Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Гурӯҳи А.Маханов мехост ВКД ва КДАМ-ро битарконад"


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳи 10-нафараи муташаккил ва мусаллаҳи марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷамоаи Ансоруллоҳро боздошт кардааст.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳи 10-нафараи муташаккил ва мусаллаҳи марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷамоаи Ансоруллоҳро боздошт кардааст. Як манбаъи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи, ба гуфтаи ӯ, "террористӣ" мехост дар ҳудуди пойтахт ва атрофи он як қатор амалҳои тахрибкорӣ, таркишу гаравгонгирӣ ва инфиҷорро анҷом дода, аз ҷумла биноҳои ниҳодҳои қудратиро битарконад. Бино ба ин манбаъ, онҳо чанд ҷавонро ба ин созмонҳо ҷалб намуда, мехостанд онҳоро ба мактабҳои "террористӣ" дар хориҷи мамлакат сафарбар намоянд.



Ин манбаъ мегӯяд, роҳбарии ин гурӯҳи террористиро шаҳрванди Тоҷикистон Алимурод Маханов, бо тахаллуси «Устод», соли таваллудаш 1984, зода ва сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба зимма доштааст. Ӯ таълимоти низомиро дар минтақаи Вазиристони Покистон гирифтааст. Ин нафар ба тафтишот эътироф кардааст, ки соли 2011 бо роҳбарони Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷамоаи Ансоруллоҳ байъат карда, амири ин гурӯҳ дар Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ба ҳамин минвол, манбаи мо мегӯяд, Алимурод Маханов дар кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе барои аъзои гурӯҳаш хонаҳоро ба иҷора гирифта, ки ҳангоми тафтишот аз онҳо ду таппончаи тамғаи «Макаров» бо тирдон ва тирҳояш, адабиёти диниву ифротӣ, нақшаҳои таркиш ва тарзи тайёр намудани маводи тарканда, воситаҳои мухобира, ноқилҳои гуногун, лавозимоти ҳарбӣ, сарулибоси ҷангӣ ва таҷҳизоти дигар барои содир намудани амалҳои тахрибкорӣ дарёфт ва мусодира шудаанд. Аз ҷумла ин гурӯҳ мехостааст дар оғоз 4 дарвозаи шаҳри Душанберо тарконад, то ба ин минвол таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб намояд. Ва дар нақшаҳои навбатии онҳо ташкили инфиҷор дар маҳалли ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ва дигар идораҳои ҳукуматӣ будааст.

Ин манбаъ гуфт, бо мусоидати шахсии «Устод» - Алимурод Маханов "аз бемаърифатии ҳуқуқӣ ва бесаводии динии ҷавонон" истифода намуда, онҳоро ба "мактабҳои террористӣ" ба хориҷа мефиристодааст. Бино ба ин манбаъ, ин нафар ба тафтишот эътироф кардааст, ки ҳадаф аз фаъолиятҳои террористии онҳо ноамн кардани вазъ дар Тоҷикистон ва эътироз алайҳи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дар баробари мусулмонон, аз ҷумла бастани масҷидҳо, манъи ҳиҷоб ва ғайра аст.

Манбаъи Озодӣ мегӯяд, ҳоло ҳудуди 10 узви ин гурӯҳ боздошт шудаанд ва коршарикони онҳо ҳам ошкор шуда, таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд.

Мақомот аз ҳар нав шарҳи расмии ин қазия худдорӣ мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи интернетии худ хабар додааст, ки тафсилоти боздошти ин гурӯҳро соати 21-00, шоми имрӯз тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш медиҳад.

Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи 6 ноябр таъйин шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар пешбарии номзадҳо идома дошта, то имрӯз 6 нафар, аз ҷумла раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки зоҳиран барои касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат вориди мубориза хоҳад шуд, ва фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи мухолифин расман пешбарӣ шудаанд.

Дар арафаи тақрибан ҳар маъракаи сиёсии муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар пешорӯи интихоботҳояш вуқӯъи як ё якчанд таркиш, ягон ошӯби маҳдуд ва «идорашаванда» ва ё гузоришҳои мақомот дар бораи хунсо кардани талоши «ҳамлаҳои террористӣ» ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷараёни муҳокимаи парвандаҳои вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов ва фармондеҳи пешини Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев, ки бо ҷароиме сангине, чун «терроризм» ва «хиёнат ба ватан» аввалӣ ба муддати 15 сол ва дувумӣ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз ҷумла иддао мешуд, ки онҳо дар пиёда кардани чунин таркишҳо дар остонаи интихоботҳо дар поёни солҳои 90 даст доштанд.

Аммо дар маҳофил бо таҷриба аз маъракаҳои таблиғотии моҳҳои охири мақомоти расмӣ, ки як қартаи асосиаш ҳушдор додани мардум аз эҳтимоли такрори нооромиҳои даврони ҷанги шаҳвандист, эҳтимоли нақши омили таблиғ дар ин хабари ахир дар бораи хунсо шудани «як гурӯҳи террористӣ»-ро сарфи назар намекунанд. Вале аз тарафи дигар, ба гуфтаи як мусоҳиби мо, бо таваҷҷӯҳ ба хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон то як соли дигар ва фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабие, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ансоруллоҳ, ки дар Интернет дар бораи фаъолиятҳои ҷангиаш ҳатто як сомонаи вижа бо забони тоҷикӣ боз кардааст, ин эҳтимолро, ки гурӯҳҳое метавонанд ба ноором кардани вазъи Тоҷикистон дар остонаи интихоботаш иқдом кунанд, низ наметавон комилан аз эътибор соқит кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG