Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин дастаҳои футбол ба ривояти IFFHS


Федератсияи байналмилалии таърих ва омор (IFFHS) феҳристи ҷамъбастии ҷаҳонии бошгоҳҳои футболро барои соли 2013 нашр кард.

Дар садри ин феҳрист тими «Бавария», ки соли 2013 қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Олмон, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо, инчунин, Суперкубок ё Ҷоми олии УЕФА ва ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бошгоҳҳо гардид, қарор дорад.
Бояд гуфт, ки дар тамоми таърихи феҳристи ҷамъбастии IFFHS барои аввалин бор дар он тими олмонӣ пешқадам аст. Ҳамчунин ба сегонаи аввал «Реал»-и Испания ва «Челси»-и Инглистон шомил шуданд.
Аз бошгоҳҳои Русия «Рубин»-и Қазон дар мақоми болотар – 11-умро касб кардааст. «Зенит»-и Санкт-Петербург дар ҷойи 29-ум, «Кубан»-и Краснодар дар ҷойи 90-ум, «Анжи»-и Махачқалъа дар ҷойи 147-ум ва ССКА-и Маскав дар ҷойи 186-ум қарор доранд.

Дар байни 100 бошгоҳи беҳтарин чаҳор дастаи Украина ҷойгир шудааст. «Шахтёр»-и Донетск дар ҷойи 62-юм, «Черноморетс»-и Одесса дар ҷойи 65-ум, «Динамо»-и Киев дар ҷойи 74-ум ва «Днепр»-и Днепропетровск дар ҷойи 75-ум қарор гирифтаанд.

Аз бошгоҳҳои осиёӣ «Гуанҷоу Эвергранд»-и Чин дар мавқеи болотар - 34-ум қарор дорад. Инчунин дар байни 200 бошгоҳи беҳтарин «Бунёдкор»-и Узбакистон (ҷойи 172-юм) ҷойгир шудааст.

Даҳ дастаи беҳтарини ҷаҳон:
1. «Бавария» (Олмон)
2. «Реал» (Испания)
3. «Челси» (Инглистон)
4. «Атлетико» (Испания)
5. «Барселона» (Испания)
6. «ПСЖ» (Фаронса)
7. «Базел» (Швейтсария)
8. «Атлетико Минейро» (Бразилия)
9. «Тоттенҳэм» (Инглистон)
10. «Бенфика» (Португол)
Федератсияи байналмилалии таърих ва омор (IFFHS), инчунин, даҳ довари беҳтарини соли 2013-ро эълон кард.

Ҳовард Уэбб, довари инглис, бо касби 102 имтиёз барои дувумин бор беҳтарин довари сол гардид.
Ҳовард Уэбб, довари инглис, бо касби 102 имтиёз барои дувумин бор беҳтарин довари сол гардид.
Ҳовард Уэбб, довари инглис, бо касби 102 имтиёз барои дувумин бор беҳтарин довари сол гардид. Дар байни даҳ нафар беҳтаринҳо, инчунин, Равшан Ирматов, довари узбакистонӣ, дохил шудааст.

Даҳ довари беҳтарин аз рӯи ривояти IFFHS:
1. Ҳовард Уэбб (Инглистон) – 102 имтиёз
2. Никола Ритсоли (Италия) – 82
3. Виктор Кашшаи (Маҷористон) – 53
4. Феликс Брих (Олмон) – 42
5. Ҷюнейт Чакир (Туркия) – 40
6. Бйорн Куйперс (Ҳолланд) – 38
7. Педру Проэнса (Португол) – 35
8. Равшан Ирматов (Узбакистон) – 29
9. Карлос Веласко Карбалйо (Испания) – 22
10. Ҷанлука Рокки (Италия) – 17.
XS
SM
MD
LG