Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати “Тетис Петролиум”, ки дар Канада сабти ном шудааст, марҳилаи нави корҳои иктишофӣ барои пайдо кардани захираҳои бузурги нафт ва гази Тоҷикистонро оғоз кардааст.

Мақомоти ширкати “Тетис Петролиум” рӯзи 30-уми октябр бо нашри як баёнияи катбӣ гуфтанд, ки корҳои иктишофӣ ва сейсмикӣ барои муайян кардани ҷои буриши чоҳи амиқ дар ҷануби Тоҷикистон оғоз шуд ва онҳо “хушҳоланд, таҳқиқи чунин майдони бузурги ояндадори нафту газ”-ро шурӯъ кардаанд.

“Тетис Петролиум” соли 2012 эълон кард, ки таҳқиқу корҳои иктишофӣ нишон додааст, ки эҳтимолан дар майдони Бохтар дар вилояти Хатлон ва ҷануби Тоҷикистон 3.22 триллион мукааб газ ва 8.5 миллиард бушка нафт дорад, ки аз захираҳои бузурги ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Майдони ояндадори нафту гази “Бохтар” дар қаламрави 35 ҳазор километри мураббаъ ва дар ҳавзаи Тоҷикистону Афғонистон ва дар ғарби кӯҳҳои Помир ҷойгир шудааст. Барои иктишофу истихроҷи ин майдон ҳамроҳ бо ширкати “Тетис”, Ширкати миллии иктишофу истихроҷи газу нафти Чин ва ширкати фаронсавии “Тотал”кор мекунанд.

Майдони “Бохтар” 300 километр дуртар аз сарҳади Чин воқеъ шудааст, ки иштиҳои он ба газу нафт сол ба сол зиёд мешавад. Ин кишвар ваъда додааст, ки дар ноҳияи Данғара як корхонаи бузурги полоиши нафт месозад, ки метавонад дар як сол то 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафтро тасфия кунад.

Аммо кашфу истихроҷи газу нафти Тоҷикистон мисли истихроҷи газ дар Туркманистон ва ё Узбакистон осон нест, чун ба гуфтаи мутахассисон ин захираҳо дар умқи аз 5 то 6 ҳазор метр ҷойгиранд ва барои гирифтани ин сарват технологияҳои муосир ва кори зиёд лозим аст.

Ширкати Тетис дар гузашта гуфтааст, ки барои буриши чоҳҳои амиқ ба Тоҷикистон пармаҳои пешрафта ворид кардааст. Мутахассисони Тоҷикистон дар гузашта дар шимоли кишвар дар майдони нафт дар Ашт чанд чоҳе парма карда ва нишонаҳои нафту газ дар ин минтақаро пайдо кардаанд, вале қабати сахти намак монеи буриши амиқ ва расидан ба ҳадафи аслӣ шудааст.

Аз се чаҳор соли пеш ширкатҳои бузурги нафтӣ дар ҷаҳон ба манобеи Тоҷикистон чашм дӯхтаанд, аз ҷумла "Газпром"-и Русия ва барои иктишофу таҳқиқи ин сарватҳои табиӣ кор мекунанд, вале то кунун ҳеҷ яке аз онҳо ба кашидани газу нафт шурӯъ накардааст. Узбакистон таъминкунандаи аслии гази Тоҷикистон низ аз соли 2012 маҷрои газ ба кишварро баст ва Тоҷикистон ҳоло фақат аз Қазоқистону Русия гази моеъ ворид мекунад.

Масалан, дар 9 моҳи соли равон Тоҷикистон аз ин ду кишвар 168 ҳазору 82 тонна гази моеъ харидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазор тонна зиёдтар аст. Қатъи маҷрои гази Узбакистон ширкати “Талко”, корхонаи бузурги алюмингудозии Тоҷикистонро ҳам маҷбур кард, бо истифода аз технологияҳои дигар аз ҷумла ҳосил кардани газ аз таркиби ангишт кори худро пеш барад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG