Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат шеваҳои бозпурсии CIA-ро бад, бераҳмона ва бефоида номид


Кумитаи Сенати Амрико ба ин хулоса расид, ки шеваҳои бозпурсии маъмурони Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё CIA “бераҳмона”ва “хеле бадтар” аз ончӣ дониста мешуд, буда, дар кашфи иттилоъ фоида надоштаанд.

Бар пояи ин ҳисоботи Кумитаи иттилоооти сенат, ки рӯзи 9-уми декабр нашр шуд, усулҳои тақвиятёфтаи бозпурсиҳои CIA“абзори босамаре барои гирифтани иттилооти дуруст ё ба даст овардани ҳамкории боздоштшуда” набудааст.

Дар гузориш тарзи бозпурсии гумонбаршудагони Ал-Қоида аз тарафи CIA дар маконҳои махфӣ дар Аврупо ва Осиё дар солҳои пас аз ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентябри соли 2001-ум, таҳқиқ шудаанд. Он CIA-ро муттаҳам мекунад, ки “сиёсатгузорон ва дигаронро” дар бораи ҳадди бераҳмӣ зимни бозпурсии гумонбарони терроризм гумроҳ кардаанд.

Дар ин гузориш омадааст, бо вуҷуди ҳушдори пизишкони Хадамоти Истихборотии Амрико аз хатари ҷароҳат бардоштани муттаҳамон, маъмурони амниятӣ аз чунин бозпурсӣ даст накашидаанд.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама, ҷузъиёти гузоришро “нороҳаткунанда” хонд ва гуфт, вай шиканҷаро баъд аз расиданаш ба сари қудрат ҳамчун падидаҳое зидди арзишҳои кишвараш манъ кардааст.

Обама гуфт, ин тарзи кор “ба мавқеи Амрико дар ҷаҳон зарбаи харобиовар зад ва бовар додан ба ҳампаймонҳо ва коршарикони онро ба ҷиддитар дунбол кардани манфиатҳои мо мушкилтар кард.” Вай афзуд: “Ба хотири ҳамин ман ҳокимияти худро ҳамчун президент барои он идома медиҳам, ки чунин усул дигар ҳаргиз зарур наояд.”

Гузориши иборат аз 6000 сафҳа натиҷаи пажӯҳиши панюсолаи Кумитаи Иттилооти Сенат аст, ки таҳти сарварии сенатори демократ Даяна Фейнштейн ҷараён гирифтааст.

Рӯзи 9-уми декабр танҳо нусхаи таҳриршудаи хулосавии он дар ҳаҷми 525 сафҳа ба нашр расид.

CIA ва мақомоти баландпояи ҳукумати ИМА аз шеваҳои бозпурсӣ ҳамчун роҳи босамари пешгирӣ аз чандин тарҳи ҳамлаи терорристӣ ҳимоят карданд.

Қонунгузорони аршади ҷумҳурихоҳ хулосаеро, ки усулҳои бозпурсии CIA барои дарёфти иттилоъ ва боздошти чеҳраҳои калидии террорист ноком будаанд, ба баҳс кашиданд.

Раҳбари ҷумҳурихоҳони сенат Митч Макконнел ва сенатор Саксбӣ Чемблисс – узви аршади кумитати иттилоот аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар як изҳороти муштарак рӯзи 9-уми декабр гуфтанд: “Иттиҳомот дар ин гузориш пурра нодурустанд.”

Сенаторҳо бори дигар нигарониҳоеро такрор карданд, ки аз тарафи мунаққидони ошкор кардани гузориш садо медод. Онҳо гуфтанд, фош кардани ин маълумот барои манфиатҳои амнияти миллии ИМА “пайомадҳои ҷиддӣ” хоҳад дошт.

Дар гузориш гуфта мешавад, боздоштшудаҳо аз хоб маҳрум карда мешуданд, сари онҳо дар об ғарқ карда мешуд, ба гулӯи онҳо беист об мерехтанд, онҳоро ба девор мезаданд, дастҳояшон соатҳои дароз дар болои сарашон баста мешуд, урён карда мешуданд ва ба сарашон кулаҳхуд гузошта шудаву баданашон бо навор печида мешуд. Танҳо яке аз гумонбарони раҳбарии Ал-Қоида бо номи Абу Зубайда 83 бор ҳолати ғарқшавиро аз сар гузаронда, як дафъа комилан ба марг наздик шудааст.

Ҳамчунин боздоштшудаҳо дар даруни қутти танг соатҳо нигаҳдорӣ мешудаанд. Онҳоро таҳдиди қатл мекардаанд ва ҳамчунин таҳдиди таҷовуз ба номуси наздиконашон.

Ҷорҷ Тенет, ки дар давраи ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001, раиси CIA буд, ба Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки хулосаи бесамарии шеваҳои бозпурсӣ дар пешгирӣ аз ҳамлаҳои нав нодуруст аст.

“Мо медонем, ки ин барнома ба боздошти сарварони Ал-Қоида ва баровардани онҳо аз майдони ҷанг ва бо ин роҳ пешгирӣ аз талафоти оммавӣ дар ҳамлаҳои нав ва ҳифзи ҳазорон ҷони амрикоӣ мусоадат кард,” – гуфт Тенет.

Вай фишори равонии зарурати пешгирӣ аз силсилаи нави ҳамлаҳоро ба бомбае монанд кард, ки ҳар рӯз дар гӯш тик-так мекард.

Фейнштейн навишт, ки “майли CIA-ро ба дарёфти иттилоъ бо ҳама гуна роҳ барои аз майдон баровардани террористҳо” мефаҳмад ва хадамот аз тарафи раҳбарони сиёсӣ ва ҷомеа шерак карда мешуд, ки аз ҳамлаи нав пешгирӣ кунад.

“Бо вуҷуди ин”, менависад Фейнштейн дар сарсухани гузориш, “чунин фишор, тарс ва интизориҳо аз эҳтимоли ҳамлаҳои нави террористӣ аъмоли афрод ё созмонеро аз номи амнияти миллӣ сафед ва бодалел карда наметавонад.”

Чанд соат пеш аз нашри гузориш вазири дифои ИМА Чак Ҳегел хабар дод, ки бо назардошти вокунишҳои ҳамлаварона ба ин ҳисобот барои нерӯҳои Амрико дар саросари ҷаҳон ҳолати омодабош эълон кардааст.

Кохи Сафед рӯзи 8-уми декабр гуфт, сафоратҳои ИМА ва дигар ниҳодҳои он дар ҷаҳон дастур гирифтаанд, ки дар баробари “баъзе аз аломатҳои хатари бузургтар” аз эҳтиёт кор гиранд.

XS
SM
MD
LG