Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: Бекории ҷавонони тоҷик онҳоро белаёқат мекунад


Ярмаркаи кор ва таҳсил. Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Ярмаркаи кор ва таҳсил. Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Созмони ҷаҳонии кор дар як гузориши худ ҳушдор додааст, ки камбуди ҷойи кор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад кордонӣ ва тавонмандии ҷавонони соҳибмаълумотро кам кунад.

Созмони ҷаҳонии кор бо анҷоми як пажӯҳиш дар бозори кори кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ин хулоса омадааст, ки нисфи зиёди ҷавонони аз 15 то 29-сола маълумоти касбиву олӣ доранд, аммо ба далели бӯҳрони иқтисодӣ дар минтақа, дар пайдо кардани ҷойи кор аз рӯи ихтисос, мушкилӣ мекашанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ҳарчанд ин ҷавонон баъди бекории тӯлонӣ шуғле пайдо кунанд ҳам, маоши ночиз доранд. Ин ҳушдори Созмони ҷаҳонии кор дар ҳолест, ки пайдо кардани кор барои хатмкунандагони муассисиаҳои олии Тоҷикистон ҳамоно як мавзӯъи ҳассос ва дарднок боқӣ мемонад. Ҳарчанд тибқи оморӣ расмӣ, феълан ҳудуди 28 ҳазор ҷавон дар Тоҷикистон ҳамчун бекор сабт шудааст, вале манобеи мустақил теъдоди чунин афродро садҳо маротиб бештар аз арқоми расмӣ медонанд.

Акмал Фозилбеков, як ҷавони 24-солаи тоҷик, ки се соли пеш бахши барномасозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кард, баъд аз ду соли ҷустуҷӯи бенатиҷаи кор дар ватан, ҳоло дар Русия пешхидматӣ мекунад. Акмал рӯзи 30-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:​ “Дар корхонаҳои давлатӣ аз ман таҷрибаи кор талаб карданд, дар ҳоле, ки ман нав донишгоҳро хатм кардаам. Дар ширкатҳои хусусӣ бошад асосан тариқи шартнома ба кор мегиранд ва маошаш низ нисбатан баландтар аст, боз ҳам ба наздикон ва дӯстони худ бартарӣ медиҳанд. Баъзе аз дӯстонам ҳатто гуфтанд, ки дар корхонаҳои давлатӣ ба хотири ба кор гирифтани пайвандони худ онҳоро ихтисор кардаанд. Хулоса ман, ки бо сад орзу ва бо умеди он, ки ин ихтисоси ман дар замони муосир серталаб аст, натавонистам кор пайдо кунам. Барои ман аламовар ин аст, ки ҳоло маҷбурам дар Русия пешхидмат бошам.”

Ба гуфтаи Акмал, аз миёни ҳамсабақони ӯ ҳамагӣ як нафар аз рӯи тахассусаш фаъолият мекунад, боқимонда бо таксиронӣ, фурӯши чиптаи ҳавопаймо, тиҷорат ва ё мардикорӣ дар Русия рӯз мегузаронанд.

Дар зимн, бар пояи таҳқиқоти созмони “Соцсервис”, аксарияти кулли ҷавонон дар Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси омӯхтаи худ ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. Ин пурсиш, ки беш аз 2 ҳазор ҷавони аз 15 то 29-солаи тоҷикро дар 68 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон фаро гирифтааст, маълум кардааст, ки бештари ҷавонон дар марҳилаи хатми донишгоҳ ва дарёфти кор мушкилӣ мекашанд.

Ҷамшед Қуддусов, раҳбари ин созмон мегӯяд, ”ҷустуҷӯи кор барои ин хатмкунандаҳо то як солро дар бар мегирад, аммо бо ин вуҷуд онҳо наметавонанд аз рӯи ихтисосашон кор пайдо кунанд ва ё кори бо маоши дилхоҳашон дошта бошанд.”

Дар ин баробар пажӯҳиш нишон додааст, ки талабот ба нерӯи корӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон нисбати пешниҳод ба маротиб бештар аст. Бар пояи ин пажӯҳиш, Тоҷикистон ҳар сол ҳудуди 150 ҳазор мутахассис омода мекунад. Аммо дар бозори меҳнат танҳо 25-30 ҳазор ҷои кор мавҷуд аст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, таъмини ҷавонон бо коре, ки маоши кофӣ дошта бошад, яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст ва аксари ҷавонони шаҳру деҳоти кишвар муҳоҷирати кориро роҳи ҳалли ин мушкил медонанд. Аз сӯи дигар, маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ як омили дигарест, ки барои пайдо кардани кори муносиб мушкил эҷод мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар соли хониши 2013-2014 наздики 31 ҳазор нафар макотиби олиро хатм карданд. Ҷовидшоҳ Ҷӯраев, коршиноси тоҷик мегӯяд, бояд низоми таълиму тарбия дар Тоҷикистон дар вобастагӣ бо бозори меҳнат ба роҳ монда шавад.

”Аз як тараф бояд корфармо талаботи худро мушаххас кунад, аз тарафи дигар низоми таълим бояд мувофиқ ба ҳамин талабот мутахассис омода кунад. Вақте байни ин ду робита нест, баробарии ду паллаи тарозу гум мешавад. Ё хатмкунандагон дорои малакае мешаванд, ки дар бозор мавриди талабот нест ё камбуди мутахасcисони муайян ба миён меояд. Аз тарафи дигар, сифати таълим низ муҳим аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки баъд аз хатми донишгоҳ бисёр муҳим аст, ки мутахассисони ҷавон як давраи муайян дар ҳамон ришта тахассуси худро такмил диҳанд. Дар хориҷа ҳамин гуна низом истифода мешавад. Бекор мондани ҷавонон, албатта, ба малакаи онҳо ва худбаҳодиҳияшон таъсири манфӣ мерасонад,”-- мегӯяд Ҷовидшоҳ Ҷӯраев

Зимнан дар Тоҷикистон барои ҷалби бештари ҷавонон ба кор, ахиран дастгоҳи раёсати ҷумҳур ба тамоми идораҳои давлатӣ дастур дод, ки нафақахӯронро гусел карда, мутахассисони ҷавонро ҷалб кунанд. Аммо ҷавонон мегӯянд, ба кор дар ниҳодҳои давлатӣ ҳавасманд нестанд, чун маоши ночиз дорад.

Бо ин ҳама, Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, аллакай як таҳлили фарогирро дар мавриди талаботи имрӯзаи бозори кори Тоҷикистон ва баҳои корфармоён ба малакаҳои хатмкунандаҳо анҷом додааст, ки рӯзҳои наздик муарриффӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG