Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозёфти 60 рисолаи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ


Мақбараи Мир Саиди Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб.

Мақбараи Мир Саиди Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб.

Дар Ҳамадон, зодгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, олим ва мутафаккири бузурги Шарқ, 60 рисолаи илмӣ ва фалсафии ӯ кашф шудааст.

Ҳотамшо Асозода, раиси кулли маҷмааи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб ва муҳаққиқи зиндагиномаи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, рӯзи душанбеи 11-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "хабари кашфи 60 рисолаи илмӣ - фалсафии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, тавассути Алиасғар Шеърдӯст, сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон ба ӯ расидааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Асозода, "ин рисолаҳо дар замони дар ҳаёт будани Мирсаид Алии Ҳамадонӣ эҷод шудаанд, аммо баъдан бо роҳҳое ба Эрон бурда шудаанд. Гуфта мешавад, пас аз бозёфт, рисолаҳо ба осорхонаи Теҳрон оварда шуда ва он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд.



Ҷаноби Асозода мегӯяд, "дар пайи музокирот бо донишмандони эронӣ, қарор шуд, дар ояндаи наздик сафаре ба Теҳрон дошта бошам ва нусхаҳои ин рисолаҳоро ба Тоҷикистон биорам".

Раиси кулли маҷмааи осорхонаҳои шаҳри Кулоб бар ин аст, ки "истифода аз ин рисолаҳо, ки арзиши баланди илмӣ доранд, барои донишҷӯёну муҳаққиқон ва донишмадони тоҷик пураҳамият хоҳад буд."

Хабари бозёфти 60 рисолаи нави илмӣ ва фалсафии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар зодгоҳаш - Ҳамадон дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои таҷлили 700 солагии зодрӯзи ин шахсияти таърихиву фарҳангӣ дар соли 2015, омодагиҳо дорад.

Ҳамакнун ЮНЕСКО ё Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ низ дар канори таҷлили 3000 солагии Ҳисор ва 100 солагии оҳангсози саршиноси тоҷик - Зиёдулло Шаҳидӣ, ҷашни 700 солагии Мирсаид Алии Ҳамадониро низ баррасӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки бузургдошти 680-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ 20 сол қабл дар соли 1995 дар Тоҷикистон таҷлил гардид, ки ба ин муносибат бо маблағгузории Эрон дар канори мазори Алии Ҳамадонӣ осорхонаи ӯ таъсис ва ноҳияи Маскави минтақаи Кӯлоб ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ номгузорӣ шуд. Инчунин, дар рӯи пули миллии арзиши 10 сомонӣ низ акси ин мутафаккир нашр гардидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG