Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви боҷи гумрукии Русия бензинро 20% арзон кард


Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи маводи сӯхт ба таври чашмрас арзон шудааст.

Як масъули ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон», ки нахост номаш гуфта шавад рӯзи 9-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки арзон шудани нархи сӯзишворӣ ба созишномаи миёни Тоҷикистону Русия барои ворид кардани маводи сӯхти бидуни боҷи гумрукӣ рабт дорад.

Шуруъ аз имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» нархи маводи сӯхт то ба 1 сомонӣ пойин шуда, арзиши як литр бензини навъи АИ-98 аз 7,40 сомонӣ то ба 6,3 сомонӣ, АИ-95 6 сомонӣ ва АИ-92 то 5,2 сомонӣ муайян шудааст.

Аз хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар додаанд, ки нархи маводи сӯхт то ба 20 дар сад коҳиш ёфт ва ҳамаи ширкатҳои хариду фурӯши маводи сӯхт вазифадор шудаанд, нархи ин маҳсулотро пойин кунанд.

Гуфта мешавад дар пайи ворид кардани маводи сӯхти бидуни боҷи гумрукӣ нархи он дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ то ба 2 сомонӣ пойин равад.

Созишнома дар бораи бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон фурӯхтани маводи сӯхти Русия ҳанӯз 6 феврали соли 2013 ба имзо расида, тибқи он қарор аст, Русия то поёни ҳамин сол ба Тоҷикистон 1 миллион тонна бензину соляркаву керосин ва равғанҳои молиданӣ(ГСМ)-ро бидуни боҷ бифурӯшад. Албатта, ба шарти аз Тоҷикистон ре-экспорт, яъне дубора ба кишварҳои сеюм нафурӯхтани ин маводи сӯхте, ки ин кишвар бо чунин шароити боимтиёз аз Русия мегирад.
XS
SM
MD
LG