Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои "Бохтар". Тетис Петролиум даъвои зидди даъво бурд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати "Тетис Петролиум" алайҳи ду коршарикаш дар Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ шикоят бурдааст. Ин ширкат рӯзи 5-уми сентябр бо нашри изҳороте гуфт, ки аз ширкати чинии CNPS ва Total-и фаронсавӣ 10,1 миллион доллар ҷуброн талаб дорад.

Ин баҳс баъди он бархост, ки CNPS ва Total - ду ширкати бузурги нафтии ҷаҳон, "Кӯлоб Петролиум”, ширкати хурди нафтӣ ва тобеи "Тетис Петролиум"-ро барои иҷро накардани ӯҳдадориҳояш ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ кашида буданд. “Кӯлоб Петролиум”- ширкати тобеи “Тетис Петролиум” бо СNPC ва Total сари тарҳи истихроҷи кони нафту гази Бохтар, дар ҷануби Тоҷикистон, бо ҳам коршариканд.

Моҷарои ин се ширкат ҳам сари сармоягузориҳост. Ба иддаои СNPC ва Total, «Кӯлоб Петролиум» уҳдадор шуда буд, ки барои тарҳи Бохтар 2 миллион доллар саҳм гузорад. Аммо, ба гуфтаи онҳо, “Кӯлоб Петролиум» тақрибан 2 миллион доллар саҳми худро барои иҷрои тарҳи "Бохтар" надодааст ва бо вуҷуди дархостҳои батакрори “Тотал” ва "СNPC" аз иҷрои тарҳ хориҷ нашудааст ва ҳам намехоҳад, саҳмияҳои худро дар ихтиёри ин ду ширкат гузорад. Дар тарҳи "Бохтар" ин ду ширкати бузург 33.335-дарсадӣ ва “Кӯлоб Петролиум» 33.33 дарсадро дар ихтиёр дорад.

Тарҳи истихроҷи нафту гази “Бохтар” дар Тоҷикистон яке аз тарҳҳои бузургест, ки ду ширкати азими ҷаҳонӣ мехоҳанд, дар он саҳм бигиранд.

Майдони нафту гази “Бохтар” дар вилояти Хатлон дар миқёси 35 ҳазор километри мураббаъ, ба гуфтаи “Тетис Петролиум”, яке аз майдонҳои бузурги дастнохӯрдаи нафт аст ва мумкин аст то 27 миллиард бушка нафт ва миллиардҳо метри мукааб гази табиӣ дорад.

СNPC - Ширкати миллии нафту гази Чин ва чаҳорумин ширкати бузурги ҷаҳонӣ ва "Тотал" яке аз ҳафтумин ширкати бузурги ҷаҳонии истихроҷи нафту газ ба ҳисоб меравад.

Тафсилоти ин моҷаро ба зудӣ нашр мешавад

XS
SM
MD
LG