Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калонтарин меҳмонхонаи дунё дар Макка сохта мешавад


Калонтарин меҳмонхонаи ҷаҳон дар шаҳри Маккаи мукаррама дар Арабистони Саудӣ бунёд мешавад ва дорои 10 ҳазор утоқ ва 70 ресторан хоҳад буд.

Калонтарин меҳмонхона дар ҷаҳон қарор аст, то соли 2017 дар шаҳри Макка дар Арабистони Саудӣ бунёд шавад. Ба навиштаи расонаҳои саудӣ, бунёди ин меҳмонхона 3,6 миллиард долларро дар бар хоҳад гирифт ва он дорои 10 ҳазор утоқ ва 70 ресторан хоҳад буд.

Ин меҳмонхона пас аз такмил шудан, масофаи як миллиону 400 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад ва шумораи афроде, ки дар он ҷой мегиранд, ба андозаи сокинони як шаҳраки хурд хоҳанд буд. Дар ин меҳмонхона бунёди маркази савдо, маҷлисгоҳ, ҷои фуруди чархбол, тафреҳгоҳ, тавқифгоҳи автобус дар назар гирифта шудааст. Аз маҷмӯи 12 бурҷ, даҳ бурҷ хадамоти иқоматии чаҳор ситораӣ ва ду бурҷ низ хадамоти панҷситораӣ ироа мекунанд.

Ин меҳмонхона аз сӯи вазорати молияи Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мешавад ва онро гурӯҳи сохтмонии Дор-ул-ҳандаса бунёд мекунад. Мақомоти Саудӣ ҳадаф аз бунёди ин меҳмонхонаро фароҳам овардани шароити беҳтар барои зоирони хонаи Худо гуфтаанд.

Ин меҳмонхона дар ду километрии шаҳри Макка бунёд мешавад ва солона мизбони ҳудуди 2 миллион зоирони хонаи Худо хоҳад буд. Дар сурати сохта шудан, он калонтарин меҳмонхона дар ҷаҳон хоҳад буд. Гуфта мешавад, ки ин бино тибқи меъмории суннатӣ бунёд мешавад ва дорои 45 табақа хоҳад буд. Дар болои ин меҳмонхона низ калонтарин гунбазҳои ҷаҳон сохта мешавад.

Дар ҳоли ҳозир калонтарин меҳмонхона аз назари шумораи утоқҳо, меҳмонхонаи ("The Venetian Las Vegas + The Palazzo) бо 7117 утоқ дар шаҳри Лас Вегас, ҳамчунин меҳмонхонаи дигар дар ҳамин шаҳр (MGM Grand Las Vegas) бо 6852 утоқ ва меҳмонхонаи Firsт World Hotel дар Малайзия бо 6118 утоқ мебошанд.

XS
SM
MD
LG