Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мазори Берунӣ дар Афғонистон хароб мешавад


Маҳали дафни Абӯрайҳон Берунӣ, донишманди бузург дар шаҳри Ғазнии Афғонистон дар ҳоли харобӣ қарор дорад.

Мазори олими бузурги Шарқ Абӯрайҳон Берунӣ дар шаҳри Ғазнӣ хароб гардида ва солҳост ки бозсозӣ нашудааст. Бино ба гузориши Олим Кӯҳкан, хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ аз Афғонистон, дар сурати таъмиру бозсозӣ нашудани мазори Абӯрайҳон Берунӣ бо гузашти чанд соли оянда ин мазор комилан хароб шуда ва пайдо кардани он душвор хоҳад шуд.

Олим Кӯҳкан мегӯяд: "Ин хатар вуҷуд дорад, ки дар зарфи чанд соли оянда ин мазор ба хок яксон шавад. Агар гирди мазор девор гирифта нашуда ва мақбара бунёд нашавад, маҳали дафни ин донишманди бузург аз миён хоҳад рафт".

Ба гуфтаи гузоришгари Озодӣ, дар соли гузашта шаҳри Ғазнӣ "Пойтахти ҷаҳони ислом" эълон шуда ва барои бозсозии осори таърихию фарҳангӣ маболиғи ҳангуфте ҷудо шуда буд. Аммо аз ин маблағ барои бозсозии мазори Берунӣ истифода нашудааст.

Харобаҳои мазори Берунӣ дар Афғонистон
Харобаҳои мазори Берунӣ дар Афғонистон

Ба эътиқоди Олим Кӯҳкан, мақомоти афғон ба тармими мазори ӯ дар боғи Баҳлули ноҳияи Боло Ҳисори Ғазнӣ таваҷҷӯҳе накардаанд.

Берунӣ дубора дар Узбакистон дафн шудааст?

Дар даҳаи 90-и асри гузашта сару садоҳо дар мавриди он ки, бунёди "Авлодҳои Берунӣ" хоки мазори Беруниро аз Афғонистон ба Узбакистон оварда ва дар шаҳри Берунӣ, дар вилояти худмухтори Қароқалпоқистони ин кишвар дафн шудааст, пайдо шуда буданд.

Аммо Сергей Абашин, антропологи рус ин сару садоҳоро бепоя хонда ва мегӯяд, ки боқимондаҳои ҷасади Берунӣ ҳанӯз дар Афғонистон маҳфуз аст. Дар шаҳри Кати вилояти Хоразми Узбакистон, зодгоҳи Абӯрайҳон Берунӣ, мақбараи рамзии ин донишманди бузург бунёд шудааст. Дар шаҳри Хиваи Узбакистон осорхонаи таърихи Хоразм ба номи Ал-Хоразмӣ ва Берунӣ ифтитоҳ шудааст.

Абӯрайҳон Берунӣ, донишманди бузурги асри 10-и милодӣ муаллифи 152 рисола буда ва то замони мо танҳо 30 асари ӯ расидааст. Донишномаи улуми чопи Маскав Абурайҳони Беруниро донишманди ҳама асрҳо ва давраҳо хондааст. Дар бисёре аз кишварҳо номи Беруниро бар донишгоҳо, донишкадаҳо, толорҳои китобхонаҳо ниҳода ва лақаби "устоди ҷовид" ба ӯ додаанд.

Берунӣ, ки забонҳои ҳиндӣ, юнонӣ ва арабиро медонист, китоб ва рисолаҳои зиёд навишт. Муҳимтарин осори ӯ "Ат-Танҷим дар риёзиёт ва нуҷум", "Осор ал-боқия дар таърих ва ҷуғрофиё", "Қонуни масъудӣ", ки навъе донишнома аст ва китоби "Таҳқиқ мо-лил-Ҳинд" дар бораи вазъи сарзамини мебошанд.

Берунӣ китоби донишномаи худро ба номи Султон Масъудӣ Ғазнавӣ, ҳокими вақт кард, вале ҳадяи ӯро, ки се бор шутур сиккаи нуқра буд, напазируфт ва ба ӯ навишт, ки китобро ба хотири хизмат ба дониш ва густариши он навиштааст, на пул. Аз дигар осори вай, метавон китоби "Ас-сайдана фит-тиб" ишора кард, ки китобе аст дар бораи гиёҳони доруӣ.

XS
SM
MD
LG