Пайвандҳои дастрасӣ

Савол аз муҳоҷирон: Иван Грозний беозор буд, хашмгин ё озодихоҳ?


Имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Рӯзномаҳои русӣ намунаи пурсишҳо аз имтиҳони таърихи Русияро, ки аз муҳоҷирони кории хориҷӣ талаб карда мешавад, ба нашр расонидаанд.

Рӯзномаи русии «Известия» дар шумораи рӯзи 8 августи худ аз панҷ як ҳиссаи суолҳое, ки муҳоҷирони кории хориҷии сар аз соли оянда ҳини имтиҳон ба он рӯбарӯ хоҳанд шуд, чоп кардааст.

Дар назар аст муҳоҷирони корӣ, ҳатто онҳое, ки корҳои сиёҳ, аз ҷумла рӯфтурӯби кӯчаҳоро анҷом медиҳанд, дар имтиҳонҳое, ки барои онҳо муайян шуда, ба 20 суол аз таърихи 1000-солаи Руси Киев, истилои муғул, ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ посух гӯянд.

Намунаи имтиҳонҳо, ки дар ин рӯзномаи ҳаводори Кремлин ба чоп расидааст, аз муҳоҷирони корӣ, ки аксарияти онҳо аз

Муҳоҷирони боздоштшуда дар Красноярск.

Муҳоҷирони боздоштшуда дар Красноярск.

кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқози ҷанубӣ ҳастанд, тақозо мекунад, ки бо акси Болшой Театр, номи охирин подшоҳи Русия ошно бошанд ва дар бораи хадамоти ройгон дар замони ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳрвандонаш, маълумот дода тавонанд.

Дар яке аз пурсишҳо аз ҷумла омадаст ки Ивани чаҳорумро бо кадом сифатҳо мешиносанд “Ивани беозор, Ивани хашмгин ё Ивани озодихоҳ? Дар суолҳои таърих ҳамчунин омадааст, ки Муҳорибаи Куликово кай рух додааст ва дар аҳди кадом подшоҳ дар асри 18 Қрим ба Русия ҳамроҳ шудааст.

АММО БАРОИ ЧӢ ИН ҲАМА?

Муҳоҷирони корӣ ихтиёр доранд, ки сар аз моҳи сентябр ин имтиҳонҳоро супоранд. Аммо аз аввали моҳи январи соли 2015 онҳо қонунан бояд барои дарёфти иҷозаи кор, сертификати комёбӣ дар ин имтиҳонҳоро пешкаш кунанд. Сертификатҳои расмӣ тақрибан ҳудуди 90 долларанд.

То ба ҳол рӯшан нест, то чӣ андоза ин имтиҳонҳо мушкилиҳо дорад ва чӣ пурсида мешавад. Намунаи суолҳо, ки дар "Известия" ба нашр расидааст, пешниҳод мекунанд, ки муҳоҷирон ҳаққ доранд аз қомуси истилоҳоти таърихӣ дар ҷараёни имтиҳон истифода баранд.

Донишгоҳи Дӯстии халқҳои Русия, ки дар омода кардани суолномаҳо саҳм дорад, мегӯяд, сар аз моҳи сентябри суолномаҳо онлайн нашр хоҳанд шуд. Муҳоҷирон 35 дақиқа фурсат доранд, ки ҷавобҳои дуруст аз нодурустро ташхис диҳанд.

Муҳоҷир дар нақши қаҳрамони филми кӯдакона ҳангоми танаффус

Муҳоҷир дар нақши қаҳрамони филми кӯдакона ҳангоми танаффус

Имтиҳони таърих идомаи имтинҳони забони русӣ аст, ки аз соябри соли 2012 аз муҳоҷирони кории хориҷӣ гирифта мешавад. Ин раванд дар пайи афзоиши бегонаситезӣ дар ҷомеаи Русия ва муҳоҷирати рӯзафзун ба он кишвар, рӯи даст гирифта шудааст.

Имтиҳони забони русӣ иборат аз 15 дақиқа хондани матни русӣ, 10 дақиқа гуфтугӯ бо ин забон, ҳамчунин чанд суол оид ба имлои забони русиро дар бар мегирад, то яқин ҳосил шавад, ки ҳадди аққал муҳоҷирон тавони пур кардани форми оддӣ ё ариза барои корро доранд.

Афроди баландихтисос, донишҷӯён ва хатмкардагони донишгоҳҳои расмии сабтиномшуда аз ин имтиҳон озоданд. Мунтақидон ҳушдор медиҳанд, ки ин имтиҳонҳо расмиёти нозарурро ба вуҷуд оварда, имкони фасодро бештар мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG