Пайвандҳои дастрасӣ

The Economist: Сели муҳоҷирон бояд ҳукуматҳои Осиёи Марказиро битарсонад


Маҷаллаи “The Economist”-и чопи Лондон менависад, дурнамои бозгашти садҳо ҳазор муҳоҷир аз Русия бояд ҳукуматҳои Осиёи Марказиро, ки барои таъмини онҳо бо ҷои кор то имрӯз фикре накардаанд, битарсонад.

Маҷаллаи мӯътабари “The Economist”-и чопи Лондон рӯзи 17 январ дар матлабе бо номи “Contagion. As the rouble plunges, Central Asia feels the pain” (“Сироят. Вақте рубл меуфтад, Осиёи Марказӣ ҳам эҳсоси дард мекунад”) шикасти иқтисоди Русия ва коҳиши башиддати қурби рубли русӣ миллионҳо нафар аз аҳли Осиёи Марказиро, ки гузарони зиндагиашон ба пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия бастагӣ дошт, сахт нигарон кардааст. Маҷалла ёдовар мешавад, ки пули фиристодаи муҳоҷирон баробари сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ва баробари қариб нисфи тамоми иқтисоди Тоҷикистон буд: “Аммо бо уфти қурби пули русӣ, ҳаҷми пуле, ки муҳоҷирон асосан бо доллар интиқол медоданд, низ коҳиш ёфт. Интиқоли пул ба Ӯзбакистон дар семоҳаи сеюми соли 2014, бино ба омори Бонки марказии Русия, то 9 дарсад кам шудааст. Ба ақидаи як таҳлилгар, ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон назар ба як соли қабл 20 дарсад кам хоҳад шуд.”

“The Economist” сарнавишти Энҷегул Қодиралиева ном сокини кӯҳансоли Бишкекро намуна овардааст, ки солҳои охир аз ҳисоби пули писари муҳоҷираш зиндагӣ дошт, вале ҳоло “тарси ин ки таъмини наберааш ба гардани ӯ меуфтад, ин пиразанро ба фурӯши қуруту хурӯсак дар кӯчаҳои пойтахти Қирғизистон тела додааст.”

Маҷалла меафзояд, рушди иқтисоди минтақа дар чанд моҳи охир гаштаю баргашта бозбинӣ шуд ва қурби пулҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хеле пойин рафт. Туркманистон рӯзи 1 январ манат, пули миллии ин кишварро 19 дарсад девалватсия(беқурб) кард. Ҳаҷми таваррум дар Қирғизистону Тоҷикистон низ, ба навиштаи “The Economist”, ду маротиба боло рафт, рубл дар як соли охир қариб ду маротиба беқурбтар шуд: “Ин маҳсулоти Осиёи Марказиро дар Русия - бузургтарин бозори фурӯши маҳсулоти тақрибан ҳамаи 5 кишвари минтақа - рақобатнопазир мегардонад. Як тоҷике, ки дар Маскав чормағзу меваҷоти хушк мефурӯшад, гуфт, фоидаашро аз даст додааст.”

Аҳволи иқтисодии Русия, тавре маҷалла бо такя ба раҳбарони созмонҳои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ менависад, тақрибан чоряки ин мардумро ба бозгашт ба Ватан маҷбур мекунад. “The Economist” меафзояд: “Дурнамои ба кишварҳои худ сарозер шудани садҳо ҳазор ҷавонмарди бекор бояд ҳукуматҳои фасодзадаи Осиёи Марказиро, ки барои ташкили ҷойҳои корӣ даст ба даст намезананд ва дар амри коҳиши шиддати иҷтимоӣ ба муҳоҷират такя задаанд, битарсонад. Дар соли 2009, баъди бӯҳрони қаблӣ, интиқоли пули муҳоҷирон ба Қирғизистон 28 дарсад кам шуд ва муҳоҷирон ба хона баргаштанд. Ин ҳамагӣ баъди чанд моҳ ба зӯран барканор кардани раисиҷумҳури ба диктатор табдилёфтаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев оварда расонд.”

Қирғизистон ҳоло роҳи халосиаш аз ин гирдобро дар узвият дар Иттиҳоди АвроОсиё, боз як созмони сохта ва зери назари Маскав мебинад. Сарвазири Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев ба муаллифи ин матлаб гуфтааст, ки кишвараш ба ҷуз аз пайвастан ба ин созмон “алтернативаи дигаре” надорад. Аммо узвият дар Иттиҳоди АвроОсиё Қирғизистонро аз имтиёзе, ки узвияташ дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат тайи ду даҳсолаи охир барояш дода буд, яъне воридоти мол аз Чин бо нархи арзон ва фурӯши баъдии он ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ маҳрум мекунад.

Аммо бо ин вуҷуд, иқдомҳои ахири Русия дар сиёсати муҳоҷираташ, ба навиштаи муаллиф, ҳокист, ки ин кишвар мехоҳад ба ҳар роҳу василае шумори бештари кишварҳои пасошӯравиро ба ин иттиҳоди нави сохтааш ҷалб кунад: “Тақрибан нисфи мардони қобили кори Тоҷикистон дар канори ҳар сокини шашуми Узбакистон дар Русия кор мекунанд. Аз 1 январ Русия барои муҳоҷирон аз кишварҳое, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё нестанд, супурдани имтиҳони таърих ва забони русиро талаб гузошт. Шаҳрдории Маскав ҳаққи патент барои муҳоҷирон аз ин кишварҳоро якбора се маротиба боло бурд. Ва ин ҳама ба доно як ишора аст.”

Дар Русия аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон, ҳамин миқдор аз Қирғизистон ва бино ба ҳисобҳо, то 5 миллион нафар аз Узбакистон кор мекунанд. Мақомоти муҳоҷирати Русия мегӯянд, дар ҳафтаи аввали соли 2015 вуруди муҳоҷирон ба Русия 70 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла бо “шарофат”-и маҳдудиятҳои тозае, ки ин кишвар аз соли нав дар роҳи муҳоҷирони хориҷӣ эҷод кардааст.

Ахиран Бонки миллии Тоҷикистон эътироф кард, ки ба далели "вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони савдо, тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ" суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2014 нисбат ба як соли қабл сусттар шуда, ҳамагӣ 6,7 дарсадро ташкил додааст.

Аммо аз нигоҳи қурби имрӯзаи доллар, 45,6 миллиард сомонӣ (бо қурби имрӯза , чизе бештар аз 8 миллиард доллар) маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2014 назар ба 40,5 миллиони соли 2013, ки бо қурби он вақт 8,5 миллиард доллар мешуд, тақрибан ним миллиард доллар доллар камтар аст. Қурби сомонӣ дар як соли пеш зери 5 сомонӣ буд ва ҳоло ҳудудан 5 сомонию 65 дирам шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG