Пайвандҳои дастрасӣ

Вазир: Гимназияи исломӣ ҳаққи хонандагонро нақз кардааст


Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки Гимназияи исломӣ баста нашудааст, вале ба далели рӯбарӯ шудан ба бӯҳрони молӣ, дигар имкони нигаҳ доштани бинои феълии мактабро надорад.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 6 июл зимни сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ягонаи Гимназияи исломӣ дар кишвар ба далели бӯҳрони молӣ, дигар имкони нигаҳ доштани бинои феълии худро надорад.

Ба гуфтаи Нуриддин Саид, Гимназияи исломӣ солона ҳудуди 200 ҳазор доллар иҷорапулӣ медод ва ҳоло пардохти ин маблағ аз тавони ин муассисаи таълимӣ берун аст. “Ҳар моҳ барои бинои мактаб тахминан 16 ҳазор доллар иҷорапулӣ медиҳад, ҳоло ба бӯҳронӣ молӣ гирифтор шудааст ва дигар мактабро нигоҳ дошта наметавонад. Маблағи мактабро ҳам баланд карда наметавонад, чун ин назорат мешавад”,-афзуд вазири маориф.

Ба гуфтаи Нуриддин Саид, Гимназияи исломии Тоҷикистон ҳамчунин бо қабули беш аз меъёри хонанда ба мактаб, ҳаққи муҳассилини худро нақз кардааст. Оқои Саид афзуд, муассисаи мазкур 450 нафар хонандаро бештар аз меъёр қабул кардаааст: "Тибқи литсензия, ҷойи нишасти кӯдак андоза дорад. Дар дигар кишварҳо барои ин роҳбарияти муассисаро ба Суди иқтисодӣ мекашанд, вале мо ин корро накардем. Мо таъкид кардем, ки шумо аз андоза зиёд нагиред.”

Вале бо ин вуҷуд Нуриддин Саид таъкид кард, ки Гимназияи исломӣ баста нашудааст ва то сохтмони бинои нав, ки аз ҷониби давлат барояш ҷой ҷудо шудааст, бо кам кардани теъдоди хонандаҳо шояд дар бинои феълии худ фаъолиятро идома диҳад.

Ба қавли вазир, хонандаҳои аз гимназияи берун монда метавонанд таҳсили худро дар мактабҳои миёнаи кишвар идома диҳанд. Ба гуфтаи вай, ин муассиса тобеи вазорати маориф набуда, назди Донишкадаи исломии ба номи Имом Абуҳанифа ва Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Дар авоили моҳи гузашта масъулони ягона Гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимиро то пайдо кардани бинои нав, ки замонаш ҳанӯз маълум нест, ҷавоб додаанд. Онҳо дар як ҷаласаи махсус гуфтаанд, молики биное, ки ҳоло Гимназияи исломӣ дар он ҷо фаъолият дорад, вориди як баҳси додгоҳӣ бо ҳукумат шудааст ва бинобар ин маҷбуранд, то замони пайдо кардани макони нав онҳоро ҷавоб диҳанд. Гимназияи исломӣ дар бинои собиқ Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико, маъруф бо номи "Садр" ҷойгир буд.

Яке аз устодони Гимназияи исломӣ қаблан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "на мегӯянд, батамом биравед ва на мефаҳмонанд, ки воқеан чӣ шудааст. Фақат гуфтанд, равед, агар бино ёбему кор идома пайдо кунад, Шуморо дубора даъват менамеом. Ҳамин қадар гуфтанд ва ҷавоб доданд."

Хабаргузории "Тоҷнюз" қаблан бо такя ба манобеи худ аз қатъи фаъолияти Гимназияи исломӣ ва якбора ҷавоб шудани 1380 хонандаи ин муассисаи таълимӣ хабар дода буд. Аммо Раҷабалӣ Аҳмадов, мудири Гимназияи исломӣ дар пайи овоза шудани қатъи фаъолияти Гимназияи исломӣ гуфта буд, "танҳо баъзе аз сустхонҳоро ҷавоб дода, аммо ба фаъолиятамон идома хоҳем бахшид".

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ аз ихроҷи ҳудуди 400 толибилми Гимназиия исломӣ хабар дода буданд. Лутфулло Сафаров - ноиби раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа рӯзи 23 январи соли ҷорӣ дар нишасти хабарии ин танҳо мактаби олии мазҳабӣ дар кишвар гуфт, сабаби ихроҷи 382 шогирди гимназияи исломӣ кам будани ҷои нишаст дар ин мактаб буд. Оқои Сафаров гуфт, дар пайи як санҷиши Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мушаххас шудааст, ки теъдоди толибилмон дар муқоиса ба ҷои нишаст дар ин гимназия хеле зиёданд. Дар Гимназияи исломӣ 1548 нафар, аз ҷумла 910 духтар таҳсил мекарданд.

Бо онки беш аз 98 дарсади аҳолии 8 миллионнафарии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд, ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир дар кишвар танҳо 6 мадрасаи мутавассита, як гимназия ва як мактаби олии исломӣ – Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар Душанбе – амал мекунанд. Дар солҳои охир шумори зиёде аз мадрасаҳои мавҷуда, ки таҳсилашон пулакӣ буд, ба далели “надоштани шароити дурусти таълимӣ” ваё ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёру талаботи вазорати маориф ва Кумитаи дини Тоҷикистон баста шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG