Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҳир Мӯъминов аз вазифаи сармураббии дастаи футболи лигаи олии Тоҷикистон – «Энергетик»-и Душанбе сабукдӯш шуд.

Бино ба иттилоъи сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), раҳбарияти бошгоҳи футболи «Энергетик» аз хидмати Тоҳир Мӯъминов даст кашидааст.

Ба гуфтаи Ҳотам Холмуродов, раиси бошгоҳи футболи «Энергетик», сабаби аслии истеъфои Тоҳир Мӯъминов натоиҷи ғайриканоатбахши даста мебошад. Ҳамид Каримов, ки мураббии калони «Энергетик» буд, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста таъин шудааст.

Тоҳир Мӯъминов аз моҳи августи соли гузашта сармураббии дастаи «Энергетик» буд. Бо раҳбарии ӯ «Энергетик» дар мавсими имсола дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар 11 бозӣ карда, дар 4 бозӣ пирӯз шуда, 2 бозиро мусовӣ карда, дар 5 бозӣ мағлуб шудааст. «Энергетик» дар айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот бо 14 имтиёз дар ҷойи 5-ум мебошад. «Энергетик» бозии даври 14-уми мусобиқотро рӯзи якшанбе, 22-юми сентябр, соати 16:00 дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе бо дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров анҷом медиҳад.

Душанбегиҳо дар Ҷоми Тоҷикистон то чорякфинал баромада, аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (0:2 ва 1:2) шикаст хӯрданд. Бояд гуфт, ки Тоҳир Мӯъминов барои дувумин бор аст, ки аз вазифаи сармурабии дастаи «Энергетик» барканор мешавад. Вай бори аввал соли 2008-ум ба истеъфо рафта буд.

Ин шашумин истеъфои сармураббии дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими имсола мебошад. Аз ин пеш сармураббиёни дастаҳои ССКА «Помир» (Ҳусейн Шодиев), «Хайр»-и Ваҳдат (Юсуф Абдуллоев), «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (Маҳмадҷон Ҳабибуллоев), «Истиқлол» и Душанбе (Никола Кавазович) ва «Истаравшан»-и Истаравшан (Шӯҳрат Шамсиев) бо сабабҳои мухталиф, вале асосан ба ҳамин далели натиҷаҳои ғайриқаноатбахши дастаҳояшон аз вазифа сабукдӯш шуданд.
XS
SM
MD
LG