Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марям Давлатова: Ҷомеа одат кардааст, некиҳоро набинад


Марям Давлатова

Марям Давлатова

Марям Давлатова то ним соли пеш аксаран ба унвони як донишманд, журналист ва коршиноси умури занон муаррифӣ мешуд, ахирин ҳамчун шоир дар саҳнаи Фейсбук зуҳур кард.

Марям Давлатова ҳар рӯз намунаҳо аз ашъори худро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр мекунад ва аксари шеърҳояш ишқиянд. Гуфтугӯи мо аз он сар шуд, шеърсароии ӯ кай сар шуда аз куҷо сарчашма гирифтааст.

Марям Давлатова: Агар инро хусусияти табиат гӯем,ин як чизи модарзодӣ аст. Фақат барои худам ин аҳмият надошт. Аввалин шеъри ман, агар онро дар нохунак шеър гуфтан мумкин бошад, ба ҳангоми дар синфи се хонданам дар рӯзномаи девории мактаб нашр шуда буд. Вале барои худам ҳеҷ муҳим набуд. Танҳо ҳоло мефаҳмам, ин мисли чашмаест, ки роҳи онро бастан намешавад. Баъд аз вафоти модарам ман як сол коре карда наметавонистам ва ҳамон мисраҳое, ки он давра пайдо шуда буд ман дар компютери худам сабт кардам. Он, ки дар Фейсбук якбора ин чиз яку якбора рафт , ин баракати худи ҳамин шабакаи иҷтимоӣ ва шоирони он аст. Ҳоло барои ман шеър як раванди равондармонӣ шудааст. Ман шояд ҳоло дарк кардам, ки ин шеърҳо чӣ лозиманд, рисолаташонро нав фаҳмидам. Барои ҳамин ҳам шояд бештар шуданду равонтар гаштанд. Баъд ин ки Фейсбук як хусусияти олиҷаноб дорад, он ҷо майдони мусобиқа нест. Вақте шеърҳоро мехонӣ, хоҳ нохоҳ дар ҷавоби он чизе гуфтан лозим мешавад ва мисраъҳо низ худ аз худ меоянд. Ҳоло нисбатан озодтар менависам ва аксаран мисраъҳои шеър дар худи саҳифаи Фейсбук чида мешавад. Баъзе аз дӯстон ҳатто мегӯянд, ки муаллима фалон ҷойи шеъратон андак вазнаш мелангад, ман дар ҷавоб мегӯям ба вазнаш чӣ кор дорам. Ман ҷуз аз вазни бозор дигар ҳеҷ вазнеро намедонам. Ҳарчанд, шеъре, ки пухта расидааст, аллакай вазнаш побарҷост ва ба ислоҳ ниёз надорад.

Озодӣ: Чӣ шуд, ки бештар ба шеъри ошиқона рӯ овардед?

Марям Давлатова: Аслан одамизод ҳамеша ошиқ аст. Инсон худаш маҳсули ишқ аст. Зан табиатан нисбат ба мард ба ишқ мойилтар аст. Зеро агар ишқ набошад, инсон хусусан зан он мушкилоте, ки модарӣ бар ӯҳдааш мегузорад,саришта кардан наметавонад. Ман солҳои пеш дар бораи ишқ сухан карданро дӯст намедоштам. Дар як мушоираи мо бо Исфандиёри Назар гуфтам, ки ман ақлгароям ба ишқ кор надорам. Вале баъд ҳис кардам, ки агар мо сарчашмаи ишқро зер кунем, ақл бе ишқ хушк аст.

Озодӣ: Мо медонем, ки Шумо хеле барвақт ҳамсари худ - як донишманди маъруфи илми физикаро аз даст додед. Мешавад гуфт, ки ҳамин ғусса шуморо шоира кард?

Марям Давлатова: Албатта. Масалан, дар маҷмӯае, ки чор сол боз дар чопхона аст ва ман тарафаш намеравам, як бахши асосияш ҳамин аст. Ва номи зебое ҳам дорад, «Шарафи сӯҳбати ӯ чандамро буд насиб», ки иборат аз силсилаи шеърҳои ғамҳост. Вале агар ғамро бо шеър гуфтан агар шеърдармонӣ барои шоир бошад,шодиро ба мардум гуфтан, шеърдармонӣ барои мардум аст. Як силсилаи шеърҳои саропо ғаму марсия низ барои азизони дигарам ҳам ҳаст. Рӯзгор чунин шуд, ки дар давоми 9 сол ман 14 пораҳои ҷигарамро аз даст додам, ва як бахше аз маҷмуаи номатбуи манро ҳамин марсияҳо ташкил медиҳанд.

Марсияҳое, ҳастанд, ки ман пеши роҳашонро гирифтан наметавонистам. Барои он, ки гиря набошад ва бо чеҳраи кушод ба назди мардум баромадан тавонӣ, барои он ки ғаму ғуссаатро бори фарзандон накунӣ, дар шеър инҳо мерехтанд. Ман фикр мекунам, ки ин ҳам як атои Худованд аст. Ҳоло ҳар чизе, ки дар бораи шавҳарам менависам танҳо изҳори муҳаббат аст.

Озодӣ: Яъне маълум мешавад, Шумо мехостед шеърҳои худро ба шакли китоб чоп кунед?

Марям Давлатова: Бале, ҳамин гуна орзу доштам. Аслан мехостам, барои фарзандонам бо теъдоди шояд 50 ва ё 100 дона нашр кунам. Зеро он, чизе, ки Худо додааст, бояд ҷое сабт шавад. Вақте ман бо писарам хостам масъалаи муқоваашро маслиҳат кунам, ӯ гуфт, модарҷон барои чӣ худатонро азоб медиҳед? Шеър ба кӣ лозим аст, онро касе намехонад. Барои ман бошад, дар ҳамон компютератон кифоя аст, шояд ягон вақт хонам. Вале ҳоло майли хондани шеъратонро надорам, барои ман худи шумо кифоя ҳастед. Ҳамин гапи писарам боис шуд, ки ман дигар тарафи чопхона нарафтам. Вале ҳоло гумон мекунам андак бекортар шавам ва он шеърҳое, ки баъд ҷамъ шудаанд, нашр кунам. Ҳоло рӯзе мешавад, ки 6- 7 ғазал худ ба худ мерезад. Баъзеяшро дар Фейсбук мегузорам, баъзеяшро мебинам ки ғуссадортар аст мегӯям барои мардуми мо лозим нест. Зеро коми мардум шӯр кардан з-оби ин дарё чӣ суд. Барои мардуми мо имрӯз шодиҳо, дилбардориҳо ва муолиҷаҳои равонӣ лозиманд. Ғами касеро бардоштан, бисёр кори вазнин аст.

Озодӣ: Шумо як фаъоли ҳуқуқи зан низ ҳастед. Оё дар ду даҳаи охир вазъи зани Тоҷикистон то куҷо тағйир ёфт?

Марям Давлатова: Ҳар давра масоили худашро дорад. Он замоне, ки мо корро сар кардем, яке аз масъалаҳои хеле ҷиддӣ расонидани кӯмаки башардӯстона буд.Яъне лозим буд, ки мардумро аз хатари гуруснагӣ берун орем. Ман ёд дорам,замоне, ки мо барои гузаронидани семинар ба минтақаҳо мерафтем, ба саволи он, ки шумо аз семинар чӣ умед доред, баъзан мегуфтанд, ки чойи ширин. Яъне чойи ширин чизе буд, ки мардум надоштанд. Ҳоло сад ҳазор бор шукр мардум сари чойи ширин дигар мушкилот надоранд. Феълан барои аксари мардуме, ки ман бо онҳо рӯ ба рӯ мешавам, масъали умда таҳсилоти фарзандон аст. Дигар мушкилоте ки дорем сол то сол афзудани теъдоди духтарони дур аз таҳсил мебошад. Ва ман гумон мекунам,ин равандро мо кашф кардем,ҳоло он,ки чизи аз ҳама душвор дар ҳама маврид ташхис аст.

Озодӣ: Оё то куҷо Шумо худро озод эҳсос мекунед, аз зиндагиятон аз ҳукумат аз ҷомеа розӣ ҳастед? Агар не, ба назар чӣ бояд иваз шавад?

Марям Давлатова: Аз нигоҳи ман аслан инсон бояд пеш аз ҳама аз худаш розӣ бошад ва аз худаш озод бошад.Вале дар мавриди ҳукуамт ё ҷомеа чӣ гуфтан метавонам. Ман фикр мекунам, ҳукумат он кореро мекунад, ки аз дасташ меояд.Дар доираи имконияти худаш корҳои зиёде анҷом мешавад. Вале ҷомеа одат кардааст, ки некиҳоро намебинем. Ман намегӯям, ки ҳукумат камбудӣ надорад, вале он низ як ҷисми зинда аст. Ҳукумат аз кист? Аз мост ки бар мост. Ҳамон амалдоре, ки дар сари мансаб нишаста аст, писар, бародар,шавҳари касест. Ман гумон мекунам агар мо ҳамин масъаларо аз чор тарафаш даромад бинем,корамон осонтар мешавад. Масалан ҳоло як нафарро сари вазифа меоранд ва ӯ пештар дар соҳа кор накарда бошад, аз илми дипломатия ва бунёд кардани муносибатҳо бархӯрдор набошад, ӯ чӣ гуна метавонад ин амалро дуруст роҳандозӣ кунад? Аз вай гила кардан чӣ фоида дорад. Дар бисёр ҳолат одамон гумон мекунанд, ки ӯро ба вазифае нишонда бошанд,ӯ аллакай сазовор аст ва омӯхтанаш дигар зарурат надорад. Ҳоло 80 дарсади амалдорони мо ҳамин мушкилро доранд.

Озодӣ: Соли гузашта, бори аввал дар Тоҷикистон як зан довталаби курсии президентӣ шуд. Шумо инро чӣ гуна қабул кардед ва оё ба фикри шумо рӯзе ҳам мерасад, ки дар Тоҷикистон як лидери воқеӣ аз миёни занон зуҳур кунад, ки ҳукуматро дар кишвар ба дасти худ гирифта тавонад?

Марям Давлатова: Аслан ман гумон мекунам, ки ин раванди муқаррарӣ аст, ва рӯзи бояд чунин ҳам шавад.Фақат дар ин масъалаҳо мо андак саросема мешавем.Мо фаромӯш мекунем, ки чӣ доштем, дорем ва ба чӣ расида истодаем.Ҳар як қадам баъди қадами дигар мешавад. Масалан нокомии Ойниҳол Бобоназарова, ин нокомии ӯ набуд.Ин ноаҳлии ҳамон ҳизбҳои сиёсӣ буд. Албатта, мубориза мубориза аст, вале ҳоло мо мушоҳида мекунем ягона ҳизбҳе ки занонро пешбарӣ мекунад, ҳизби ҳоким аст. Ва ин занҳо ба вазифаҳо мерасанд.Вале аҳзоби дигар, км даъвои зиёд мекунанду бисёр ба сари ҳизби ҳоким санг мезнанд, рафиқони азиз шумо дар ин масъала чӣ кор кардед?Ҳангоме, ки мо ин суолро ба онҳо медиҳем, он ҳамеша бе ҷавоб мемонад.Ҳатто дар ҳамин маврид ҳам. Ман фикр мекунам, ки Бобоназарова хеле зани арзанда буданд ва агар ин ҳизбҳо худашон худро пешпо намедоданд ва як қадам ба пеш ва як қадам ба ақиб намерафтанд шояд ин масъала дар чунин шакл сурат намегирифт. Вале ин ҳам таҷриба аст ва ҷойи дилмонӣ надорад. Шояд дар навбатҳои дигар аз ин таҷриба хулосаи дуруст мебароранд дар ин масъала ман хеле хушбин ҳастам. Гумон мекунам, ки ҳар имтиҳоне, ки Худованд ба мо медиҳад,ба манфиати мост ва муҳим аст, ки мо аз он хулосаи дуруст барорем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG