Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин мураббӣ, бозигар ва довари моҳи март


Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин мураббӣ, беҳтарин бозигар ва беҳтарин доварро дар моҳи март муайян кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои моҳи март аз рӯи натоиҷи бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Суперҷоми кишвар муайян шуданд.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Дэвид Мауто, ҳамлагари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин довар дар моҳи март эълон шуданд. Ба беҳтаринҳои моҳи март ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG