Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия тоҷикони бегуноҳро боз боздошт карданд


Кумитаи расидагии шаҳри Ростови Русия хабар додааст, ки 15 нафар шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси як зан гунаҳгор нестанд.

Кумитаи мазкур гуфтааст: “Дарвоқеъ гурӯҳи 15 нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд. Вале онҳо дар таҷовуз ба номуси зане, ки сокини Украина нест, гумонбар дониста намешаванд”.

Пештар раёсати корҳои дохилаи вилояти Ростов хабар дода буд, ки барои боздошти гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон амалиёти фаврӣ анҷом додааст.

Ин гурӯҳ дар таҷовуз ба номуси як зани украинӣ, ки бо онҳо зиндагӣ мекунад, гумонбар дониста мешуданд. Гурӯҳи тоҷикони боздоштшуда ва ин зан дар Ростов дар як сохтмон кор мекардаанд.
XS
SM
MD
LG