорат тақозо мешуд ва дархосте низ дар ин маврид ирсол карданд.Вале ҳанӯз , ки шахсони мутассаддӣ сари ин масъала майна об мекарданд, сагҳои ҳорӣ пешдастӣ карданд ва тақдири оҳубара ба таври фоҷиавӣ ҳал шуд.

Ин барои аввалин бор нест, ки риштаи тақдири ҳайвонои нодир ба дасти мақомот афтода, ба чунин фарҷоми талхе дучор мешавад.


Бабрбачае ки аз Мурғоб ёфта буданд
Бабрбачае ки аз Мурғоб ёфта буданд
Қаблан ҳомиёни хориҷии муҳити зист аз дасти як чӯпони маҳаллӣ дар ноҳияи Мурғоб бачаи бабр ро харида, барои ҳифозат ба раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят супурданд. Ҳамзамон тавассути мукотиба дар саросари олам ҷустуҷӯи боғи ҳайвоноте шурӯъ шуд, ки битавонад ин бачаи бабрро дар шароити муносиб нигаҳдорӣ кунад. Вале ин мукотибот ҳанӯз ба ҷое нарасида, бачаи бабри нодир дар як шароити мармуз дар қафасе, ки барояш муваққатан дар Боғи набототи Помир сохта буданд, даргузашт. Ба гуфтаи ташхисгарон, зоҳиран ин ҳайвон ба иллати кафидани гурдааш ҷон додааст.

Аммо оё метавон масъулини ҳифзи муҳити зистро дар ин иттифоқот айбдор кард? Ба гуфтаи доктори улуми биологӣ Мамадшо Қадамшоев, зудбовар будани оҳубарраи бухорӣ ва наздик ба маҳалҳои аҳолинишин зистанаш як иллати қир шудани ин навъи нодири ҳайвон дар Бадахшон шудааст.Бино ба иттилоъи оқои Қадамшоев, охирин бор олимон дар минтақа дар соли 2001-ум галаи барраҳои бухороиро дучор омада буданд.
XS
SM
MD
LG