Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "маняк"-и тоҷик дар Екатеринбург ба додгоҳ рафт


Матбуоти Русия дар бораи ба додгоҳ рафтани парвандаи як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба таҷовуз ба номус ва ғорати дастикам 10 зан дар шаҳри Екатеринбург айбдор мешавад.

Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти вилояти Свердловски Русия ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки тафтиши парвандаи як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва дуздиву ғорати молу чизи дастикам 10 зан дар шаҳри Екатеринбург, маркази ин вилоят, анҷом ёфта, барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Орҷоникидзеи ин шарҳ супурда шудааст. Ба гуфтаи мақомоти тафтишоӣ, ин шаҳрванд аз моҳи августи соли 2012 то октябри соли 2013 дар Екатеринбург ба номуси дастикам 10 зан таҷовуз кардааст. Бино ба гузоришҳо, яке аз ҷабрдидаҳо ноболиғ буда, ду зани дигар баъди ҳамла ва таҷовуз ба номусашон ақли худро бохтаанд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш нашр нашудааст, моҳи октябри соли 2013 дар пайи як амалиёти мақомот дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Екатеринбург боздошт шуда буд. Ҷабрдидаҳо таҷовузкорро ба мақомоти тафтишотӣ як марди зоҳиран муҳоҷири корӣ ва бо қиёфаи осиёӣ тасвир кардаанд ва мақомот тавре Кумитаи тафтишоти вилояти Свердловск мегӯяд, ба хотири пайдо кардани ӯ амалиёти густардаеро ба роҳ андохтанд.

Дар ҷараёни ин амалиёт беш аз 150 муҳоҷир аз кишварҳои пасошӯравӣ дастгир шуда, дар натиҷаи ташхиси тиббии ҳамаи онҳо муяссар шуд, ки марди таҷовузкорро маълум ва боздошт кунанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сомонаи маҳаллии “Владтайм.Ру” менависад, ки аксари ин ҷиноятҳо дар нимаи шаб содир мешуданд: “Маняк намояндагони танҳои ҷинси заифро мепоид ва ба онҳо ҳамла оварда, сахт лату кӯб мекард ва сипас ба номусашон мерасид.”

Бино ба гузориши “Новости регионов России”, “аз ин маняки бераҳм танҳо ду зан тавонистаанд наҷот биёбанд. Дар мавриди авваляк хонумро соаташ наҷот дода, дар мавриди дувум як зан бо фарёди баланд манякро тарсондааст. Ҷинояткор занонро нафақат мезаду таҷовуз мккард, балки тамоми пули онҳоро низ ба ғорат мебурд. Бузургтарин маблағе, ки ӯ аз қурбониҳояш ба даст овардааст, 17 000 рубли русӣ буд.”

Ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми силсилаи таҷовузҳо ба номуси занони маҳаллӣ нест.

"Маняк"-ҳои тоҷик дар ҷангалҳои Русия

Матбуоти Русия моломоли хабару гузоришҳо бо сарлавҳаҳои пурсарусадое, чун “Тоҷик кампири 78-соларо таҷовуз кардааст”, “Гастарбайтери тоҷик ба номуси ду зани раҳгузар расид”, “Тоҷик фурӯшандаи дӯконашро таҷовуз кард”, “Тоҷикҳо як хонандаи мактабро ҳам ғорат ва ҳам таҷовуз карданд” ва амсоли ин аст.

Ҳамин тавр, дар чанд маврид шаҳрвандони тоҷик дар силсилаи ҳамлаҳо бо қасди таҷовуз ба номус гумонбар шуда, дар матбуоти Русия ҳамчун “тоҷики маняк” лақаб гирифтаанд. Дар соли 2010 низ як тоҷик дар Екатеринбург ҳамчун “маняк” дастгир шуда буд.

Ҳамин тавр, дар соли 2012, баъди як силсила таҷовузи занон дар як ҷангалистон дар минтақаи Бутовои шаҳри Маскав “маняки Бутово” ба як қаҳрамони дигари матбуоти рус табдил ёфт. Дар моҳи ноябр зодаи шаҳри Кӯлоб Қурбонмад Зариповро бо гумони даст доштан дар ин силсилаи ҳамлаҳо дастгир карданд. Зарипов бо як чеҳраи тарсолуда дар зери шуоъи даҳҳо камера дар додгоҳ гуфт, ки айбдор нест, балки ҳамагӣ моҳе пеш аз Тоҷикистон омада, нодониста телефони яке аз ҷабрдидаҳоро аз даст харидааст. Ба дунбол, дар оғози соли 2013 эълон шуд, ки “маняки Бутово” гӯё аз Доғистон будааст. Баъдан ин фарзия ҳам рад шуд, вале ин доғ, ки занони русро дар ҷангали Бутово гӯё ба истилоҳ "сиёҳ"-ҳо (лақаби дар Русия роиҷи зодагони Қафқозу Осиёи Марказӣ) таҷовуз мекунанд, тавассути матбуоти Русия хеле таблиғ шуд.

XS
SM
MD
LG