Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро дар Тоҷикистон вожаи "маланг" ҳамрадифи "гаранг"-у "карахт" ва мӯътоди маводи мухаддир аст?

...Аз хаймаи хаспӯш дар доманаи кӯҳ акнун тақрибан осоре намондааст. Хайма дар шоҳроҳи самти Қубодиён баъд аз купруки Ҷиликӯлу Қубодиён дар ҳошияи роҳ дар тарафи рост ҷойгир буд ва мардум мегуфтанд, ки дар он як маланг зиндагӣ мекунад. Малангро одамон пайваста дар шоҳроҳ вомехӯрданд, ки хомӯш ба ин ё ба он самт қадам мезад.“Вале чанд моҳ пеш маланг ғайб зад, намедонам дар пайи таъқиби мақомот буд ё ба далели дигар... баъзеҳо ҳадс мезананд, ки ӯро чанд маланги дигар бо худ бурдаанд”, мегӯяд Саидаҳмади Қаландар, шояд ягона донишманди тоҷик, ки рӯзгори пайравони яке аз тариқатҳои нодирро меомӯзад. “Вақте чанд маланг ҳамроҳ мешаванд, онҳо хилватхона месозанд, аммо он хона не, балки як хайма ё чайлаи хаспӯш аст... Ман аниқ намедонам, вале шунидам, ки малангҳо дар канори Бешаи Палангон дар мавзеъи Полвонтуғай хилватхона ташкил кардаанд ва аз рӯи баъзе овозаҳо маланги аз ҳошияи роҳ рондашуда бо онҳо пайвастааст”.

Саидаҳмади Қаландар

Саидаҳмади Қаландар

Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, ки дар фарҳангу луғатҳои қадима маланг “марди муҷарради сарупо бараҳнаи беҳуш ва масти илоҳӣ” тафсир шудааст. Аммо дар луғатҳо ду мафҳуми маст омадааст – “масти девона” ва “масти лояқил”, яъне, масте, ки ҳарф зада наметавонад. Малангҳо ҳамин гуна масти лояқиланд, ҳарчанд миёни онҳо масти девона ҳам кам нест ва мардум онҳоро “девонаи Худо” ҳам ном мебаранд. Вале дар зеҳни аксарият маланг касест, ки ба гап гӯш медиҳад, вале чизе намефаҳмад.

Баъзеҳо мегӯянд, ки малангҳо бар асари истеъмоли маводи мухаддир ҳамеша "гаранг"-у "карахтанд". Ба ин хотир одами масту мӯътодро ҳам "маланг" мегӯянд. Иддае мутмаинанд, малангҳо ба он хотир гӯшанишинӣ мекунанд ё хилватхона месозанд, ки дигарон ба айши онҳо ва нашъакашияшон халал нарасонанд.

Дар нашри нави Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ маланг ба маъноҳои “бесару по”, “хонабардӯш”, “шахси фориғ аз ҳар расму русум ва одату қоида”, “одами лоқайд”, “сархӯш”, “шодоб”, “камхирад” ва “беақлу бетадбир” омадааст.

Аз нигоҳи Саидаҳмади Қаландар, малангро наметавон қавм, тоифа, қабила ё миллат номид, "малангҳо пайравони як тариқат ё фирқаи мазҳабиянд, ки аз замони яккахудоӣ дар динҳои яҳудӣ, насронӣ ва ислом бо номҳои гуногун вуҷуд дошт".

МАЛАНГҲО – МӮЪТАРИЗОНИ ХОМӮШ?

Малангия аз тасаввуф ҷудост - аҳли тасаввуф ҳавзаву ҷамоа, пиру мурид, таълимоти тариқатӣ ва таълими шифоҳӣ доранд. «Аммо малангҳо бо нафси худ ҳастанд ва аз аҳли тасаннунанд”, мегӯяд Саидаҳмади Қаландар. Миёни пайравони ҷараёни Исмоилия ҳам малангҳо нестанд ва далели ин “тақия” аст, яъне як мусалмони исмоилӣ метавонад дар ҳузури сунниҳову шиаҳо ё зайдҳо худро ҳамранги онҳо кунанд, вале пайравони тариқати Малангия мансубияташон ба мазҳаби сунниро эътироф мекунанд, вале “тақия” ҳам намекунанд, аз қафои касе намераванд ва муриди касе намешаванд.

Сабаби мухолифати тасаввуф ба малангҳо, ба гуфтаи Саидаҳмади Қаландар, дар ин аст, “аз нигоҳи сӯфиҳо, даъват дар сироти мустақим, дар роҳи рост бояд як шеваи рафтори мусалмон бошад, вале чун малангҳо хомӯшанд ва фақат бо худ гирифторанду амалеро дар роҳи ривоҷи Ҳақиқат ва Адолати Худованд анҷом намедиҳанд, онҳоро аз тариқати худ намедонанд”.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Гуфта мешавад, ки малангҳо ду гурӯҳанд – бархеи онҳо дар дашт ё кӯҳдоман, макони дур аз мардум хайма мезананд ва пайваста дар сукутанд. Гурӯҳи дигар маҷнунгунаанд ва миёни мардум мегарданд ва бо ишораҳо бо худ ҳарф мезананд. “Аз назари ҷомеъашиносон, фалсафаи Малангия як навъ эътироз ба беадолатиҳои ҷомеъа аст. Малангҳо алайҳи ягон низоми давлативу сиёсӣ исён намекунанд, исёни онҳо алайҳи нафси худ аст ғайбат, кина, ришват, рибо, ҳаром, зино, дурӯғ, фитнаро аз вуҷудашон берун мекунанд. Онҳо медонанд, ки қудраташон барои пок кардани ҷомеъа кофӣ нест ва аз ин рӯ хомӯшӣ мегузинанд”, мегӯяд Саидаҳмади Қаландар.

Аммо, аз сӯи дигар, малангҳо фаризаҳои илоҳиро иҷро намекунанд ва мегӯянд, ки барои Худованд фақат зикри ӯ кофист

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, донишманд ва рӯҳонии маъруфи тоҷик ҳам тасдиқ мекунад, ки малангҳо як тариқати алоҳида ва аммо дур аз Нақшбандияву Қодирия ва наздик ба дарвешҳову қаландарҳоянд. Мусоҳиби мо ҳам мегӯяд, ки пайравони тариқатҳои ислом ин афродро хуш надоранд. “Хоҷа Ҳофизи бузург гуфтааст, “Ҳолати ҷазби риёӣ хуш намеояд маро!”, яъне, ҷазб, ҷазба набояд риёӣ, балки бояд аз барои Худо бошад...” Ба гуфтаи донишманди илми фиқҳ, малангҳо бештар ба пайравони файласуфи юнонӣ Диоген шабоҳат доранд, ки зиндагӣ дар хумро аз зиндагӣ дар манзили барҳаво авлотар медонист.

Саид Аҳмадов

Саид Аҳмадов

Саид Аҳмадов, пажуҳишгари масоили дин, мегӯяд, ки малангҳо барои тозагии рӯҳу вуҷуди худ талош мекунанд ва мекӯшанд “он чӣ дар вуҷудашон аст, дар зери таъсири таълимоту тарғиботи бегона дигар нашавад”. Муҳаққиқи тоҷик ба ин назар аст, ки малангҳо нигаҳ доштани тозагии ботинро аз тасаввуф гирифтаанд.

Зимнан, Мирзо Абдулқодири Бедил айёми ҷавонӣ гирифтор ба Малангия буд. Ашъори он солҳо иншокардаи ӯ – баёнгари фалсафаи малангҳост.

Бефано натвон ба кунҳи нуктаи ашё расид,
Ойина гар хок гардад, бо ду олам рӯ ба рӯст...

Ё

Тааммул рутбаи афкор пайдо мекунад, Бедил,
Ба хомушӣ нафасҳо сӯхт Марям, то Масеҳо шуд.


“АЗ ЭШОНҲО ВА МАЛАНГҲО ЭҲТИЁТ БОШЕД!”

Саидаҳмади Қаландар бо такя ба маъхазҳои таърихӣ мегӯяд, баъд аз ишғоли Осиёи марказӣ аз сӯи Русия императорӣ, аз Петербург ба афсарону сарбозҳо дастур расид то ду тоифаеро ҳамеша таҳти назорат дошта бошанд, ки миёни мардум нуфуз доранд ва метавонанд онҳоро аз пайи худ баисён баранд-аввалан, эшону сайидзодаҳоро ва сониян, малангҳоро, ки хомӯш мегарданд, вале мардум ҳар имову ишораашонро мефаҳманд... Дар қадим малангҳо дар Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Қуқанду Фарғона ва аз охирҳои қарни 19 дар қаламрави феълии Кӯлоб ва Қубодиёну Шаҳритусу Саройкамар муқимӣ буданд.

Аз нигоҳи донишманди тоҷик, кишварҳои абарқудрат борҳо аз тариқати Малангия истифода кардаанд – маъхазҳои таърихӣ ҳокиянд, ки, аз ҷумла, замони инқилоби болшевикӣ инглисҳо ба назорати авзои Осиёи Марказӣ ниёз доштанд ва аз ин рӯ онҳо гумоштаҳояшон аз Ҳинду қаламрави феълии Покистонро, ки забони мардуми маҳаллиро намедонистанд, ба симати маланг ба Тоҷикистон мефиристоданд – онҳо дар қиёс бо малангҳои маҳаллӣ одамони тақводор, вале хомӯш буданд ва бо вуҷуди эҳтироми зиёди сокинони маҳаллӣ бо онҳо ҳарф намезаданд. Оромгоҳи яке аз малангҳои маъруф дар Мӯъминобод ҷойгир шудааст, дар Ғозималик ҳам дар масири Душанбе аз тарафи рост гӯре миёни саҳро ҷойгир аст, ки мардум онро оромгоҳи Домуллои бузурги Маланг меноманд.

Ба гуфтаи Саидаҳмади Қаландар, баъд аз ташкили ҳукумати шӯравӣ то шурӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ теъдоди малангҳо дар Тоҷикистон хело кам буд, зеро онҳо пайваста таъқиб ва қир карда мешуданд. Ӯ меафзояд, ки муҳаққиқи тоҷик Абдулло Раҳнамо, баъд аз ширкат дар як нишасти вижа, дар шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон, як боби китобашро маҳз ба мавзӯи таъқиби малангҳо дар замони шӯравӣ бахшида буд.

Баъд аз нармиши сиёсат дар баробари дин замони қудрати Никита Хрушёв малангҳо дубора пайдо шуданд. "Он солҳо дар бозорҳои Кӯлобу Қурғонтеппа афроди сокиту хомӯше мегаштанд, ки мардум онҳоро “девонаи Худо” меномиданд. Одамон ба онҳо хайр мекарданд, аммо онҳо гоҳ мегирифтанд ва гоҳ не".

Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, ки ӯ дар хилвати малангҳо нишастаст, аммо ҳарфе бо ҳам назаданд, “зеро малангҳо сӯҳбат намекунанд, агар суолу ҷавоб кунед, аз чеҳраашон маълум мешавад, ки аз он суолу ҷавоб хушанд ё нохуш”. Зимнан, бештари малангҳо аз ҷавонӣ муҷарраданд, вале баъзеяшон хонаву дари обод ва зану фарзандҳои худро тарк карда ба кӯи малангӣ мераванд.

Ҷонибеки Асрориён

Ҷонибеки Асрориён

Теъдоди малангҳо маълум нест, зеро касе ё гурӯҳе дар ягон кишвар ба омори онҳо таваҷҷуҳ накардааст. Дар бораи фалсафаи онҳо низ то ҳол таҳқиқоти вижае анҷом нашудааст, аз онҳо фақат баъзе аз муаррихони рус ҳангоми пажуҳишҳояшон дар Осиёи Марказӣ ёд овардаанд. Саид Аҳмадов иқрор мекунад, ки дар доираҳои илмии Тоҷикистон дар бораи малангҳо тақрибан чизе намедонанд. Сабаби таваҷҷуҳ накардани донишмандон ба сарнавишти малангҳо шояд аз он хотир аст, ки Малангия чун дигар тариқатҳо соҳибқудрат нест, мегӯяд мусоҳиби мо.

Ҷонибеки Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, аҳли илм бояд на фақат ба малангҳову дарвешҳо, ки теъдодашон хело кам мондааст, балки ба қавмҳое чун ҷугиҳо ҳам таваҷҷуҳ кунанд ва дар бораи онҳо таҳқиқот анҷом диҳанд, зеро баъд аз чанд сол бисёр урфу одатҳои онҳо бо урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ омехта мешавад.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол малангҳо дар Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Балуҷистон, вилояти суннинишини Эрон, ва дар Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд. Теъдоди ками онҳо муқими кишварҳои арабӣ, Туркия ва кишварҳои шианишинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG